April 2015

28 April 2015

Меъмори давлати ҳуқуқбунёду демократӣ

 Ходисахои ҷаҳони имрўза, ки боиси ташвиши аҳли башар гардидааст, вазъи сиёсию иқтисодии давлати моро дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ба хотир меорад. Куштори бераҳмона, терроризму экстемизм ба харобаву вайронкориҳо табдил додани бисёр мамлакатҳои мусулмонӣ аз тарафи Давлати исломии Ироқу Шом, ҳаракати тундгаройи «Ал-қайд» дар Сурия, Ироқ, Яман, Афғонистон, Покистон пеши назари мо кирдорҳои бераҳмонаи мухолифини тоҷикро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ёд меорад.

Тоҷикистон дар ҳамон солҳи бесарусомонии ҷанги таҳмилгароӣ қариб, ки ба нестӣ расида буд. Бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ мухолифини тоҷик мехостанд, ки дар ин давлати мустақилу озод давлати исломӣ бунёд намояд. Дилу нияти сарварону пешвоён ва як зумра ашхоси ҷабҳаи сиёсии онҳо на сохти нави давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ғасби давлат, соҳиб шудан ба мансаб буд.

Дар ана ҳамин давраи ҳассосу нобасомониҳо, ки сохтори давлати ҳамонвақта фалаҷ шуд, шахсе лозим буд, ки бо ақлу заковат, таҷрибаю дурандешӣ ва нисбати ғами миллату давлат бетараф набуда, Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат барорад. Хушбахтона, ба бахти мардуми тоҷик ва кулли Тоҷикистониён Иҷлосияи ХУ1 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шахси арзандаву лоиқи миллатро ба арсаи таърих овард. Ин шахе меъмори давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ягонаву озод Эмомалӣ Раҳмон буданд.

Аз рўзҳои аввалини роҳбари Раиси Шурои Олӣ Э.Раҳмон ба назди худ мақсад гузошт, ки то охирин гурезаи тоҷикро ба Ватан барнагардонад, ором намегирад. Ин буд, ки барои ба даст овардани истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ чандин маротиба ҷони худро ба гарав гузошта, барои гузаронидани гуфтушунид ба хоки Афғонистони ҳамсоя рафт, ки қароргоҳи мухолифини тоҷик ва пешвоёни он дар он мамлакат қарор доштанд.

Бисту ҳафтуми июни ҳар сол дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо яке аз ҷашнҳои бузург ва таърихии миллатамон-Рўзи Ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таҷлил карда мешавад. Зеро соли 1997 дар ҳамин сана Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон шодравон Сайд Абдуллои Нурӣ ва намояндаи махсуси котиби Генералии Созмони Миллали Муттаҳид Герд Меррем дар шаҳри Москва ба Шартномаи умумии истиқрори сулҳ ба ризояти миллӣ имзо гузоштанд. Санади мазкур ба музокироти байни тоҷикон, таҳти сарпарастии СММ беш аз 3 сол идома ёфт, ҳусни хотима бахшид.

Мавриди тазаккур аст, ки тамоми пешравию комёбиҳои ба даст омада, ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва кўшишу талошҳои шабонарўзии Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир шуд.

Имрўз обрӯю эътибори Тоҷикистони азизи мо вирди забони мардуми олам гашт. Мо аз нури Ваҳдати миллатамон, ки ҷалолу шукуҳи тоза гирифтааст, барои таҷлили хамин санаи тақдирсоз ба ҳам омадаем. Ин санаи дар ҳақиқат пурнишоту ҳаётбахш дар муддати начандон тўлонии таърихӣ дар калбҳои мардуми мо маскан гирифта, ба руйдоди азизу гаромӣ табдил ёфт. Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо субботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд. Тўли ин солҳо ба Ваҳдати воқеӣ расидан, манфиатҳои Ватан, миллат ва давлатро аз ҳама чиз боло гузоштан дастоварди бузурги мо буд ва ҳамин тавр мемонад. Дар мамлакат барои аҳзоби гуногуни сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудааст. Ваҳдати миллӣ ба иттиҳоди мардуми Тоҷикистон мусоидат карда, неруҳои гуногуни сиёсиро ба созиш овард. Беҳтарин роҳи ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсии созиш қарор дода шуд.

Албатта ғояҳои Ваҳдат барои мардуми Тоҷикистон баландтар аз ҳама аст, ки роҳ ёфтани он ба дили ҳамагон бидуни ғамхории доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳаёти моддию маишӣ ғайриимкон буд. Дастгирии ташаббускорӣ, ривоҷи соҳибкорӣ дар раванди муносибатҳои бозоргонӣ ва инкишофи тиҷорат, хусусӣ гардонидани моликият, бо мақсади ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермери), тақсимоти замин ба шаҳрвандон ва тадбирҳои дигари иқтисодӣ сокинони мамлакатро дар атрофи Президенти кишвар муттаҳид намуд, ки баёнгари дастгирии ҳамаҷониба аз сиёсати давлати Тоҷикистон буд.

Ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе - Истаравшан - Хуҷанд - Бустон - Чанок, фосилаи роҳҳоро аз байн бурда, қалбҳои моро ба ҳам наздик мекунад. Дар баробари ин сохтмони нерӯгоҳҳои азим ва хурду миёнаи обии барқӣ, хатти барқи 500 киловаттаи ҷануб - шимол, бунёди як қатор корхонаю манзилгоҳҳо аз дастовардҳҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ шаҳодат медиҳад. Албатта, дар даврони Истиқлолият мардуми ноҳияи Зафаробод низ ба дастовардҳои хуби меҳнатӣ ноил гардиданд. Бо дастгирии давлату ҳукумат, Президенти мамлакат соҳибкорони хурду миёна 6 заводи коркарди пахта, 6 заводи коркарди равған, чор бинои мактаб, сехи коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, якчанд мағозаҳои тиҷоратӣ, сехҳои хурди дузандагӣ, фабрикаи ҷуроббофӣ сохта ба истифода дода шуд, ки мардум бо ҷойҳои корӣ таъмин гардидаанд. Роҳи байни Зафаробод-Истаравшан бо воситаи деҳаи Уяс мумфарш гардида, мушкилоти чандинсолаи мардум осон гардид.

Имрўз сокинони ноҳия бо ин роҳ ба маркази вилоят, шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон бемушкилӣ рафтуомад доранд. Аз ин лиҳоз вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди равшандилу солимфикр ва бо нангу номуси ноҳия аст, ки сулҳу суббот ва Ваҳдати миллии ба қиммати ниҳоят гарон, ки бо талошҳои Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвои миллат бадастомадаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Инчунин вазифаи муқаддаси мост, ки сулҳу суббот ва ваҳдати миллиамонро ҳамеша таблиғу ташвиқ намоем, ба насли ҷавон фаҳмонем, ки он дар кадом шароит, ба чӣ мушкилот ва бо чӣ гуна қурбониҳои зиёд ба даст омадааст.

Месазад, ки имрўз мо сокинони ҷумҳурӣ ҳамаи хизматҳои Сарвари давлатро қадрдонӣ намуда, ҳамчун пешвои миллат шиносем, дастгирӣ намоем, то ки ҳамаи мақсаду ҳадафҳои ҳукумату давлат оиди ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, пешрафти тамоми соҳаҳо ба амал бароварда шавад.

Муҳаммад Қурбонов, устоди ДИС ДДТТ

 

 

 

Читать далее

Иқдоми шоиста ва бамаврид

 (дар ҳошияи мақолаи Носирҷон Салимӣ ва Холаҳмади Самеъ «Пешвои миллат»)

Мақолаи мазкурро чун як зиёии кишвар бо қаноатмандии комил ва камоли диққат мутолиа намуда, ба хулосае омадам, ки гузориши масъала аз ҷониби муаллифон хеле ба маврид ва дуруст буда, он аз ҳар ҷиҳат шоистаи дастгирӣ мебошад.

Дар мақолаи зикрёфта бисёр масъалаҳои мубрами ба кору пайкори Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд, аз ҷумла замони пурхатари ба сари қудрат омадани ў, аз бузургтарин хидматҳои пешвои миллии мо будану барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар мамлакат, густариш ёфтани равобиту ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дигар, дар як муддати кўтоҳ ҷараён гирифтани чорабиниҳои муассири сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ҳадафҳои олии миллӣ ва барномарезиҳои дақиқу созанда будани асоси пирўзиҳои таърихии Сарвари давлат, бо пирўзии сулҳ ва ризоияти миллӣ афзудани эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон, маҳз ба туфайли ширкати амалӣ ва эҳсоси масъулияти Президенти кишвар дар ҳалли масъалаҳои мубраму умумиинсонӣ узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистон, бо кору пайкори Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут будани ин дастоварди бузурги миллию таърихӣ ва амсоли онҳо воқеъбинона, комилан саҳеҳ ва бо далелҳои мўътамад ба таъкиду тавзеҳ омадаанд.

