April 2015

28 April 2015

Намунаи олии фаъолияти пурбори фарзанди фарзонаи Ватан

 «Роҳбари оқилу дурандеш, саодати дунёро ҳаргиз аз даст намедиҳад, балки онро насиби халқу миллати хеш мегардонад.» - муаррихи Руми қадим, 

                                                                                                      Тим Ливий.

Аз рўзе ки Тоҷикистон соҳибистиқлол гашт, 24 сол сипарӣ мешавад, ки то кунун миллати тоҷик ба дастовардҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ, маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, саноат ва инчунин соҳаҳои дигар ноил гардид. Бояд қайд кард, ки дар масири таърих ҳеҷ як кишвари дунё бе сарварони соҳибмаърифату равшанфикр ва дарборону мушовирони оқили дарборӣ дар роҳи рушд ва инкишофи ин ё он соҳа комёб нашудааст. Аз ин лиҳоз, кишвари куҳанбунёди мо низ дар фосилаи басо кўтоҳи соҳибистиқлолиаш бо ибтикор, донишу маҳорат, малакаи баланди роҳбарӣ ва сиёсати дурандешонаи яке аз фарзандони фарзонааш Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятиҳои бузурги замона ноил гардид.

Яке аз комёбиҳои таърихӣ, неъмати бебаҳое, ки бо шарофати ҷасорат ва қаҳрамонии Ҷаноби Олӣ миллати тоҷик мушарраф шуд, ин ҳам бошад, ки ҳанўз Тоҷикистон дар ибтидои замони истиқлолияташ зери таъсири мухолифону ифротгароёни дохилӣ ва дахолати нерўҳои иртиҷоии хориҷӣ ба ҷанги хонасўз, ҳалокатовару бародаркуш мубтало гашт, хуни шаҳрвандони бегуноҳаш рехт. Ҳатто ба ҳолате расид, ки бо кўшиши он бадгуҳарон қариб миллати тоҷик аз байн мерафт, таҳдиди аз байн рафтани халқи тоҷик расид. Аммо чи тавре олим ва адиби мутабаҳҳири тоҷик Умари Хайём мефармояд, онҳо ба мақсади нопоки хеш нарасиданд:

Бадхоҳи касон ба ҳеҷ мақсад нарасад,
Як бад накунад, ки бар сараш сад нарасад.
Ман неки ту хоҳаму ту хоҳи бади ман,
Ту неки набиниву ба ман бад нарасад!

Бинобар ин, ҳанўз дар лаҳзаҳои ҳассосу фоҷиабор, ки миллати тоҷик зери хатар бо мақсади наҷоти ҷони худу пайвандонаш кишварро тарк мекарданд, фарзанди нотарсу сарсупурдаи миллат, шахси поквиҷдону меҳандўст Эмомалӣ Раҳмон худро зери нишони тири мухолифин гузошта, ба арсаи сиёсат қадами қавӣ ниҳод ва Тоҷикистони азизу миллати номдори тоҷикро аз вартаи ҳалокат раҳоӣ дод.

Чунончи имрўз дар саросари олам миёни як қатор мамолики араб, кишварҳои Аврупо ба монанди Укроин ҷангу хушунат ва қатлу куштори зиёде ба назар мерасад ва ҳамзамон кишварҳои ҷангзада дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ меафзоянд, аҳамияти сулҳи тоҷикон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бештар мешавад.

Дар бобати корномаи сарвари кишвари тоҷикон Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон соатҳо ҳарф зад, зеро Тоҷикистони тозаистиқлол дар ин давраи на чандон тўлонӣ ба дастовардҳои бешумор ноил гардид. Яке аз комёбиҳои бузургтарини сарвари давлат бешубҳа ҷорӣ кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аст, ки ин санаи таърихӣ - 27-уми июни соли 1997 дар саҳифаи таърих бо хатти заррин сабт шуд ва имрўз ин сулҳи тоҷикон - намунаи ибрат буда, шоистаи таҳсин аст.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи мутолиаи сафҳаҳои таърих, маълум мегардад, ки дар таърихи начандон пешинаи инсоният, яъне қарни ХХ аснои пешвоёни миллӣ чун Франклин Рузвелт, Дэн Сяопин, Ли Куан Ю., Маҳатма Гандӣ, Шарл де Голл, Махатхир Муҳаммад ва дигарон чун пешвои миллати хеш қайд шудаанд. Бинобар ин, бо такя ба зарбулмасали халқии «Аз нўги хамир - фатир» тавонистем ин чанд намунаи олиро аз фаъолияти пурбори фарзанди фарзонаи Ватан, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўи сафҳа орем ва чун сухан ба риштаи интиҳо мерасад, месазад ки ин шахси нотакрорро чун пешвои миллат дар арсаи байналмиллалӣ эътироф кунем, ки воқеан лоиқу сазовори чунин ном ҳастанд.

