April 2015

28 April 2015

Ифротгароӣ ва терроризм

 Имрӯз дар таҷрибаи ҳуқуқи байналмиллалӣ таърифи воҳиде аз истилоҳи ифротгароӣ ва терроризм ба назар намерасад. Ифротгароӣ ё худ экстремизм маънои истифода аз василаву абзорҳои номуносибу мамнӯъ барои ба даст овардани аҳдофи сиёсӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва ғайраро дорад. Терроризм ё худ ваҳшатафканӣ ифротгароест, ки ба марзи ниҳоии худ расидааст. Ҳар ду низ боиси аз байн рафтани суботу оромиш ва ҳусни тафоҳум миёни гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ мебошад.

Бидуни шак, имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидоти суботу амнияти ҷаҳонист. Ин падида, инчунин бо қавм, фарҳанг ва дини мушаххасе рабте надорад. Аммо бархе аз марокизи қудрати ҷаҳонӣ дар талоши пӯшонидани либоси «исломӣ» ба тани ифротгароӣ ва терроризм мебошанд. Ҷойи таассуф аст, ки иддае аз расонаҳо низ ба таври айнӣ назари расонаҳои байналмиллалиро, ки тобеи марказҳои мушаххас мебошанд, такрор карда, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» мехонанд. Дар асл ин созмону ҷараёнҳо ҳамин ҳадафро доранд, ки онҳоро «исломӣ» шиносанд, то барои ҷаҳониён тасаввури ба истилоҳ «баробарӣ ва ғайримуосир» будани ин дин собит шавад. Бинобарин дар ин масъала бояд бо ҳушёрӣ пеш равем, то худро гирифтори бозиҳои қудратҳо накунем.

Пас, бояд меъёри аслии шинохти мо аз ҳар гуна хатару таҳдид манфиатҳои асили миллӣ, динӣ ва фарҳангамон бошад. Дар заминаи шинохти манофеи миллиамон бо таваҷҷӯҳ ба шароити феълии байналмиллалӣ бояд корҳо дар сатҳи сохторҳои давлатӣ, донишгоҳҳо, расонаҳо ва ба сурати барномавӣ пайгирӣ шаванд. Яке аз вазифаҳои муҳими марбут ба расонаҳо фароҳам кардани муҳити дарку шинохти саҳеҳ аз манфиатҳои миллӣ тавассути худи рӯзноманигорон мебошад. Вақте дар Тоҷикистон иттифоқ афтад, бархе аз мо ба ҷойи муроҷиат кардан ба ниҳодҳо ва коршиносони худӣ ба таҳлилгарони кишварҳое рӯй меоваранд, ки масъаларо бо таваҷҷӯҳ ба манфиатҳои миллии худашон тафсир мекунанд.

Дар масъалаи ифротгароӣ ва терроризм низ тайи даҳсолаҳои охир шоҳиди ба кор гирифта шудани стандартҳои дугона ҳастем. Қудратҳо аз падидаҳои ифротгароӣ ва терроризм ба манзури фишор ба рақибони геополитикиашон истифода мекунанд. Ҳатто ин масъала баҳонаи ҳузури низомии онҳо дар минтақаҳои ҳасоси геополитикӣ ва дорои захираҳои саршори энержиро фароҳам кардааст. Ҳарҷу марҷи чанд соли охир дар Ховари Миёна ва Африкои шимолӣ ба таври мустақим бо ин масъала иртибот дорад. Дар Сурия ва Ироқ шоҳиди онем, ки аз як тараф гурӯҳҳои террористӣ (монанди Давлати исломӣ) мавриди ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор мегиранд ва аз тарафи дигар ба инҳо силоҳу муҳиммот вогузор мешавад.

Бархурди дугона ва истифодаи абзори ин падидаи шуму хатарнок аст, ки масъалаи «мубориза бо терроризм» камарзишу беэътимод мондааст. Худи ин шеваи носолим ангезаи ҷалби бархе ва махсусан ҷавононро ба гурӯҳҳои террористӣ фароҳам намудааст. Бинобарин бояд дар канори иқдомоти қудратӣ инчунин маҷмӯйи аз чораҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идеологӣ ва фарҳангӣ қарор дода шавад, то натиҷаи матлуб ба даст ояд.