Тавре ки дар мақола тазаккур ёфтааст, ба Сарвари давлатамон муяссар шуд, ки дар муддати кўтоҳ мақомоти маҳаллии ҳокимиятро барқарор намуда, бо таҷдиди шохаҳои ҳокимияти давлатӣ тартиботи қонуниро бо такя ба манфиати мардум ҷорӣ намояд.

Дарвоқеъ, мо ҳама шоҳиди он ҳастем, ки пурзўр гардидани мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, ба дараҷот паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, рушди соҳибкорӣ, танзими расму оинҳои миллӣ, даъват ба сохтмонҳои бузурги аср, бунёди нерўгоҳҳои бузург, сохтмони роҳҳои оҳан, нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Чормағзак ва Шаҳристон, рушди иқтисодиёти миллии кишвар, ба Созмони умумиҷаҳонии савдо пазируфта шудани Тоҷикистон, ҷаҳонӣ гардидани Наврўзи Аҷам, бунёди коргоҳҳои зиёди доимиву мавсимӣ, ифтитоҳ ёфтани роҳҳои мошингарди Кўлоб-Хоруғ-Қулма-Қароқурум, таҷдиди роҳи Душанбе-Қўрғонтеппа-Кўлоб, Душанбе-Хуҷанд-Мастчоҳ, идомаи босуръати таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол ва даҳҳо иқдомҳои башардўстонаи Сарвари давлатамон бори дигар аз он далолат медиҳанд, ки фаъолияти густардаву инсонпарваронаи ў маҳз барои ба фардои дурахшон ҳидоят намудани ҷомеаи мо нигаронида шудаанд.

Муаллифони мақола талошҳо ва фидокориҳои ўро аз ибтидои ба сари қудрат омадан ба таҳлил гирифта, комилан саҳеҳ нигоштаанд: «Миллати тоҷик дар марҳилаи басо ҳассоси таърих симои пешвои худро дар шахсияте дид, ки ў аз қалби мардум бархоста ва бо садоқати беназир ба халқ ва ба ин марзу бум дар замони бениҳоят мураккаби гузариш рисолати пурмасъулиятро ба дўш гирифтааст».

Албатта, дар як мақолаи кўчак тазаккур додани тамоми паҳлуҳои фаъолияти пурсамару пурбаракат ва ибтикороти созандаву бунёдкоронаи Сарвари дилсўзу ғамхори кишварамон ғайриимкон аст. Танҳо хотирнишон сохтани мулоқотҳои ҳамасолаи Президенти мамлакат бо зиёиён, бонувон, баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таваҷҷўҳи пайвастаи Сарвари давлат ба рушди маориф чун соҳаи афзалиятнок ва илму фарҳанг, татбиқи босуръати Барномаи компютерикунонии муассисаҳои таълимӣ, гиромидошти нобиғагон ва фарзандони барўманди миллат, ба ҳукми анъана даромадани баргузории ҷашнҳои бузурги миллӣ ва даҳҳо тадбирҳои дигар аз иқдомоти ҳуҷастаи Сарвари давлатамон маҳсуб меёбанд.

Дар фарҷом гуфтанием, ки пешниҳоди муаллифони мақола дар мавриди ба мақоми ифтихории пешвои миллат сазовор донистани Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми шоиста ва саривақтӣ буда, мо, зиёиён, куллан ҷонибдори ҳарчи зудтар амалӣ гардидани ин ибтикори наҷиб ва бамаврид ҳастем.

Неъматулло Ҳикматуллоев, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

 

 

 

Читать далее

Сифоти ӯ ба сад дафтар нағунҷад..!

 Бешак, дар бораи заҳматҳои кашидаи Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба овардани сулҳ ба миллату давлати тоҷикон, дар хусуси муаррифгарии миллату давлати азизам ба мардуми олам сохтмонҳои назирнадоштаи нақбҳои сохташуда дар ҷумҳурӣ, умри дубораи ҳақиқӣ бахшидан ба забони давлатӣ, аҷри беандоза гузоштан ба анъанаву суннатҳои миллӣ аз қабили ҷашни оламишудаи Наврӯзи Аҷам, муаррифии оби мусаффои Ватан, таъсиси додани Артиши пурқуввати тоҷикон барои дифои ватану миллат, дар асл баъди кашмакашҳои таҳмилшуда барпо ва барқарор кардани давлати Тоҷикистон қисме аз асостарин амалҳои ба сомон расондани ӯст.

Нағз дар хотир дорам, ки чӣ гуна Ҷаноби Олӣ моҳи ноябр соли 1992 ба пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, ки ҳанӯз аз дуди ғализи таҳмилгарӣ пок нашуда буд, ворид гашта, дар як вақти муайян фазои ҳаёт ва зиндагии мардуми пойтахтро ба сомон оварда, яке аз аввалин ва муҳимтарин амале, ки ӯ онро ҷони худро дар кафи дасти худ гузошта, аз гулӯлаборонҳои даҳшатноки давлати Афғонистон наҳаросида якчанд маротиба ба он ҷо сафар карда, бо сарвари мухолифон сӯҳбате анҷом дода, билохира, дар тобистон соли 1997 созишномаи тақдири зилзилатро ба номи «Созишномаи розияти миллат» ба имзо расонд ва субҳи назирнадоштаро дар ҷаҳон дар баёни мардуми тоҷик пиёда гардонд.

Худи ором бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва овардани сулҳ ба миллати ҷафокашидаи тоҷик аз ҷониби ин шахсияти бузург ӯро метавон мудом ва абадулдаҳр пешвои миллат хонд. Биёед, ҳамватанон, аз ҳақиқати таърих рӯй натофта, рӯйирост иқрор шавем, ки дар давраи иттифоқи Шӯравии Тоҷикистон ва Тоҷикистонро ҳамчун миллату давлат намешинохтанд, аммо имрӯз бо захмат ва хиради баланди тоҷикӣ доштанаш, дорои зиракии хеле баланди сиёсӣ буданаш, нисбат ба миллату ватан ҷонфишон буданаш, Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки давлату миллати тоҷикро бо тамоми давлату миллатҳои олам шиносонад ва зиёда аз 150 давлати олам тоҷикон ва давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохта, сафоратхонаҳои худашонро дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе мустақар созанд.

Шинондани миллату давлати Тоҷикон ин худ гувоҳи онест, ки Эмомалӣ Раҳмон пешвои миллат буду ҳаст! Аз солҳои 1970-и асри гузашта то ба имрӯз дар ёдам ҳаст, ки мардуми кӯҳистони мо орзуи онро доштанд, ки бехатартарин роҳ ва наздиктарин роҳро ба маркази вилоятҳои пойтахт дошта бошанд. Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки бо дастгирии давлати исломии Эрон ва ҷумҳурии мардумии Чин нақбҳоро пиёда гардонад, ки орзӯи чандасринаи мардуми кӯҳистонро амалӣ сохта, бо чӣ корҳояш ҳаёти мардуми кӯҳистонро осонтар ва рафту омадро ба пойтахти кишвар ва марказу вилоятҳо соатҳо кам намуд, ки дар натиҷаи ҳам маблағ сарф мегардаду ҳам мардум тез ба дидори якдигар мерасанд.

Ин дастоварди бузургии милливу давлатӣ моро водор месозад аз таҳти дил ба тамоми ҳастӣ гӯем, ки Эмомалӣ Раҳмон пешвои миллат буду ҳаст!!!

Солҳои пеш дар ёдам ҳаст, ки аксари роҳбарони давлат дар замони Шӯравӣ гарчанде худашон аз модари тоҷик ба дунё омада буданд, ҳам ба фарзандонашон забони ғайрро меомӯзонанд ва ин амалҳои эшон оҳиста-оҳиста ба он оварда расонд, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ қариб буд, ки аз байн равад. Имрӯзҳо тавассути сиёсати оқилона, соҳибзабонона ва аҷри беандоза гузаштан ба модару забони модарӣ аз ҷониби Президенти кишвар аксари роҳбаронро, ки забони давлатиро намедонанд сахт вазифадор намудааст, ки агар хоҳанд ки дар давлати тоҷикон ва Тоҷикистон кор ва фаъолият намоянд, бояд забони давлатӣ, яъне забони тоҷикиро хеле хуб дониста, ба он эҳтироми бузурги қоил бошанд. Ин амали Ҷаноби Олиро метавон гуфт, ки ӯ барои миллату давлати тоҷикон пешвои миллат буду ҳаст.