У.О.Мақсудов, номзади илмҳои филологӣ, сармуаллими кафедраи забонҳои хориҷии ДПТ, шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Читать далее

Оқибатиҳои сиёсӣ кардани дини Ислом

 Дар шароити имрӯза экстремизми динӣ, яъне яке аз усулҳои ифротӣ ба ҳисоб меравад. Он аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳатто баъзе давлатҳо созмон ва дастгирӣ мегарданд. Экстремизми динӣ дар шароити имрӯза бештар ба сиёсат дахл менамояд. Мақсади асосии онҳо ба ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи бесарҳади мусулмонист. Дар ибтидои кор ин ҷараён мақсад дорад, ки сараввал мавқеашро дар давлатҳои аҳолиаш мусулмон ва баъдтар тамоми ҷаҳонро зери нуфузи худ қарор диҳад. Шаклҳои муборизааш маълум буда, бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, халалдор сохтани сулҳу суббот ва истиқлолият, ҷорӣ намудани таълимоти бегонаи динӣ ва онро дар муборизаи худ барои ҳадафҳои ниҳонӣ, бесозиш бо ҷомеа ва шаҳрвандон истифода менамоянд.

Дар Тоҷикистон низ дар солҳои навадуми асри гузашта дар натиҷаи фароҳам омадани шароитҳо, факторҳои динӣ дар ҷомеа якбора рӯ ба инкишоф омад. Аз вазъияти ба амаломада пеш аз ҳама диндорони шинохтаи кишвар бо ёрии «хоҷагони» берунаи худ вазъиятро ба манфиати худ истифода бурда, аз камсаводӣ ва дарки нокифояи идеологияи миллӣ, мардумро ба шӯру кашмакашиҳои бемаънӣ расониданд.

Аз ин рӯ, ин ҳодисаҳои гузашта моро бояд водор созад, ки сари ҳар гуфтору рафтори «исломиёни бунёдгаро» ва «хоҷагони» онҳо дуруст хулоса барорем. Сабабҳои паҳн гардидани экстремизми динӣ дар Тоҷикистон гуногунанд. Шароитҳои ба вуҷуд омада нуфузи рӯҳониёни иртиҷопарастро боло намуд. Бо роҳҳои ғайриқонунӣ дар кишвар мактабҳои хусусии динӣ пайдо шуданд, ки дар онҳо таълимоти носолим ва террористӣ дода мешуданд. Ба ин мактабҳои ғайрирасмӣ барои фарогирии таълимот аз ҳисоби оилаҳои рӯҳониён, оилаҳои камбизоат, шахсони каммаърифату кӯтоҳандеш ва калаванда интихоб карда мешуданд. Барои расидан ба мақсадҳои худ чунин гурӯҳҳои экстеремистӣ аз тамоми шароиту имкониятҳо хуб истифода мебурданд. Барои ҳамагон пӯшида нест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусулмонони кишвар тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст. Тамоми ҳамватанони мо, барои иҷрои нишондодҳои шариат ва Ислом ҷидду ҷаҳд намуда, ягон монеа ва душвориҳо пеши роҳи онҳоро намегирад. Ҳоло дар ҳар маҳаллаю кӯчаҳо масҷидҳо фаъолият мекунанд, касе зидди тоату ибодат нест.

Дар ноҳияи мо ҳам зиёда аз 70 масҷид амал менамоянд, ки ибодаткунандагон бемамоният намозгузорӣ менамоянд. Бояд масҷид ҷойи намозгузорӣ бошад на ҷойи ташвиқоти хоҷагони берунаву идеологияи ғаразноку нопоки онҳо. Бояд дар масҷидҳо одамони бомаърифат ҳамагонро ба якдигарфаҳмию ягонагӣ, эҳтирому садоқатмандӣ нисбат ба ватани худ даъват намоянд. Ҳоло дар муассисаҳои таълимии ноҳия оид ба масъалаҳои терроризм, ифротгароӣ мунтазам сӯҳбатҳо ташкил карда шуда истодааст.