Ҷалби ҷавонони чӣ тоҷик ва чӣ кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ки дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд, равандест, ки аз солҳои пеш оғоз шудааст. Барои ба ин кор сармоя (ҳам аз тариқи хадамоти махсуси кишварҳои марбута ва ҳам аз тариқи иқдомоти ҷиноӣ, монанди кочоқи маводи мухаддир) ва гурӯҳҳои махсусе, ки дар манотиқи гуногуни ин кишвар фаъолият анҷом медиҳанд. Намояндагони созмонҳои террористӣ муҳоҷирони кории Осиёи Марказиро ба чандин гурӯҳ тақсим мекунанд

Гурӯҳи аввал иборат аз афроде мебошад, ки нисбати мутаддайин буда, таҳти таъсири таблиғоти «ҷиҳодӣ» омодаи саҳм гирифтан дар мубориза алайҳи «куфор» дар ҳар нуқтае аз дунё мебошанд, ки барои ин ҳадафи «муқаддас» пулу сармоя ҳам намехоҳанд. Гурӯҳи дуввумро бештар ниёз ба пул ва беҳбуди шароити иқтисодӣ дар ин масир қарор медиҳад.

Иддае аз ҷавонони муҳоҷири корӣ ба сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб ба дунболи ислоҳи вазъи худ мегарданд, ки пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» онҳоро фирефта мекунанд.

Аммо онҳое, ки ба ҷалби ҷавонони Осиёи Марказӣ барои ширкат дар «ҷиҳод» машғуланд, ҳамагӣ хориҷиву бегона нестанд. Барои ба даст овардани эътимоди қурбониёни билқувва ҳамеша кӯмаку ҳамкории афроде лозим аст, ки аз худи муҳоҷирони корӣ бошанд. Ин афрод маъмулан аз сатҳи нисбатан лозими донишҳои динӣ ва шеваҳои таъсиргузории равонӣ бархӯрдор буда, қодир ба додани посухҳои итминонбахш ба пурсишҳо ва шубҳаҳои ҷавонон мебошанд. Ин кор ҳам ба сурти мустақим (сӯҳбату гуфтугӯ, вогузории адабиёту маводи марбутаи савтиву дидорӣ ва ғайра) ва ҳам аз тариқи фазои маҷозӣ ва ё худ интернет амалӣ мегардад.

Намояндагони гурӯҳҳои ифротиву террористӣ беш аз ниҳоди расмиву ҷамъиятии кишварҳои минтақа бо муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия сару кор дошта, онҳоро ба доми макри худ мекашанд, ки дар оянда барои суботу амнияти ин кишварҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод хоҳад кард. Ҳамин ҳоло ҳам аломатҳои тадриҷии ин таҳдид ба мушоҳида мерасад. Бинобарин дар назар гирифтани барномаи ҷомеаи миллӣ (бо ҳузури фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯҳонияти бонуфуз, шахсиятҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра) метавон ба коҳиши таъсири манфии ин падида даст ёфт.

Рӯ овардани баъзе аз ҷавонони чӣ тоҷик ва чӣ дигар кишварҳои минтақа ба гурӯҳу ҷараёнҳои ифротӣ далелу сабабҳои худро дорад. Баъзе ин сабабҳо дохилӣ ва баъзе ҳам хориҷист. Дар робита ба сабабҳои дохилӣ метавон ба бархе мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ишора кард. Албатта, ин мушкилот ба зоти худ наметавонанд боиси ифротӣ шудани ҷавонон гарданд, аммо бо вуҷуди ин, ба эҷоди ангеза кумак мекунанд, ки аз он гурӯҳҳову ҷараёнҳои ифротӣ истифода менамоянд.

Сабабҳои хориҷӣ ба сурати мустақим ба манфиатҳои бозигарони фароминтақавӣ бармегарданд, ки мутаассифона, таи даҳсолаҳои ахир дар рақобатҳои геополитики худ аз гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳатто терррористӣ ҳамчун абзори нуфуз баҳрабардорӣ ба амал меоранд.

Таҷрибаи даргириҳои Қафқози Шимолӣ, Афғонистон, Ховари наздику Миёна ва ба хусус, Сурия ва Ироқ ин воқеиятро тасдиқ мекунад. Алабтта, бо вуҷуди он, ки дар беш аз ду даҳаи пеш ба Тоҷикистон ҷангу даргириҳои дохилӣ таҳмил шуд, роҳбарияти кишвари мо таҷрибаи бисёр арзишманди таомулу тасомуҳро андӯхт, ки мусолиҳаи миллӣ ва сулҳу суботро ба бор овард. Дар он марҳала фазои ҳусни тафоҳум миёни гурӯҳҳои мухталиф ва меъёр қарор додани арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ имкони нуфузу таъсири идеологии созмонҳову ҷараёнҳои ифротиро ғайриимкон карда буд. Дар марҳилаи баъди шароити геолполитикии минтақа ба далели шиддат гирифтани рақобати қудратҳо тағйир кард ва хатари ифротгароӣ домани ҳама кишварҳои Осиёи Марказиро гирифт.