Арзишҳои миллӣ, суннатҳою анъанаҳои миллиро Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ба соҳибонаш аз шукӯҳи шаҳоматҳои пеш доштанашон боз шукӯҳи шаҳоматҳои волотаринро илова намуда, эшонро барои амалӣ гардонидани онҳо роҳнамун сохт. Таҷлили Наврӯзи Аҷам, мунтазам гузаронидани озмуни «Гесувони духтари тоҷик», бошукӯҳ қайд кардани идҳои суннатии Қурбону Рамазон аз ҷониби мардум, инҳо ҳама ҳидоятгари ососиаш Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон буда, метавон ӯро пешвои доимӣ назардоштаи миллат худро иброз дошт, ки ӯ пешвои миллат буду ҳаст. Ман таклиф менамоям, ки бо назардошти тағйиротҳои ҳарлаҳзинаи сиёсии ҷаҳон ва орому осоишта нигоҳ доштани миллати тоҷику давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон то дар олам ҳаст, ӯ пешвои мо ва миллати мост ва баргузор кардани ҳаргуна интихоботҳои баъдина бемаврид ва нозаруранд. Пешвои миллат, наҷотбахши миллату давлати тоҷикон то он даме, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳаст усту, усту, усту, уст!!!

А.Акбаров,
номзади илмҳои филологӣ, сармуаллими кафедраи забонҳои хориҷӣ ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Читать далее

Ҷасорати Сарвари Тоҷикон

 Бахти ҳар як қавм аз сарвар бувад, 

Ҳар, ки з-ин орист, ӯ бе сар бувад.

Номи шахс, таъсир ва ҳиссаи ӯ дар масири таърих яке аз масъалаҳои пурбаҳс, доманадор ва басо мураккаби илми ҷомеашиносӣ аст. Муддати солҳои охири ташаккул, таҳаввул ва тараққиёти як қатор кишварҳои тозаистиқлол дар арсаи олам як зумра равшанфикрону сиёсатшиносон оиди шахсиятҳои таърихӣ ибрози андеша кардаанд. Зуҳуроти вожаи пешвои миллат нав нест. Вале он дар афкори сиёсии мардуми як қатор кишварҳои тозаистиқлол, албатта, падидаи нав махсуб меёбад. Барои ҳамин арзиш, қиммат, мақому ҷойи онро натанҳо дар сиёсатшиносӣ, балки дар ҷойгоҳи таърих бояд баррасӣ ва муайяну аниқ бояд кард.

Таърихи башарият исбот намудааст, ки ҷаҳиши созандагӣ дар афкори сиёсӣ, арзишҳои волои миллӣ, суннатҳои зиндагӣ ва тафаккури иҷтимоии ҷомеа ба фаъолияту зиндагиномаи ашхоси наҷиб, ки дар оинаи тамкину иродаи сиёсӣ, маънавиёти воло, ахлоқи ҳамидаи хеш ормонҳои ҳазорсолаи ҷомеаро таҷассум кардаанд, пайвастагии ногусастанӣ дорад.

Аён аст, ки на ҳама давлатмардон дар саҳифаи таърих нақши пешвоӣ доранд. Пешво онест, ки нахуст рисолати таърихии хешро дар як вақти муйяни таърихӣ дарк намуда, барои миллати хеш, зиндагию пешрафти ӯ барномаи комилу пухтаи тараққиётро эҷод намояд, ҳамчунин роҳу воситаҳои амалигашти онро ба вуҷуд орад. Дар ин бобат равшандиле фармудааст:

Нони мардум бар касе бошад ҳалол,
К-ӯ ғами мардум хӯрад, то нон хӯрад.

Дар ин зимн аз сулолаи Сомониён ёдовар шудан айни муддаост. Онҳо тавонистанд, ки пояҳои устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии як давлати мутамаркази миллиро гузоранд. Ин боиси он гашт, ки як давлати қудратманди миллӣ ба вуҷуд омад, ки нақши он дар замони худи Сомониён ва чандин асри баъдина низ идома ёфт.

Дар асри 20-ум дар саҳафоти таърихи аҳли башар номҳои Владимир Илич Ленин, Иосиф Сталин, Махатма Гандӣ, Рузвелт, Дэн Сяо Пин, Ли Куан Ю, Шарл де Голл сабт ёфт. Ин шахсиятҳо дар тақдири давлату миллати хеш нақши калидӣ бозидаанд. Онҳо натанҳо дар пешравии ҳамаи соҳаҳои зиндагии миллати хеш комёб гаштаанд, балки барномаи дурнамои инкишофи онро барои садсолаҳо муайян ва тарҳрезӣ намудаанд. Аксарияти онҳо дар лаҳзаҳои сахту вазнин ва тақдирсоз ба арсаи сиёсат омадаанд. Франклин Рузвелт дар замони кризиси сангин, Дэн Сяо Пин дар замони сангини «Инқилоби маданӣ» ҷилави рохбариро ба даст гирифта буданд. Ли Куан Ю Сингапури асри миёнагиро бо ислоҳоти иқтисодии хеш ба кишвари пешрафтаи дунё табдил дод.

Ин шахсиятҳо сохт, фаъолият, роҳу равиш ва самти тараққиёти давлати худро ба куллӣ тағйир доданд. Чунончи Пётри Кабир ояндаи Руссияро дар кушодани роҳ ба сӯи Аврупо медид. Дар аҳди Ҷорҷ Вашингтон Америка барои истиқлолият алайҳи Англия сар бардошт. Чун ин пешвоён бунёдгузори орзую омоли миллати хеш буданду баҳри амалӣ шуданаш ҷонбозӣ мекарданд, барои ҳамин сазовори боварию эхтироми халқи худ ва баъдтар тамоми дунё гаштанд.

Дар саҳнаи сиёсат шахсони бузург бисёранд, вале онҳоро наметавон пешво номид. Зеро онҳо дар тӯли роҳбарии худ ба ҳаққу ҳуқуқи миллатҳои заиф чашм ало карда, дастдарозӣ намудаанд.

Пешвоёни миллӣ тавонистаанд, ки идеяҳои пешрафти миллаташонро пешниҳод ва амалӣ созанд. Барномаи «Пешомади 2020»-и Махатхир Муҳаммад дар Малайзия, «Роҳи нав»-и Рузвелт дар ШМА, «Ҷаҳиши бузург»-и Дэн Сяо Пин дар Чин, «Барномаи саноатикунонии Сингапур»-и Ли Куан Ю дар Сингапур тавонист, ки ин мамлакатҳоро хеле пеш барад ва номи пешвоёнашро абадӣ созад.

Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Рахмонро низ ба кору фаъолият, нияту нақшаҳо ва ободкориву созандагиҳояш метавон пешвои миллӣ шуморид. Ӯ низ дар замони хеле душвор ба сари қудрат омад. Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар табоҳ буд. Миллатро хавфи маҳву нобудӣ таҳдид мекард. Алангаи ҷанги бародаркуш рӯ зада буд.

Нахустин вазифаи пешво дар ин вазъият муттаҳид намудану ба созиш овардани ҷомеа-зери ливои арзишҳою идеяҳои нави миллӣ буд. Ӯ бо сабру таҳаммул вазъиятро таҳлилу ташхис намуд. Ба сарварони кишварҳои дурру наздик барои ҳалли қазия вохӯрд.

Инчунин сардорони гурӯҳҳои мухолифинро сари мизи мусолиҳаю гуфтушунид даъват кард. Музокира, сулҳу субот, ризоияти миллӣ-шиори ӯ гашт. Ба нияти худ ноил шуд. Имрӯз тамоми қишрҳои ҷомеа бе дудилагӣ эътироф мекунанд, ки бузургтарин дастоварди пешвои халқи тоҷик ин барқарор сохтани сулҳу субот, ризоият ва ваҳдати миллист. Ин хизмати сарвари давлат Истиқлолияти Тоҷикистон, амнияти мардуми он ва мавҷудияти миллатро дар сайёра таъмин кард.

Барқарор сохтани муносибатҳои дӯстонаи самарабахш бо аксари кишварҳо аз сиёсатмадории пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад. Баъзеҳо аз аввал мехостанд, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя танҳо дар доираи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бошад. Вале Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доираи муносибатҳоро бемайлон ташаккул дод. Тоҷикистонро зиёда аз 120 давлати дунё ба расмият шинохт. Бо аксари кишварҳо равобити дуҷонибаи иқтисодӣ ба роҳ монда шуд. Ин ҷасорати сарвари тоҷикон-нақши ӯро ба унвони пешвои миллат боз ҳам барҷаста сохт.