Бояд ҳама донанад, ки кишварҳои хориҷии мусулмонӣ бо «кӯмакпулиҳо» мехоҳанд идеологияи худро ба кишвари мо ворид намуда, шуури ҷавонони моро заҳролуд намоянд. Баъзе ашхосон дар кишварҳои мусулмонии Покистон, Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Сурия, Миср таълимоти динӣ гирифта, баъди он ҳиссиёти ватандӯстии хешро гум мекунанд. Ҳатто раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ҳушдор ба мардум ва ҷамъияти орому осудаи Тоҷикистон аст, ки дар ҳоли дар интихобот овоз надодани сокинон ба ҳизби онҳо ва даст наёфтани ҲНИТ ба мардум онҳо метавонанд аз қувваҳои хоҷагонашон истифода баранд. Кабирӣ ба мардум гӯшзад кардани мешавад, ки «вақте ки оромиш нест таҳқиру фишор нисбат ба ҳизбҳои сиёсӣ бошад дигар ба дӯши дастҳои хориҷӣ партофтани ин мушкилоти дохилӣ чандон хуб нест». ҳол он ки дар Тоҷикистон рушди иҷтимоию иқтисодӣ бемайлон пеш меравад ва вазъи дохилии кишвар орому осоишта аст.

Аз ин бармеояд, ки ҳизби наҳзат «хоҷаи хориҷӣ» дорад ва дар мавридҳои зарурӣ аз он истифода менамояд. Худи онҳо бозингарони дасти хориҷиён ҳастанд ва аз дасти онҳо обу нон мехӯранд.

Инобат Қосимова, сармуаллими кафедраи журналистикаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

Читать далее

27 April 2015

Абдураҳмон Қодирӣ сафири Русия дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Субҳи 22 апрел Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин - Фроловро ба ҳузур пазируфт. Зимни сўҳбат ҷонибҳо аз ҳам-кориҳои мутақобилаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши равобити тиҷоратиро ба манфиати кор арзёбӣ намуданд.

Читать далее

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти ширкати «Монетка»

 Субҳи 23 апрел Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мушовири намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Магомед Таштемиров ва директори тиҷоратии шабакаи тиҷоратии «Монетка» - и Русия Константин Шаповаловро ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар аснои сўҳбат изҳор намуд, ки имрўзҳо дар вилояти Суғди Тоҷикистон ислоҳоти кишоварзӣ идома дорад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар вилояти Суғд имкониятҳои фаровон барои коркард ва бандубасти меваи хушк ва содироти он ба хориҷа мавҷуд аст.

Дар навбати худ Константин Шаповалов аз қабули гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, таъкид кард, ки шабакаи тиҷоратии «Монетка» дар минтақаҳои гуногуни Русия, аз қабили Свердловск, Челябинск, Тюмен, Томск, Перм, Курган ва дар маҷмўъ дар 230 шаҳри Русия беш аз 700 мағозаи худро фаъол намудааст. Маҳз, чунин фарогирӣ ба ин шабакаи тиҷоратӣ имкон медиҳад, ки харидории маҳсулоти баландсифати хоҷагии қишлоқро аз хориҷа низ ба роҳ монад.

Дар идомаи сафари корӣ меҳмонон аз заминҳои кишти сабзавоти барвақтӣ, боғҳо ва корхонаҳои коркард ва бандубасти мева дар вилоят дидан мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Читать далее

Роҳ фараҳафзои зиндагист!...

23 апрели соли равон Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Чкалов бо сафари корӣ ташриф овард. Дар навбати аввал Раиси вилоят дар маросими оғози мумфаршкунии кўчаи «Дўстии халқҳо» -и шаҳри Чкалов, ки 1,2 км масофа дорад, иштирок намуд.Таъмири кўчаро роҳсозони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тоҷроуд» (роҳбараш Ҳабибулло Шукуров) ба ўҳда доранд.

Читать далее

Танзимгари амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ

Ҳар сол 26 апрел Рўзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ ботантана таҷлил карда мешавад. Заҳмати кормандони соҳаи илм, ки асоси нерўи зеҳнии мамлакат мебошанд, дар замони имрўз, ки асри илму техника аст, шоиста арҷгузорӣ гардидааст. Дар вохўрии навбатии худ бо аҳли зиёи кишвар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки ба аҳли зиёи мамлакат ҳамчун такягоҳи асосӣ эътимод доранд.

Читать далее

Мардон сари далерӣ афрохтаанд!...

22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ аҳдшикано- на ба хоки Иттиҳоди Шўравӣ зада даромад. Дар ин ҷанг аз Тоҷикистони мо ҳазорҳо тоҷикписарони шердил барои муҳофизати Ватан ба фронт рафтанд. Бисёре аз онҳо дар майдони ҳарб корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода, соҳиби унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардиданд.