Дар чунин шароит ҳифзи фазои таомулу тасомуҳ барои Тоҷикистон бисёр муҳим буду ҳаст. Зеро бо ҳамкории муҳимтарин асотири иҷтимоӣ метавон раванди рушди диниро натанҳо назорат кард, балки дар масири саҳеҳ низ қарор дорад.

Дар ин росто ҳамкории фаъолона ва огоҳона бо руҳоният (бидуни тақисими онҳо ба расмиву ғайрирасмӣ) дар ҳифзи фазои матлуби динии кишвар бисёр муҳим мебошад. Лозим аст, ки меъёри аслӣ шинохти манфиатҳои миллӣ, риояи қонун ва ҳифзи мазҳаби таърихии мардуми Тоҷикистон бошад.

Дунбол шудани масоил дар чунин чорчӯб, ки комилан дохиливу миллист, баҳонаро аз дасти идеологияи таҳмиливу бегона гирифта, имкони мудохилаи онро ба ҳадди ақал хоҳанд расонд.

Раёсати маорифи шахри Исфара

 

 

 

Читать далее

Пойдории давлат аз пешвои миллат аст

 Даҳсолаи охири асри ХХ пешрафти соҳаи илму техникаи ҷаҳони муосир ба сатҳе расид, ки бузургтарин нерўҳои ақлронии инсон, ки ояндаи худро ба он пурра вобаста намуданд ва асри ХI-ро асри илму техника номиданд. Ҳақиқатан ба давраи кунунии инсонӣ муяссар гашт, ки марказҳои ҷаҳони мутараққиро ба нуқтаҳои дуртарин ва аз фарҳанги муосири бехабари сайёра ба вуқўъ мепайванданд ва табодули иттилоотиро тавре ба роҳ монанд, ки ин гўшаҳои дунё дар давоми дақиқаҳо аз ҳодисаҳои гўшаи дунё бохабар бошанд.

Вале, мутаасифона инсон дар тўли 100 солаҳо зина ба зина ба бўҳронҳои табии, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низомиро пайдарпай такрор ба такрор рўбарў мегардад, хулосае аз раванди таърих набардошта барои мушкилотро бар сари хеш афзунтар менамояд. Дар баробари пешрафти илму техника бунёдгарони сиёсати нав сиёсати нави ҷаҳонишавиро тавлид сохтанд.

Раванди зўригароӣ бо истифодаи яроқу аслиҳа ба хотири фасод намудани сиёсӣ, падидаҳои навини имрўзу ояндаи насли инсон хавфнокро аз қабили терроризм ва радикализми динӣ ба миён овард. Раванди мазкур неку бадро ба ҳақ ва дини мубини исломро парчам намуда, таҳти шиори «ҷиҳод ба душманони ислом» номиданд ва ба иқдомоте даст заданд, ки дар бештари ин амалҳо шахсони ғайринизомӣ, тифлону занони бегуноҳ қурбон мешаванд.

Ин нуқтаҳоро ба эътибор гирифта, Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёде андешида сарчашмаи низову хатарҳоро баршараф намуд ва ба он васила якпорчагии Тоҷикистон ва сулҳу осоиши мардуми тоҷикро таъмин намуд, ки шоёни таҳсин аст.

Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Бояд тадбирҳое андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд”.

Ин гуфтаҳои пешвои миллат моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба масъалаи мазкур эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем ва бо кору созандагӣ Ватанро обод намоем.

Баротова Г.Қ.
Устоди кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

 

 

 

Читать далее

Фарзанди фарзонаи миллат

 Мардуми куҳанбунёди тоҷик дар тули таърих ҳамеша дар пайи сулҳу субот ва ободкориву бунёдкорӣ ва ба ҳамаи миллатҳо дастгиру некхоҳ буду ҳаст. То андозае, ки барои мардуми Аврупо миллати тоҷик ҳаққи панҷсадсола устодиро дорад. Чӣ дар соҳаи тиб, риёзиёт ва дигар илмҳои дунявӣ. Адолати ҳукумати Сомониён ба андозае буд, ки мардуми атроф худашон ба тобеияти ин давлат пепайвастанд.

Имрӯз баъди ҳазор сол мардуме, ки душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт, боз соҳиби хонаву давлати соҳибистиқлол гардид. Боз ин оташи дар таҳи хокистар дубора равшан шуд ва барои башарият ба пошидани нуру зиё оғоз кард.

Неъмате беҳтар зи Истиқлол нест,
Ҳоҷати бисёр қилу қол нест.
Ин саодат, ин шарофат, ин карам,
Ҷуз насиби миллати фаъол нест.