Таҷрибаи сулҳу суботи тоҷикон, ки эҷодкори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, дастурамали бисёр давлатҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ гардид. Имрӯз ин таҷрибаро меомӯзанд. Ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ аз ҷумла СММ, САХА, Бонки умумиҷахонӣ, фонди байналмилалии асъор, Бонки Осиёии Рушд, Бонки исломии рушд ва садҳо ташкилотҳои бонуфуз бо кишвари мо ҳамкорӣ доранд. Нуфузи Тоҷикистон дар арсаи олам афзуд. Тоҷикистон иштирокчии фаъоли ҳамаи созмонҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ ба мисли ИДМ, СХШ, ОДКБ, ЕВРАЗЭС, созмони ҳамкории иқтисодӣ, созмони ҳамкории Исломӣ ба шумор меравад.

Имрӯз Тоҷикистон туфайли сиёсати Президенташ Эмомалӣ Раҳмон тавонист, дар муқобили ҷунбишҳои толибон, ХИУ мавқеи устувор дошта бошад.

Таърихи зиёда аз бистсолаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гувоҳ аст, ки мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба иҷрои корҳои бузург, ки ҳатто дар даврони Шӯравӣ ба он ҷуръат намекарданд, раҳнамун сохт. Нерӯгоҳҳои барқии Сангтӯда 1, 2, сохтмони роҳи оҳани Кӯлоб-Қӯрғонтеппа, нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Чормағзак, Шаҳристон, идомаи сохтмони НОБ-и Роғун боварии миллатро ба ояндаи дурахшон афзуд.

Соҳаи камбизоатӣ, ки дар солҳои ҷанги шахрвандӣ қувват гирифта, то 80 фисад расида буд, бо кӯшиш, талош, ҷаҳд, ғайрати сарвари давлат имрӯз ба 32 фисад расонда шуд. Пешвои миллати тоҷик ҳанӯз рӯзи нахустини ба сари қудрат омадани худ гуфта буд:

«Кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем».

Дар ин гуфторҳои сарвари давлат, ки дар даврони яъсу ноумедиҳо садо дода буд, калиди як ҷаҳон мушкилот ва орзую ормонҳои наҷиб нуҳуфта буданд. Таърих, вақт исбот намуд, ки таҷрибаи беш аз бистсолаи тоҷикон ва роҳи пешгирифтаи сарвари он дар ҷаҳон назир надорад. Пойдевори бунёднамудаи Тоҷикистони навин бо назардошти манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷамъият тарҳрезӣ гардидааст.

Тоҷикистон аввалин кишварест, ки дар байни давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода барои ноил шудан ба Хадафҳои рушди ҳазорсола бо дастгирии СММ самтҳои асосии Стратегияи Миллии Рушдро барои солҳои 2007-2015 таҳия карда буд. Тадбиқи самарабахши он ба инкишофи бомаром ва муназзами иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат намуд. Дар ин давра ММД 45,6 млрд гардид ва афзоиши воқеии он 6,7 фисад гардид.

Тавассути воридоти технологияи ҷадид фақат дар солҳои 2012-2014 зиёда аз ҳазор коргоҳҳои доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуданд. Ҳадафи асосии сарвари давлат ба анҷом расондани се вазифаи муҳим аст: аз бунбасти комуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон, соҳиб шудан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ба даст овардани амнияти озуқаворист, ки ҳамаи инҳо дар арафаи ба иҷро расидан аст. Кушода шудани роҳҳои мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Қароқурум, панҷ пул байни Тоҷикистону Афғонистон таҷдиди роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, Душанбе-Хуҷанд-Мастчоҳ, идомаи навсозии роҳҳои Душанбе-Нуробод, Ҷиргатол-Саритош дар иҷрои вазифаи аввал дастоварди муҳим мебошанд. Дар ин ҷода дар панҷ соли охир панҷ миллиард сомонӣ масраф гардид ва дар се соли оянда беш аз се миллиарди дигар пешбинӣ шудааст.

Ба анъана даромадани кишти такрорӣ, кушодани заминҳои нав, бунёди боғу токзорҳо, шодоб намудани даштҳои ташналаб, ташкили гармхонаҳо, содирот намудани меваю сабзавоти ватанӣ ба хориҷи кишвар гувоҳи он аст, ки дар самти амнияти озуқаворӣ низ қадамҳои устувор гузошта шуда истодааст.

Талошҳои сарвари давлат дар масъалаи об, бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ, сабук кардани ҷашну маросимҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ кардани Наврӯз аз иқдомҳои неки ӯст. Ин имкон медиҳад, ки ба арсаи олам фарҳанги тамаддунсози тоҷикон муаррифӣ карда шавад. Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории халқи тоҷик дурахшонтарин ситораест, ки дар осмони орзую омоли халқаш таҷаллӣ кардааст. Ӯ аз нахустин тоҷике буд, ки номи тоҷикро ба олам муаррифӣ карда, ба рағми тоҷикситезию тоҷикбадбинӣ бо амри дилу виҷдон сина сипар намудааст.

Имрӯз ба ӯ нисбат додани унвони пешвои миллат арзанда аст, зеро ӯ бо кору афкору ҷасорату худсӯзию созандагияш шоистаи ҳамин мақом аст. Ӯ худ ниёзу зарурат ба ин мақом надорад, аммо дар шароити кунунӣ, ки давраи ҷаҳонишавӣ, бархурди шадиди тамаддунҳо, манфиатҳои миллӣ, динӣ, наҷодӣ ва гурӯҳию ҳизбӣ аст, халқи тоҷик ба доштани чунин пешвои ҳамафаҳму хҳмадону дилсӯзу сарсупурдаи миллат чун обу ҳаво эхтиёҷ дорад.

Масрурбек Шакаров, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, устоди ДДХБСТ

 

 

 

Читать далее

Шахсияти умедбахшу дастгири давлат

 Дар таърихи давлатдории тоҷикон бисёре аз сиёсатмадороне буданд, ки давлату миллати тоҷикро то андозае ба орзуву ормонҳои неку солеҳи худ бирасониданд.

Аммо вақте мо таърихро варақгардон менамоем, аз ҳама қуллаи баланди давлатдории мутамадиин ва миллии тоҷикро дар давлатдории салтанати Сомониён ва баъди гузашти ҳазор сол ба замони кунунӣ мушоҳида менамоем.

Албатта бояд ёдовар гардид, ки барои ноил гардидан ба сохтмони давлати милливу озод нақши шахсиятҳои миллатдӯсту бовиқор аз заҳмату талошҳои ҷонфидоиашон ҷилвагар мегардад. Хушбахтона, давлату миллати тоҷик чунин як шахсияти умедбахшу дастгири давлату миллати худро дар симои Эмомалӣ Раҳмон дарёфтанд.

Дар асоси нигоришҳои таърихи навини тоҷикон мо гуфта метавонем, ки барои эҳёи давлати Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон чунин корҳои муҳим анҷом дода шуданд: барқарор кардани сохти конститутсионӣ, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳ, иҷрои босамари Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, барқарор кардани иқтисодиёт ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, баланд бардоштани некўаҳолии халқ, инкишофи фарҳанг ва инкишофи фаъолияти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Як нуқтаро бояд таъкид намоем, ки дар сатҳи байналхалқӣ низ сиёсати сулҳҷўёнаю ибратбахши сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун давлатдории ибратомез пиндоштаанд. Ин ҳолат шаҳодати он аст, ки аҳли саёра низ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун пешво ва наҷотбахши миллати тоҷик шинохтаанд. Барои тақвияти ин нуқта метавон ба чунин гуфтаҳои дабири кулли СММ нигарист: «Тоҷикистон дар ҳалли ихтилофҳои дохилӣ барои бисёр кишварҳо намунаи ибрати беназир гардид. Гумон мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар мусолимат мебошад». (Кофи Аннан).

Албатта, мо ҳама шоҳиди он гардида истодаем, ки имрўзҳо низ ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон бо сарварии қаҳрамони миллат Эмомалӣ Раҳмон рў ба тарақиёт ниҳода истодааст. Ва бояд ёдовар шавем, ки имрўзҳо яке аз қисматҳои муҳими сиёсати давлатиро ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ташкил медиҳад, ки ин ҳолат мо ҷавононро водор ба он месозад, то барои постдории сулҳу суботи кишвар ва дастгирии сиёсати хирадмандонаи пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат бубандем.