Читать далее

23 April 2015

Маърифати либоспӯшӣ

Шукри бепоён, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар фазои сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ, тинҷиву оромӣ умр ба сар мебарем.

Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, муносибати он ба дини мубини ислом, дигар дину мазоҳид ва ташкилотҳои динии амалкунанда дар асоси Қонун ҷарайён мегирад ва хеле мӯтадил мебошад.

Тибқи Конститутсияи кишвар ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, онҳо ба кори давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Худованди таъоло инсонро офарид ва барояш тамоми мавҷудотро мусаххар сохт. Сипас одамиро илм омӯзонд ва тавассути дониш ӯро бар малоика бартарӣ дод. Парвардигор ба инсон ақл ото намуд ва ба воситаи ақл одам аз ҳайвон фарқ кард.

Шариат ва ақли инсонӣ одамро водор намуд, то ки ӯ либос пӯшад ва аврати худро пинҳон созад. Чуноне ки Худованд дар ояи карима мефармояд дар сураи Аъроф ояти 26 ба ҳамин мазмун омадааст:

«Эй фарзанди Одам, ҳароина мо фуруд овардем бар шумо либосе, ки бипӯшад шармгоҳи шуморо ва фуруд овардем ҷомаҳои зинатро ва либоси парҳезгорӣ аз ҳама беҳтар аст»

Имоми Аъзам дар фиқҳ муқаррар намудааст, ки пӯшиш зан иборат аз тамоми баданаш аст, ҷуз рӯй, кафи даст ва пойҳо. Бар асоси муқаррароти шариати исломи мардум бо назирдошти урфу одати маҳаллӣ, хусусияти миллӣ ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ либосҳои гуногун ба бар мекунанд. Яке либоси дироз, дигаре кӯтоҳ, саввуми ранги дигар.

Мардуми шарифи тоҷик, алалхусус занону модарони мо таи садсолаҳо либосҳое мепӯшиданд, ки ба талаботи шариат ҷавобгӯ буда, урфу одати маҳаллӣ ва хусусиятҳои ҷуғрофиро ба инобат гирифта буд. Чунин тарзи либоспӯшӣ ҳоло ҳам дар деҳоти Тоҷикистон ба назар мерасад: куртаҳои гиребондор, остиндароз, дар cap руймол ё дока. Бо дидани чунин либос дили одам ором мегирад, зеро чунин либос дар асл либоси модарони мову шумо аст.

Ки гуфта метавонад, ки либоси модарони мо хилофи талаботи шариат буд? Ҳеч кас. Зеро мо тоҷикон дар муҳити хуби деҳот, ки сар то по саршори меҳру муҳаббат, дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба воя расидаем.

Имрӯз дар ҷомеаи мо раванди бегонапарастии кӯр-кӯрона ба назар мерасад, ки хоси мардуми шарифи тоҷик нест. Дар ибтидо одамон ба тарзи намозхонии баъзе равияҳо тақлид мекарданд, имрӯз бошад занон ба тарзи либоспӯшии бемантиқи шарқӣ тақлид мекунанд.

Баъзан дар кӯчаву хиёбонҳо занонеро дидан мумкин аст, ки либоси комилан сиёҳ ба бар кардаанд ё руймоли худро чунон печонидаанд, ки ҳатто дар маърази муд (намоиши модда) чуним либос нест. Гузашта аз ин, ба сару рӯи худ онқадар сафедиву сурхи мемоланд, ки ҳатто занони бадахлоқ чунин намекунанд. Агар мақсад аз пӯшидани caтpy ҳиҷоб, риояи қоидаҳои динӣ бошад, пас одам бояд эътидолро риоя намояд.

Ҷомеаи Тоҷикистон беш аз 23 сол мешавад, ки озодона ба дин пайравӣ мекунад. Давлатҳои дигари исломӣ бошад, қариб ҳазору чорсад сол дар ҷомеаи динӣ зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯ таҷрибаи бештаре доранд.

Масалан, дар Афғонистон занон бештар либоси кабуди равшан мепӯшанд, дар кишварҳои арабӣ ранги дигар ки ба иқлими минтақа мувофиқ аст истифода мебаранд. Инчунин дар Эрон пайравони баъзе фирқаҳо аз рӯи эътиқоди динӣ, мотам гирифта, дар сӯгвории Ҳазрати Ҳусайн либоси сиёҳ мепӯшанд, ки ин хоси мардуми мо нест.