Мирзоқодир Қодиров, омўзгори факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБС

 

 

 

Читать далее

Кирдорҳои ваҳшиёнаи созмонҳои террористӣ

 Даҳшату ваҳшате, ки одамкушони давлати исломӣ нисбат ба сокинони Сурия ва Ироқ вақтҳои охир содир мекунанд, имрӯз ҷаҳониён онро ҳамчун амри маъмулӣ мепазиранд. Зеро дар вуҷуди ин пастфитратон аз ҷавҳари инсонӣ нишонаи дигаре боқӣ намондааст. Бадтарин дарранда назди кирдори ваҳшиёнаи онҳо поку беолоиш ба назар мерасад. Ин тӯдаи манқурт зери таъсири идеологияи мағзхӯру душмани илму маърифат ва тамаддуни умумибашарӣ ҳадафи ягонааш ба чӯлистону регзорони ҳазорсолаи пеш табдил додани дунёи мутараққӣ ва маҳв сохтани аҳли илм дар шуури инсонҳост.

Чанд соли охир дар кишвари мо ба инкишофу равандҳои ислом бештар таваҷҷӯҳ дода мешавад. Чуноне, ки аз расонаҳои хабарӣ бармеояд, сохтмони масҷидҳои нав, нашри китобҳои динӣ, мақолаҳои илмиву оммавӣ, филмҳову барномаҳои телевизионӣ роҷеъ ба мавзӯҳои ислом ва ҷаҳони имрӯза хеле зиёд шуданд. Вале, мутаассифона аксарияти нигоштаҳо дар бораи «исломи сиёсӣ» ва терроризму экстеримизм ва ба сафи ДИИШ (Давлати исломии Ироқу Шом) пайвастани иддае аз ҷавонони тоҷик маълумот пешниҳод намуда, вале муаллифону таърихнигорон оиди сабабҳои ба миён омадани терроризм, экстеримизм, тундгароӣ ва оқибатҳои офатбори он ва роҳҳои халосӣ аз ин вабои аср камтаризҳори назар мекунанд.

Дар айни ҳол дар ин навиштаҳо воқеаҳои фоҷиабори ба сари инсоният омадаро ба ҳаракату ҳизбҳои рӯҳияи исломидошта бештар нисбат медиҳанд, ки ин асос дорад. Воқеаҳои фоҷианоки рӯзҳои охир дар Покистону Ироқ, Сурия ва бархе аз кишварҳои дигар сокинони сайёраро ба андеша водор кардааст. Куштори 144 нафар аз ҷониби «Толибон», ки теъдоди зиёди онҳоро кӯдакон ташкил медоданд ва қатли 150 тан занону духтарон дар Ироқ, куштори як тан зани афғонӣ-Фархунда аз тарафи ҷавонони гумроҳ, аз дасти террористон исботи оштирнопазирии гурӯҳҳои мусаллаҳи ифротгароӣ ба ном «исломӣ» бори дигар мавқеъ ва мақсади худашонро ба оламиён нишон доданд.

Гурӯҳҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст зада, аз қатли кӯдакон ва занони бегуноҳ рӯй намегардонанд. Дар зери шиорҳои «ҷиҳоду қазоват» мехоҳанд ин «бемории бедаво»-ро бо кишварҳои дуру ҳамсоя таҳмил созанд. Бо ин кирдорҳои носолим, дунёро дар гирдоби тарсу даҳшатҳои тасаввурнопазир мехоҳанд нигоҳ доранд ва бо ин васила мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, соҳиби иқтидори иқтисодӣ гарданд. Ислом динест барои осудагиву амният ва ҳар як амале, ки дар аснои ибодат сурат мегирад, қалби инсонро ба шафқату муҳаббат ва раҳму адолат водор месозад. Тавре аз сарчашмаҳои аслӣ бармеояд, дар он дуруштиву ситам, таҷовузу ифрот ва дигар аъмоли зиддиинсонӣ вуҷуд надорад.

Фарҳод Абдураҳимов,
сармуаллими кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров

 

 

 

Читать далее

«Пешвои асри ХХI»

 Миллати куҳанбунёди тоҷик таърихи беш аз дуюнимҳазор сола дорад ва дар тӯли мавҳудияти хеш борҳо ба зулму таъқиботи аҷнабиён гирифтор гашта, аз чи қадар сарзаминҳои паҳновари хеш, фарзандони фарзонааш ва фарҳанги бойю рангинаш маҳрум гашт…

Баъд аз таназулёбии давлати Сомониён, танҳо дар даврони шӯравӣ озодии нисбӣ ба даст овард, аммо озодӣ ва истиқлолияти ҳақиқӣ танҳо пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ ва 9-сентябри соли 1991 соҳибистиқлол эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон насибамон гашт.

Ҳамагон хеле хуб воқифанд, ки солҳои аввали истиқлолият бо фаъолияти аввали истиқлолият бо фаъолияти ифротгароиёни дохиливу дахолати нерӯҳои иртиҷоии хориҷӣ меҳани азизи моро ҷанги бемаънии бародаркуш фаро гирифта, оғуштаи хуни бегуноҳон сохт. Қариб буд, ки ба касофати ин бадгуҳарон миллати тоҷик аз байн мерафт, яъне ба Тоҷикистони навбунёди мо хавфи азбайнравӣ таҳдид мекард.

Маҳз дар чунин айёми фоҷиабор, ки аксарият барои халосии ҷони хеш аз майдони сиёсӣ рафтан мехостанд, фарзанди сарсупурдаи Ватан, далеру шуҷоъ, оқилу доно Эмомалӣ Раҳмон синаи худро ба тири нохалафон сипар карда, устуворона ба арсаи сиёсат қадам ниҳод ва Тоҷикистони азизу миллати номдори тоҷикро аз вартаи ҳалокат раҳоӣ дод.

Чун дар Иҷлосияи тақдирсози ХVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, 19 ноябри соли 1992 бо боварии том Эмомалӣ Раҳмонро якдилона Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, роҳбари ҷавони чиҳилсола бо дарки масъулияти баланд, бо камоли шуҷоату ҷавонмардӣ ва боварии комил ба ояндаи неки тоҷикон савганд ёд карда буд:

«Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин ҷон нисор мекунам…»

Умуман қариб 23- сол мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлати тоҷикон аст ва ин таърихи кӯтоҳ гувоҳи он гашт, ки дар ҳақиқат ин марди ростқавл аз иҷрои ваъдаи хеш сарбаландона баромад, маҳбуби дилҳо ва пешвои миллати мо гардид.

Мардуми зиёди гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватани бобоиямон баргардонд, манзилу корхонаҳои сӯхтаву харобгаштаро обод сохт. Мардум бо талошу ҷонбозиҳои ин роҳбари оқил рӯзҳои гуруснагию хунрезиҳоро паси сар карданд. Заминҳо имрӯз шодобу корам, дар ҳама шаҳру навоҳӣ ва деҳаҳо имрӯз хиёбону гулгаштҳо, боғҳо, иншоотҳои фарҳангиву фароғатӣ, биноҳои замонавию баландошёна, мактабҳо, сағирахонаву маъюбхонаҳо, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, беморхонаҳо, масҷиду зиёратгоҳҳо, корхонаҳою фабрикаву заводҳо, қомат афрохтаанд ва бозҳам ин корҳои созандагиву бунёдкориҳои ҳаноби олӣ идома ёфта истодааст. Ҳазорҳо киллометр шоҳроҳҳо ва нақбҳои бузург бунёд гардидаанд. Нерӯгоҳҳои барқиву обии хурду бузург сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин ҳама аз хизматҳои ин чеҳраи рақами яки сиёсӣ ва дастовардҳои истиқлолият ба шумор меравад.

Аз ҳама дастоварди бузургтарини Эмомалӣ Раҳмон ин бешубҳа барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ аст, ки санаи 27- июни соли 1997 ба вуқӯъ пайваст ва сарвари давлат ҳарифони мансабталабро олиҳимматона ба сари мансаб нишонд, ки ин худ аз бузургии дили ӯ шаҳодат медиҳад ва имрӯз ин сулҳи тоҷикон чун намуна дар ҷаҳон мавриди омӯзиш аст.

Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар дохили кишвар балки берун аз он ҳам, барои баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон бисёр хизматҳои шоиста кардааст ва борҳо ба гирифтани ҷоизаҳои олии кишвару кишварҳои ҷаҳон ва байналмилалӣ мушарраф гардидааст. Масалан яке аз онҳо соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат ҷоизаи олӣ-медали тиллои «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият мебошад, ки аввалин маротиба Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони кишварҳои ИДМ барои гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардидааст. Хуллас, Эмомалӣ Раҳмон на танҳо пешвои миллати мо балки «Пешвои асри ХХI» эътироф шудааст, ки мо аз ин ифтихор мекунем.