Чуноне ки қайд кардем, зан пеш аз ҳама модар аст, аксар вақт нигоҳубини кӯдак, омода намудани таъом, тозагии хонадон ва дигар вазифаҳои хоҷагидорӣ ба дӯши зан аст. Бо назардошти ин ва дигар омилҳо аз қадимулайём занони тоҷик либосе мепӯшиданд, ки шинам бошаду ба фаъолияти меҳнатӣ халал нарасонад. Зеро мо халқе ҳастем, ки дорои тамаддуни қадим буда, бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ хоси мардуми мо нест. Дар робита ба ин Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба Рӯзи модарон чунин таъкид карданд:

«Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпушӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд.

Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯши завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои тaҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёии нави ифротиро ҷорӣ намоянд. Мувофиқи маълумот вақтҳои охир баъзе занону духтарони сиёҳпӯш ба ҷанозаи одамони тамоман бегона ҳозир шуда, дар байни заноне, ки дар ҷаноза иштирок доранд, ба ҳар гуна тарғиботи дур аз таъриху фарҳанги деринаи халқи мо даст мезананд.

Вале аз ҷониби мақомоти дахлдор, масъулони cоҳаи иҷтимоӣ ва занон, фаъолон ва падару модарон ҷиҳати пешгирии ин масъала чорае андешида намешавад ва ин ҷиҳати кор низ ба дӯши давлат ҳавола гардидааст».

Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст. Ҳақиқатан баъзе падару модарон ба масъалаи тарбияи фарзанд диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Ин боис мегардад, ки аз нодонӣ ва беназоратӣ иддае аз ҷавонони роҳгумзада дар Ироқу Сурия ба куштору роҳзанӣ машғуланд, иддаи дигар бошад ғофил аз фарҳанги миллӣ ба ғарбу шарқ ба росту чап тақлид менамоянд.

Умуман либоспӯшӣ дорои фарҳанги хос аст. Ба ғайр аз занон имрӯз ҷавонписарон низ либосҳое ба бар мекунанд, ки агар аз аслу таърихи он огоҳ шаванд, ору номус мекунанд. Бинобар ин падару модарон аснои харидани либос ба фарзандони худ таъкид намоянд, то дар интихоби либос бодиққат бошанд. Гузашта аз ин ҳар кас бояд дар вақти корӣ либосеро ихтиёр кунад, ки кас тавонад фурушандаро аз харидор, хизматрасонро аз мизоҷ фарқ кунад. Дар ин бора Президента кишвар ба мақомоти дахлдор чунин супориш доданд:

«Ба Иттифоқи “Тоҷикматлубот", раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурушгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорат қарор диҳанд».

Имрӯз ҳар як падару модарро лозим аст, ки бояд ба маърифати либоспӯшии фарзандон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва дар ҳалли камбудиҳои ҷойдошта чораҳо андешанд. Бартараф кардани камбудиҳои ҷузии ҷойдошта фақат кори давлату ҳукумат набуда, балки кори ҳар як фарди солимфикр мебошад ва мо бояд ба он ҳиссагузор бошем.

Муаттара Рахимбоева, номзади илмхои филологи, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Читать далее

Имрўзиён барои ояндагон чӣ бузургиву шўҳратмандиро боқӣ мегузоранд

 

 

 

Дар аҳди қадим масоҳати бениҳоят азиме, ки имрўз Афғонистони Шимолӣ, Туркманистон, Ўзбекистон, Тоҷикистон, қисматҳои Ғарбӣ, ҳатто Шарқии Туркистони Чин ҷойгиранд, манзилу макони қабилаҳои таҳҷоӣ ва кўчии эронинаҷод ҳисоб мешуд.

Асрҳои зиёде пеш аз мелод як қисми ин қабилахои эронӣ аз навоҳии Осиёи Миёна ба ҷанубу ғарб ҳаракат кард. Онҳо ҷони асосии давлати бузурги форсҳо гардиданд, маҳз эрониёни Осиёи Миёна бунёдгузорони як қатор давлатҳои хурде, ба монанди Бохтар, Парфия, Хоразм шуданд. Дар дашту саҳрохои васеи Осиёи Миёна қабилаҳои кўчии эронӣ - сакоиён, массагетҳо ва ғайра молу чорвои худро мечаронданд.

Наҷоди эронии пас аз ҳуҷуми зиёди бегонагон ва хунрезтарин ҷангҳо зиндамонда, ки ҷони давлатҳои номбурдаи Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд, имрўз дар таркиби халқи тоҷиканд. “Тоҷикон, - нишон медиҳад профессор М.С.Андреев, - яке аз шўҳратмандтарин мутахассисони донандаи эҷоди тамаддуни мардуми (этнография) – и Осиёи Миёна - сокинони қадимтарини халқҳои имрўзаи Осиёи Миёна ҳисоб мешаванд.”

Агар ба сарчашмаҳои таърихи назар афканем аз китоби динии эрониёни қадим Авесто то дастовардҳои илмии имрўза халқи точик сулхпарвару адолатхоҳ, ватандустиву маърифатпарвар аст. Халқи тоҷик боре ба шаҳру мулки бегона бо чашми тамаъ нигоҳ накардааст, боре пешвоёни ин миллатро иғвогару ҷангўҷўй ва ё пасттинату бефарҳанг нагуфтаанд. Аз таъриху фарҳанги воло, бомаънӣ аз гузаштаи миллати худ ифтихорманд бояд буд.

Имрўзиён барои ояндагон чӣ бузургиву шўҳратмандиро боқӣ мегузоранд. Табаддулотҳои ҷаҳони муосир, дастраси иттилоот ба аҳли ҷомеа вазифаи падару модар, мактабу маориф ва умуман ҷомеа шаҳрвандиро водор месозад, ки ба тарбияи насли наврас дақиқтар бошем. Масъулияти насли калонсол дар сохтани идеологияи давлати мустақил бештар аст. Насли калонсол, ки худ шоҳиди ҳодисаҳои солҳои 90 – уми қарни гузашта буд ба ҷавонони имрўза толибилмон ҳодисаҳои дидаву аз сар гузаронидаашро рўйгардон кунад. Ба назари калонсолон чунин метобад, ки фарзандон худашон ҳама чизро медонанд. Афсўс, ки не!

Дар урфият мегўянд, ки холи халидаи дастро танҳо соҳиби даст эҳсос мекунад. Дигарон танҳо дилсўзи мекунанд ё тамасхур мекунанд, ки он ҳеҷ дарде нест. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки шиддатноктарин он дар водии Рашт буд Эмомалӣ Раҳмон бо як мошин ва се тан ҳамроҳонаш ба он минтақа сафар мекунад. Аз сафари ў наздикону пайвандон хавотири мекашанду атрофиён аз ҳамроҳшави ба ин сафар худдорӣ мекарданд. Зеро гурўҳҳои оппозиционӣ мусаллаҳ аз куштору бераҳмиҳои зиёди ин минтақа ҳамарўза хабар медоданд. Эмомалӣ Раҳмон шахси нотарсу далер, пешвои воқеи бе яроқу аслиҳа бо се тан ҳамроҳонаш ба ин минтақа меояд. Силоҳбадастони оппозиционӣ, ки чор тарафро иҳота карда буданд бо ихтиёри худ ба назди Эмомалӣ Раҳмон меоянду ва яроқу аслиҳаи худро пеши пои ин марди далеру шуҷоъ мегузоранд.

Дар саромади таъриху тамаддуни ҳар халқу миллат фарзандони фарзонае меистанд, ки ба ҳаёту фаъолияти худ роҳи пешрафт ва тақдири миллатро муайян намуда чун шамъ месўзанду месозанд. Эшон аз гудохтани боке надоранд, омода ҳастанд, ҳастии худро фидои миллаташон кунанд. Ба қавли Мавлавӣ “Агар онҳо омодаи сафар шаванд, моҳу хуршед болинашон аст. Агар онҳо савори асп гарданд, осмони ҳафтум майдони ҳарбашон хоҳад буд, онҳо аз ҷоми ситорагон май менўшанд. Адолатро яксон мефаҳманд, онҳо аз сарв ҳам озодтаранд. ” Барҳақ, Президенти кишвар Эммомали Раҳмон дар таърихи навини тоҷик аз симоҳоест, ки тавонистааст бо фазлу дониш, рафтору кирдор ва корнамоиҳои худ хидматеро анҷом диҳад, ки то ин вақт касе анҷом надодааст. Ҳанўз воқеаҳои хунини солҳои 90 – ум аз ёдҳо нарафтааст. Ба гумонам, агар пешвои диловару кордоне чун Эмомалӣ Раҳмон намешуд, шояд ин миллати парешонгашта то ба имрўз сарҷамъ набуд. Пас, чаро мо ўро “пешвои миллат” наномем? Чаро мо ҷонфидоиҳои ўро қадршиносӣ накунем?...