Саодат Раҳимова, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти факултети филологияи точик ва ҳурналистикаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

 

 

 

Читать далее

Шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷиноят буда, оқибати вазнин дорад

 Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015-ум бо баробари нишон додани роҳҳои ҳалли масаълаҳои мубрами рӯз дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа диққати мақомоти марбутаро ба ҷой доштани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят аз ҷониби ноболиғону ҷавонон, мушкилоти мавҷуд дар таълиму тарбияи онҳо, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, такмил додани тарзи қабул ва баррасси муроҷиатҳои шаҳрвандон ҷалб намуда, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботро вазифадор намуданд, ки мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи сарҳади давлатиро пурзӯр намуда, фаъолият дар ин самтҳо ҷоннок карда шавад.

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст дар якқатор давлатҳо терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ба таблиғоту ақидаҳои ифротгароӣ зиёд шуда истодааст. Баъзе аз гурӯҳҳои ифротгар кӯшиш доранд, ки бо истифода аз дини мубини ислом, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ҷавонону наврасонро ба роҳи бад бурда, ба манфиати хеш истифода намоянд.

Аз ин лиҳоз, ба ҳар як шаҳрванди ба ору номуси ҷамъияти мо зарур аст, ки баҳри пешгирии ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро ва пешгирии сафари онҳо ба ҷангҳои хориҷи кишвар кӯшиш ба харҷ дода, ба ин масъалаи басо муҳим бетараф набошанд.

Дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия, тарҷума ва чопи Қуръони Карим ба забони тоҷикӣ 3 маротиба анҷом пазируфт, ки он ҳоло ба китоби рӯидастии шаҳрвандони кишвар табдил ёфтааст.

Имрӯзҳо ба имомхатибони масҷидҳо зарур аст, ки ҳангоми баргазории ибодатҳои динӣ талаботҳои китоби муқаддаси Қуръон, талаботҳои мазҳаби ҳанафӣ ва “Фатво”-и Уламои дини Ҷумҳури Тоҷикистонро аз 25.09.2014 солро ба ҷавонон тафсир намоянд, ки ин амал яке аз роҳҳои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мегардад. Зеро аксар ҷавонон гумроҳ шуда, аз надонистани ҳадфҳои ғаразноки сиёсии гуруҳҳои ифротгаро ва бо таври дахлдор нафаҳмидани талаботҳои динӣ мубини Ислом, кӯр-кӯрона фирефтаи таблиғоту ақидаҳои ифротӣ шуда, ба гурурҳҳои ҷиноятии ифротгаро шомил шуда, оқибат ба ҳаёти худ ва ба амнияти ҷомеа зарарҳои махсусан калон мерасонанд.

Баҳри дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои роҳбари давлат ва муваффақ гардидан ба мақсадҳои дар пеш гузошта шуда, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоҳои ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки дар кору фаъолияти худ тадбирҳои судманд андешанд.

Ҷинояткорӣ, зараровартарин ҳодисаи иҷтимоию ҳуқуқӣ буда, ба саломатӣ, ҳаёт, молу амволи шаҳрвандон таҳдид намуда ё зарар расонида, ба пайдоиши тарсу ваҳм ва изтироб дар руҳияи онҳо мусоидат карда, фаъолияти меҳнатӣ ва ҳисси созандагии онҳоро шикаст медиҳад. Аз ин лиҳоз, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ алалхусӯс ҷиноятҳои террористию экстремистӣ, ба манфиати ҳар як инсон, ҷамъият ва давлат кори муҳиму зурур буда, ҳамкории мақомти давлатӣ ва ниҳодҳои шаҳрвандиро тақозо менамояд. Аз ҷониби давлат барои бунёди ҷамъияти солиму осоишта ва зиндагии шоиста пайваста кӯшиш карда мешавад. Аҳли ҷомеа бошад, сиёсати ирӯзаро дастгирӣ намуда, ба амалӣ гардонидани корҳои назаррасу тақдирсоз, ободкорию созандагӣ машғул аст.

Ҳар як шаҳрванд бояд роҳи дурусту қонунии ҳалли масъаларо дарёфт намуда, барои бунёди ҳаёти осоиштаву сазовор бо меҳнати ҳалолу фоидаовар машғул гардида, барои бартараф намудани муаммоҳои умумиҷамъиятӣ саҳм гузорад.

Мутаасифона, бархе аз одамон бинобар номукаммалии маърифату маданияташон, беимонию бевиҷдонӣ аз рӯи мақсадҳои ғаразноку нопок ба корҳои ношоям, амалҳои ҷинояткорона даст мезананд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои содир шудани ҷиноятҳои муқобили ҳаёт ва саломатӣ, иштироки ҷавонон дар ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, аз паст будани сатҳи таълиму тарбия дар оила, муассисаҳои таҳсилоти миёна умумӣ ва олӣ, сустии назорати баъзе аз волидайн ва омӯзгорон ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон иборат аст.

Бинобар паст будани дараҷаи таълиму тарбия ҳисси инсондӯстию, вантандӯстӣ ва адлоатпарварии наврасону ҷавонон коҳиш ёфта, баръакс дар фитрати онон хислатҳои бади инсонӣ ба монанди бетарафӣ, дуруштӣ, дилсахтӣ, ҷаҳолати бадбинӣ бештар маскан гирифта, ба содир шудани кирдорҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби онҳо мусодидат мекунад.

Ҷавононе, ки ба риояи аҳкоми шариати Ислом бештар майл доранд, бинобар ноогоҳии сиёсӣ, паст будани сатҳи донишҳои динӣ, ба таври дахлдор надонистани талаботҳои мазҳаби ҳанафӣ, ки онро тамоми ниёгону бузургони мо пайравӣ кардаанд ва дар сатҳи паст қарор доштани маърифати ҳуқуқӣ ба равияҳои террористӣ ва эксремистӣ, яъне ифротгароӣ шомил шуда, ба пайдоиши низову ихтилофотҳои динию мазҳабӣ кӯр-кӯрона мусоидат мекунанд, ки он оқибатҳои нек надошта, чунин амалҳо бояд дар ҷомеа ба таври қатъӣ маҳкум карда шаванд.

Тибқи муқаррароти Қонуни ҶТ “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, ки он аз 26-марти соли 2009-ум амал мекунад, ба ҳар як инсон ва шаҳрванд ҳуқуқ ба озодии виҷдонро додааст, ки он неъмати олӣ буда, истифодаи муътадили он гарави оромиву осоиштагӣ ба ҳисоб меравад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” бо мақсади таҳкими ҳуқуқ ва озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, танзими муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ қабул карда шудааст.

Давлати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароит ва имконияти фарох барои пайравӣ ба дини мубини Ислом пайваста кӯшиш менамояд, ки қадр кардани он одилона мебошад.

Дар ноҳияи Шаҳристон амал намудани 1 масҷиди ҷомеъ ва 23 масҷиди панҷвақта, ки нисбат ба давраҳои пеш шумораи он якчанд маротиба зиёд аст шаҳодати суханҳои баён гардида мебошад.

Имрӯз ҳар як фарди солим ақли ҷомеа бояд дар пешгири намудани ҳодисаҳои номатлуб саҳмгузор бошад, қаблан ба ҳар як шаҳрванди инсондӯсту ватандӯст зарур аст, ки бо андухтани дониши амиқу ҳаматарафа ва дар худ парваридани хислатҳои ҳамидаи одамӣ ба наврасону ҷавонон намуна бошанд, зеро ҷавонон, ки ояндаи миллату давлати маҳбубамон мебошанд дар ҳалли бисёр масълаҳои ҳаётӣ ва пешгири ҷинояткорӣ қодир ҳастанд.

Ба ҷавонону наврасон лозим аст, ки масъулияти шаҳрвандӣ, ҳушёрии сиёсиро нигоҳ дошта, дар тамоми ҳолатҳои мушоҳида намудани кирдори ғайриқонунии ҳамсолону наврасон барои пешгирии кирдори онҳо чорандешӣ намоянд.

Баҳри пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ, ҷиноят ва муборизаи беамон бар зидди он ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷамотчигӣ зарур аст, ки корҳои зиёдеро ба амал бароранд.

Дар ин ҷодда ҳамоҳангсозии байни мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию шаҳрвандон аҳамияти муҳимро доро мебошад.