Имрўз мардум дар атрофи раиси ҷумҳур муттаҳид шуда бошанд, ҳам, ҷои таассуф аст, ки гурўҳҳои тундррав ва афроди ҷудогонае пайдо шудаанд, ки ин ҳама пешрафт ва ободкориҳоро нодида гирифтан мехоҳанд, халал ба оромии кишвар зананд.

Тоҷикистон давлати демократӣ аст, аммо ин чунин маъно надорад, ки касе чӣ коре хоҳад кунад ба арзишҳои милли эҳтиром нагузорад. Тоҷикон аз қадим маруми дорои адабиёту фарҳанг, расму одат, сару либоси милли буданду ҳастанд. Магар симои тоҷикони мардуми мо, сару либоси милли занонаи мо аз симову сару либоси бегонагон камие дорад. Чаро мо кўр – кўрона тақлид ба миллати дигаре кунем. Магар бо пўшидани сатру ҳиҷоб кас оқилтару босаводтар, хушахлоқу ботадбиртар мегардад? Ё бо риши дарозу бетартиб гузоштан хиради кас зиёдтар мегардад? Ҳаргиз! Бовар дорам, он ҷое, ки риши дарозу бетартиб гузоштанд, ҳаргиз аз арзишҳои ҳақиқии ислом хабардор нестанд, ниҳоди пок надоранд. Ин кори онҳо худнамоие беш нест. Дини мубини ислом иҷозат намедиҳад, ки занон бо гардану китфи кушода назди мардони бегона гарданд, аммо рўйро то зери чашм пинҳон кардан, либосҳои мотамӣ пўшидан чӣ маъно дорад, агар зери он либос ботини пок нест.

Ба андешаи банда зани хуб ба қавле “зани идеали” он аст, ки пеш аз ҳама саводи казоӣ дошта бошад, аз маданияту фарҳанг, аз урфу одату дину оин хабардор бошад, аммо ба хуруфот роҳ надиҳад, тақлид ба либоспўши дигар қавму миллат накунад, соҳиби ахлоқ ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бошад.

Мо бояд танҳо аз гузаштаи бою пурғановати худ ифтихорманд нашуда имрўзро ифтихорӣ созем. Фарзандонро соҳибимаълумоту донишманд, соҳибватану соҳибфарҳанг созем. Ба масҷид неву ба мактабҳо рў орем, ки маҳзани илму маърифат аст. Амали дар масҷид иҷромешударо дар хона ҳам иҷро кардан мумкин аст. Масҷид ҷои мардуми мусофирону раҳмондагон, ҷои роҳгумкардагону мўҳтоҷон аст. Вале мактаб ҷои бунёдкунии дониш, илм, созандаи ҷомеаии пешқадам, таъриху фарҳанг ва умуман ҷои муқаддас аст. Зеро фарзандон ояндаи мову тақдири мо дар дасти онҳост.

Аз андешарониҳо маълум аст, ки либос характери сиёсӣ гирифтааст. Оё дар чодари то манаҳ печонидаи занҳо риши қайчинадидаи ҷавонон барои пешрави ояндаи солими ҷомеа ягон манфиате меорад. Оё либос метавонад ақлу дониш, феълу хўй андеша хислату характерро дигар созад. Ҳеҷ гоҳ не!

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барҳақ дар суханрониҳояшон таъқид месозанд, ки оилаи солим ҷомаеи солим аст. Падару модар хуб андеша кунанд, душвории зиндагиро ба дўши худ гиранд на ба фарзандон гузоранд. Чандин мисолҳо овардан мумкин аст, ки падару модарон фарзандонро аз таҳсил гирифта ба муҳоҷират мефиристанд. Фарзандон бо ду тангаи ёфтагиашон дар “тори сари падару модар роҳ мегарданд”. Волидон аз фарзандонашон чизе талаб карда наметавонанд. Ин яке аз омилҳои ба гурўҳҳои тундрав ҳамроҳшавии ҷавонон гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ки давлати демокративу ҳуқуқбунёд аст ба фарзандони донишманду бохирад эҳтиёҷ дорад. Биёед ин ватани бо хуни ҷабин ободкардаи худро боз ободтар созем. Фарзанди сазовори мулки биҳиштосо бошем. Якдиливу якдигарфаҳми Тоҷикистони кўчакро аз тамоми хафву хатари беруна эмин нигоҳ дошта метавонад. Мо як Ватан, як Модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст. берун аз Тоҷикистон мо беватанем. Зеро мегўянд: “Бегона гул кунад, лекин суд накунад”.