Бо мақсади бартараф намудани сабабу шароитҳои ба ҷинояткорӣ мусоидаткунанда прокуратураи ноҳияи Шаҳристон мунтазам санҷиш ва таҳлилҳои прокурорӣ гузаронида, ба роҳбарони мақомоту муассисаҳои давлатӣ мутобиқи талаботҳои Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод ирсол кардааст. Бояд қайд кард, ки террорист ва ифротгар (экстремист) на миллат дораду на халқият ва на давлат дораду на дину мазҳаб.

Бинобар ин, бар зидди зуҳуротҳои террористию экстремистӣ мубориза бурдан кори танҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ нест барои он, ки терроризм ва экстремизм на ба ҳаёти як нафару ду нафар ё ин ки ба ҳаёти шахсони алоҳида, балки ба ҳаёти аҳолии бегуноҳ ва амнияти ҷамъият таҳдид мекунад.

Дар фарҷом, аз хонандагони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоем, барои пешгирӣ намудани иштироки ҷавонон дар фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии ифротгаро ва ҷиноятпеша, таъмини амнияти ҷамъиятии ояндаи халқу Ватани худ бошуурона ва ҷасурона амал намоянд.

Абдураҳмон Валиев, устоди кафедраи ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

 

 

 

Читать далее

Чӣ бояд кард?

 Масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ифротгарою тундрав имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бисёр ташкилоту ҳаракатҳои экстремистӣ таъсис ёфтаанд, ки дар ин ё он давлат зуҳур намуда, ҷавонони соддаю ноогоҳро ба доми фиреби худ мекашанд. Афсӯс, ки дар байни онҳо шаҳрвандони ҷумҳурии мо ҳам ҳастанд. Ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки чаро онҳо ба доми «хоҷагон»-и хориҷӣ меафтанд?

Ба назари ман, як сабабаш фирефтаи пулу мол шудан ва ба ваъдаҳои беохири онҳо бовар карданашон бошад, сабаби дигар ноогоҳӣ ва дур будани онҳо аз ислом аст. Тасаввур кунед, ҷавоне, ки нав мактаби миёнаро хатм кард ва ба хориҷа (асосан ба Русия) ба кор рафт, вале дар он ҷо барои худ шуғли муносибе наёфт, дарҳол ба доми фиреби гумоштагони хориҷии соҳибтаҷриба меафтад. Зеро барои вай пул лозим аст, дар хона зану фарзандон ё волидонаш интизори маблағи ӯянд. Чӣ бояд кард, аз куҷо кор ва маблағ ёфт? Дар чунин лаҳзаи ҳассос гумоштагони таҷрибаманди давлатҳои хориҷӣ ба «ёрдами» ин ҷавонон меоянд.

Бо суханҳои пурдабдабаи «ба дини ислом хизмат кардан савоб аст, бояд душманони дини ҳақро аз рӯи замин нест кард, агар дар ин ҷода ҳалок шавӣ, шаҳид мегардӣ ва ҷоят ҷаннат мешавад» ва монанд ба ҳамин сари чунин ҷавононро гаранг кардан кори саҳл аст. Аз тарафи дигар, ваъдаи маблағҳои калон ва як қисми онро пешпардохт кардан ҷавононро водор месозад, ки дарҳол ба шарту шароити ин «хоҷагон» бовар кунанд. Чунки мақсади инҳо аз муҳоҷират маблағ пайдо кардан буд. Вақте ки дар Русия барои худ кори муносиб пайдо накарданд, хоҳу нохоҳ ба ин таклифҳо розӣ мешаванд.

Омили дигар чунон ки ишора рафт, бехабарии ҷавонон аз таълимоти исломӣ ва ҳадисҳои Муҳаммад пайғамбар (с.а.в) аст. ҳадисҳои Пайғамбари ислом касро ба одамдӯстӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ даъват мекунад, на ба ҷангу ҷидол. Он ҳадиси шариф, ки мефармояд: «Беҳтарин неъмат сулҳ аст» худ далели гуфтаҳои мост.

Пеш аз он ки ҷавонон ба «ҷиҳод» мераванд, бояд фикр кунанд, ки бо кӣ ҷанг мекунанд? Бо ҳамдини худ, бо мусулмон! Магар мардуми Ироқ, Сурия, Яман, Афғонистон ва як қатор мамлакатҳои дигар, ки имрӯз бесуботу ноором ҳастанд, мусулмон нестанд? Пас, чаро ҷавонони ноогоҳ бо бародари ҳамдини худ ҷангу ҷидол мекунанд? Оё фикр намекунанд, ки мисли лӯхтак бозичаи дасти «хоҷагон»- хориҷии худ шудаанд? Агар ташкилоти террористии «ҳизби таҳрир» манфиати мусулмононро ифода мекард, магар қароргоҳаш Англия мешуд? Танҳо андешидани он ки чаро давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ маблағҳои ҳангуфтро «ҳадя» мекунанд, онҳоро бо яроқу аслиҳаи навтарини замонавӣ таъмин месозанд, аз бисёр чизҳо далолат медиҳад. Яъне мусулмонро бо ҳамдини худ ҷанг дорондан, қобилияти истеҳсолию иқтидори мудофиаии давлатро суст кардан ва пас аз он ба ин мамлакатҳо қарз дода, зери назорати худ гирифтан аз таҷрибаи санҷидашудаи кормандони соҳаи мафкуравии давлатҳои абарқудрат аст.

Мо, тоҷикон, аз асари ноогоҳию зудбовариамон самараи ҷанги таҳмилии бародаркушро аз сар гузаронидем. Беш аз 150 ҳазор занону кӯдакон ва пирони бегуноҳ қурбон ҳамин сиёсатбозиҳои давлатҳои абарқудрат шуданд, миллионҳо нафар гуреза гаштанд, Ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ миллиардҳо доллар ҳисорот расид. Сад шукр, ки фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ин ҷанги бемаънӣ ва бародаркушро гирифт, вагарна Тоҷикистон ҳам Афғонистони дуюм шуда мемонд.

Мо бояд шукронаи ана ҳамин давру замонро кунем, шукрона гӯем, ки давлати ободу озод дорем ва ҳар коре, ки анҷом медиҳем, бояд сараввал фикр намоем, амали худро пешакӣ дар тарозуи ақл баркашем. Таваккал карда ба коре даст задан ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Аз воситаҳои ахбори омма мефаҳмем, ки чандин нафар ҷавонони тоҷикистонӣ дар давлатҳои хориҷӣ ҷангида ҳалок шудаанд. Мазмуни зиндагии онҳо аз чӣ иборат буд? Ба дунё омадан ва ҷангидану мурдан! Чаро ҷавонҳои 18-20-сола дар давлатҳои хориҷӣ ба даст яроқ гирифта меҷанганд? Онҳо бо кӣ ва барои чӣ меҷанганд, шояд худашон ҳам намедонанд. Дар сари онҳо танҳо як фикр ҷавлон мезанад, ки агар дар ҷанг шаҳид шаванд, ҷояшон ҷаннат мешавад, вале намедонанд, ҳанӯз як касро накушта ҳам барои худ аз дӯзах қабр кофтаанд. Зеро на дар «Қуръон», на дар ҳадисҳои Пайғамбари ислом дар ягон ҷой нахондем, ки мусулмон ҳамдини худро кушад ба ҷаннат меравад! Баракс, таълим дода мешавад, ки «Мӯъмин бародари мӯъмин аст», «ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст!» Модоме ки чунин аст, пас бародаркушӣ чӣ маъно дорад? Он ваҳшониятҳое, ки имрӯз давлатӣ ба ном «исломӣ» мекунад, ба чорчӯбаи ягон қонуну қоидаи шариати ислом рост намеояд. Занону кӯдакон ва пиронсолонро куштан, зинда ба зинда гӯр кардан ғайр аз ваҳшоният чизи дигаре нест ва ҷанговарони ин тӯдаи мусаллаҳи аз ақл бегона (онҳоро ба «Давлати исломӣ» гуфтан забони кас намегардад) зархаридони душманони дини исломанд. Мо, зиёиён, пеш аз ҳама ана ҳамин чизро бояд ба мардум фаҳмонида диҳем.