Директори коллеҷи омўзгории шахри Панчакент, номзади илмҳои педагоги Худоёрова Н.М

 

 

 

Читать далее

Пешвои миллати тоҷикон

Имрўзҳо ҳар касе метавонад тариқи шабакаҳои гуногуни интернетӣ маълумоти дилхоҳро дар бораи масъалаи мавриди таваҷҷўҳи худ дарёбад. Аз ҷумла, дар бораи пешвоён ва сарони давлатҳои мамолики дунё. Мо низ тариқи яке аз сомонаҳои инглисӣ маълумоти аҷоиберо дар бораи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайдо намудем, ки, ба андешаи мо, боиси таваҷҷўҳ асту дигар сокинони Тоҷикистонро низ ба худ ҷалб карда метавонад. Бино ба маълумоти яке аз сомонаҳои Англия давоми соли 2014 акси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаи аввали бонуфузтарин рўзномаи Ҷумҳурии мардумии Чин «Ҷенмин-Ҷибао» 7 маротиба нашр шудааст. Ин сомона як навъ рейтинги ғайрирасмии президентони мамолики оламро ба анҷом расонидааст, ки бидуни фармоиши касе сурат гирифтааст.

Ҳар як давлат ё намояндагони ҳокимияти расмӣ мекўшанд дар бораи шахси аввали кишвари худ суханҳои хуб гуфта бошаду таъриф намоянд. Аммо вақте доир ба президенти кишвар расонаи хориҷӣ таваҷҷўҳ зоҳир менамояд ва ў ҷои намоёнро соҳиб мегардад, бешубҳа, боиси эътибори мардуми кишвар бояд бошад.

Тавре ба мо маълум гардид, рўзнома саҳифаи аввали хешро ба пешвоёни мамолики дунё бахшидааст ва аз рўи чанд маротиба дарҷ гардидани аксҳо яке аз сомонаҳои англисӣ Ecns.cn рейтинги ғайрирасмии сакони кишварҳои хориҷиро тартиб додааст. Мувофиқи ин рейтинг Эмомалӣ Раҳмон ҷойи намоёнро ишғол намудааст.

Бояд қайд намоем, ки рўзномаи мазкур дар Чин аввалин рўзнома ба ҳисоб меравад ва ҳар матлабе, ки дар он чоп мешавад аз ҷониби тамоми мардуми ин кишвар мутолиа мегардад.

Бешубҳа, ин таваҷҷўҳи кишвари дигар аз пешравиву комёбиҳои Тоҷикистон аст, ки бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Дар ҳақиқат, вақте дар бораи пешравиҳои Тоҷикистон ва пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳарф заданӣ мешавем, оҷиз мемонем, зеро бо ченаки таърих солҳои Истиқлолият муддати на чандон дароз маҳсуб меёбанд, вале бо вуҷуди ин имрўз Тоҷикистон ба сўи фардои дурахшон устуворона қадам ниҳода иситодааст. Аз худ ҳамчун як давлату миллати фарҳангдўст, обод, осуда, сулҳҷўй ва пешрафаистода дарак медиҳад. Бешубҳа ҳамаи ин пешравиҳо, пеш аз ҳама, аз сайъу талошҳои Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои ободонию шукуфонии миллат талошҳои пайваста дорад.

Вақте имрўз касе аз зиндагонию норасогӣ менолад, ростӣ дар ҳайрат мемонам, зеро ҳатто дар даврони Шўравӣ, ки тамоми сокинон аз он шукргузорӣ мекарданду аз зиндагонии худ розӣ буданд, ба мисли имрўза серию пурӣ ба назар намерасид. Ин нуктаро ман на аз худ, балки аз як сокини кўҳансоли шаҳри Хуҷанд воқиф гардидам, ки доимо аз пешрафту шукуфоии Тоҷикистон шукргузорӣ мекунад. Дар ҳақиқат, тамоми паҳлўҳои кишвари мо имрўз ташаккул ёфта истодаанд. Аммо, ба андешаи мо, пешравии асосии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷўёна мебошад, ки доимо аз ҷониби Президенти кишвар таъкид мегардад ва ба андешаи мо Эмомалӣ Раҳмон имрўз барои ҳама гуна ҷоизаву ситоиш ва аз ҷумла унвони пешвои миллат арзанда аст.

Қосимова Инобат
Сармуаллимаи кафедраи ҷурналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ

Читать далее