Ба андешаи ман, дар муассисаҳои таълимӣ, хусусан ба хатмкунандагон пайваста гӯшрас кардани амалҳои ҷинояткоронаи ҳизбу ҳаракатҳои ғайри- қонунӣ ва фаҳмонидани моҳияту мақсади гурӯҳҳои тундраву ифротгаро басо зарур аст. Танҳо дар соатҳои тарбиявӣ не, балки дар ҳар як дарс вобаста ба мавзӯъ, хусусан, дарсҳои таъриху адабиёт таъкид кардани кирдорҳои ношоистаи ҷавонони гумроҳ ва нишон додани амалҳои носавоби онҳо зарур аст. Бояд доир ба ин масъала дар байни хонандагони синфҳои болоӣ пурсиши афкори умум гузаронида, андешаи онҳоро фаҳмид, ки нисбат ба ҳизбу ҳаракатҳои ифрогаро чӣ ақида доранд. Маъмурияти ҳар як муассисаи таълимӣ фикру ақидаи шогирдони худро таҳлил ва ҷамъбаст намуда. барои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба тӯдаҳои тундрав мақоми муҳим хоҳад бозид. Дар як вақт камбудиҳои мавҷударо (мумкин аст, баъзе хонандагон нисбат ба ин ташкилотҳо хайрхоҳ ҳам бошанд) ислоҳ кардан имконпазир мегардид ва пас аз хатми мактаб пеши роҳи шомилшавии онҳо ба ин гурӯҳҳо гирифта мешуд. Дар ин ҷода, бояд маъмурияти муассисаҳои таълимӣ аз рӯи нақшаи мушаххас ва мақсаднок корбарӣ намояд.

Аз тарафи дигар, бояд раисони маҳаллаҳо бо аҳолӣ дар робитаи зич бошанд, тез-тез маҷлису ҷамъомадҳо гузаронида, ба падару модарон ва сокинони қаламравашон моҳияти зиддидинӣ ва зиддибашарӣ доштани гурӯҳу ташкилотҳои террористиро фаҳмонида диҳанд.

Хулласи калом, бояд ҳар кадоми мо барои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ саҳми худро гузорем, зеро қуввати мушт дар даҳ ангушт гуфтаанд.

Сурайё Ҳакимова, номзади илмқои филологӣ, устоди кафедраи журналистикаи факултаи филология ва журналистикаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

Читать далее

Сарвари Худодод

 Ҳодисаҳои сиёсии августи соли 1991 дар шаҳри Москва сабаб гашт, то ки аз харитаи ҷаҳонӣ номи як давлати абарқудрат, Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Сотсиалистии Шўравӣ (ИҶСШ - СССР) бардошта шуда, ба ивази он 15 давлати нав пайдо гардад. Дар қатори онҳо санаи 9 сентябри ҳамон сол тоҷикон низ баъд аз 1000 соли сулолаи Сомониён соҳиби давлати соҳибистиқлол, Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд. Ин рўйдоди таърихӣ боиси хурсандии шаҳрвандон шуда, барои умеду орзуҳои рангин аз ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон дарак дод.

Чунин ҳолат бархе аз душманони миллати қадима ва куҳанфарҳанги моро ором намегузошт. Ин буд, ки бо мақсади аз байн бурдани давлати ҷавони соҳибихтиёр хоҷаҳои бурунмарзӣ, бо истифода аз нерўҳои носолими ба истилоҳ «демократу равшанфикр», тавонистанд дар ҳудуди Тоҷикистон бўҳрони тўлонии сиёсиро ба вуҷуд оварда, сипас, аз моҳи майи соли 1992 миллатро ба доми ҷанги бародаркуш кашанд.

Гирдоби қазияи шаҳрвандӣ дар замоне сар зад, ки вазъи сиёсию иқтисодии ҳамаи давлатҳои собиқ Шўравӣ, бахусус Тоҷикистон дар ҳолати ногувор қарор дошт. Идеологияи коммунистие, ки зери таъсири он тўли 70 сол якчанд насли пешин ба воя расида буд, аз байн рафт. Бар ивази ақидаҳои қаблӣ ғояҳои гуногуни ба мардуми мо бегона ба тарзи сунъӣ ба кишвар ворид карда шуда, сабаби нофаҳмиҳою низоъ, маҳалгароӣ ва ба якчанд гурўҳ тақсим гардидани ҷомеа гардид.

Кинаю адовати шадид ва хусумат нисбати якдигар, бесарусомонию беҳокимиятӣ, зуҳуроти тахрибкоронаи диндорони ғайр ба он расонид, ки хуни мардуми бегуноҳ рехта шуд, шаҳру деҳоти минтақаҳои алоҳида ба харобазор мубаддал гаштанд. Аҳолии осоишта қашшоқ гашта, ақли оммаро ноилоҷию бедармонӣ фаро гирифт. Шумораи гурезагоне, ки дар кишвари Афғонистон азобу уқубати ғарибӣ мечашиданд ба як миллион расида буд. Ба замми ин роҳбарони он давра аз ўҳдаи иҷрои рисолати хеш дар назди халқу меҳан набаромада, пайдарпай ба истеъфо мерафтанд. Кор то ба дараҷае расид, ки пойтахти азизамон як муддат зери тасарруфи қувваҳои ғаразноки аз хориҷа идорашаванда афтода, ба давлати миллии тоҷикон хатари аз байн рафтан таҳдид мекард.

Маҳз дар чунин вазъияти ноустувор, моҳи ноябри соли 1992 фалак ба тоҷикон раҳм кард. Дар Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи ХVI -уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, ба иҷлосияи тақдирсоз мубаддал гардид. Чунки маҳз дар он ҷо бо интихоб гардидан ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад.

«Ман ба халқу миллатам сулҳу ваҳдат меорам. То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намехобам», - ин буд аввалин суханҳои Сарвари тозаинтихоби Ҷумхурии Тоҷикистон. Оре, дар пеш мушкилиҳои зиёде буданд, ки роҳи ҳалли онҳо дар таърихи навин амсоле надорад. Зиёда аз як миллион гуреза дар ғарибӣ, ҳазорҳо манзили валангор, корхонаю истеҳсолоти бефаъолият ва робитаҳои иқтисодии кандашуда бо кишварҳои ҳамсоя, бонкҳои холӣ, роҳҳои вайрона, мардуми бекору гурусна, ҳазорҳо ятимон, авҷи ҷинояткорӣ, бунбасти коммуникатсионӣ, тобеияти энергетикӣ, сарҳади кушода, набудани Артиши миллӣ ва инчунин, дигар институтҳои таҷрибадори давлатдорӣ, дигар мушкилию норасоиҳо – чунин аст меросе, ки насиби ин марди шуҷоъ гардид.

Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, соли 1993 Артиши миллӣ ва Гвардияи миллӣ ташкил карда шуд. Соли 1994 мардуми Тоҷикистон соҳиби Сарқонун (Конститутсия)-и нав гардида, Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд.

Дар марҳилаҳои гуногуни роҳбарӣ Ҷаноби Олӣ борҳо ҷони худро зери хатар гузошта, ба минтақаҳои даргир, аз ҷумла Афғонистон сафар кард. Бо роҳбарони мухолифини онвақта гуфтушунидҳои босамар барпо намуда, оқибат ба мақсади сулҳпарастонаи худ расид.

Санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи ризоияти сулҳи тоҷикон ба имзо расида, Тоҷикистон аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфт. ҳамзамон, ҳамаи гурезагон аз ғарибӣ ба Ватани худ баргардонида шуданд.

Солҳои минбаъда Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кўшишу заҳмат ва сиёсати хирадмандонаи худ, бо гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ баҳри эҳё намудани таъриху фарҳанги ниёгон, пос доштани хотири фарзандони барўманди миллат, бо ташаббус ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳои бузургу беҳамто, ба мисли сохтмони шоҳроҳҳою нақбҳои ҳозирзамон, роҳи оҳан, нерўгоҳҳои барқи обии «Сангтўда-1» ва «Сангтўда-2», нерўгоҳҳои «Помир-1», «Помир-2» ва ғайра, мусоидат ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ, соҳибкорӣ, сохтмони иншоотҳои саноатию маишӣ ва манзил, муттаҳид намудани тоҷикони дунё, инчунин бо дигар кирдорҳои нек тавонист ба дилу дидаи ҳар як фарди тоҷикистонӣ ҷой гирифта, соҳиби ифтихори миллӣ гардад.

Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта шуда, сазовори нуфузу эҳтироми хос гардидааст.

Бо камоли эҳтиром ва боварии комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон пешвои миллат буда, дар назди ҷаҳониён таҷассумгари симои безаволи тоҷикон мебошад. Таҳти роҳбарии пешвои миллат Тоҷикистони азизро фардои дурахшон интизор аст.

Худойдод Одинаев, номзади илмҳои иқтисодӣ, устоди ДИС ДДТТ

 

 

 

Читать далее