Мардуми тоҷик баъди ҳукмронии сулолаи Сомониён ҳазорсолаҳо то Истиқлолият бедавлат буданд.Баъди соҳибистиқлол гардидани кишварамон бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем дар арсаи ҷаҳонӣ бо соҳиби давлат гардем. Миллати куҳанбунёди моро боз ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлат, соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг шинохтанд. Пешниҳодҳои Сарвари давлати моро дар самти об дар арсаи байналмилалӣ қабул намуда, онро ҳамчун пешниҳоди наҷотбахши инсоният қабул намуда, аз рӯи он амал намуданд, ки ин ифтихори якояки сокинони ин кишвар ва умеду орзуҳои тамоми тоҷикони дунё ва форсизабонон аст.

Бо ҷаҳонишавии Наврӯзи Аҷам бори дигар исбот гардид, ки миллати тоҷик дар фарҳангу тамаддуни сокинони сайёра саҳм дорад. Ҳамчунин фарзандони миллати тоҷик мисли Сино, Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Рӯдакӣ, Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ ва чандҳои дигар барои тарбияву тамаддуни башарият саҳми арзанда доранд.

Имрӯзҳо ҷаҳониён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сулҳовару ваҳдатсаро мешиносанд ва аз сулҳи тоҷикон омӯхта, истифода менамоянд, ки боиси ифтихор аст.

Мардуми тоҷик тавонист бо Роҳбари муаззами худ аз вартаи ҷангу ҷидол ва нобудӣ раҳоӣ ёфта, ба зиндагии оромонаву осоишта расида, барои ҷоҳониён усва гардиданд.

Дар ҷодаи пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мо тавонистем бо сарварии қаҳрамони миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба қуллаҳои баланд расида, дар оянда давлати мо ҳамчун давлати пешрафтаву мутамаддин шинохта мешавад.

Дар самти раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ бо бунёди нақбҳову роҳҳои сатҳи байналмилалӣ тавонистем нақшаҳои дар замони Шӯравӣ амалӣ нашударо иҷро намоем ва бо бунёди нерӯгоҳҳои бузург натанҳо ба истиқлолияти энергетикии кишварамон, балки ба соҳаи таъминоти барқи тозаи экологӣ минтақа ва ҷаҳон саҳм гузошта, ба пешрафти иқтисодии ҷомеа нақши амиқ дорем.

Бунёди корхонаҳои бузург, иморатҳои истиқомативу маъмурии боҳашамат, биноҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, варзиш, фарҳанг ва шаҳрҳо нишон медиҳанд, ки кишвари мо дар расидан ба қуллаҳои баланд гомҳои устувор зада истодааст.

Дар такя бо ҳамин пешравиҳо бо боварии комил гуфта метавонам, ки Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони пешвои миллат арзанда мебошанд. Инро бо боварии комил гуфта метавонам, ки ҳар як сокини кишвар қабул дошата, бо ифтихор ба ояндаи кишвар умед дорад.

Каромат Нурмуҳаммадов, устоди Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент

 

 

 

Читать далее

Ифротгароӣ – хатар ба амнияти кишвар

 Имрўз атрофи тундгароӣ, ифротгароӣ, терроризм сухан бисёр мегўянд. Дар ҳақиқат терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар бисёр мамлакатҳо паҳн гардида, хатари калони иҷтимоӣ дорад ва ба амнияти кишварҳо бевосита таҳдид менамояд.

Тундгароӣ, яъне дастгирӣ ва пайравӣ намудан ба ақидаҳои яктарафаи бемуросо буда, бештар равияи динӣ ва сиёсӣ доранд. Ва метавон гуфт, ки тундгароӣ оғози терроризм аст. Ин шакли ниҳоии хеле хатарноки тундгароӣ мебошад ва бештар ба одамони бегуноҳ ва амнияти кишвар таҳдид мекунад.

Ҳанўз ҳам аз хотирҳо хабари ҳамлаи террористон ба яке аз муассисаҳои таълимии шаҳри пешовари Ҷумҳурии исломии Покистон, ба ҳалокат расидани 144 нафар, аз ҷумла 132 нафар хонанда, зудуда нашудааст. Ин хабар, ба ростӣ, ки ба ҷаҳониён даҳшат ангехт. Бисёриҳо қотилонро маҳкум карданд.

Маълумотҳои оморӣ далолат мекунанд, ки тундгароӣ ва терроризм ба кишвари мо ҳам роҳ ёфтааст. Агар соли 2011 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 34 нафарро ба ҷурми узвият ба чунин гурўҳҳо дастгир карда бошанд, соли 2014 ва 3 моҳи соли равон ин рақам 144 нафарро ташкил додаст. Айни ҳол дар Сурия 200 нафар шаҳрвандони мо дар гурўҳҳои террористӣ меҷанганд!

Месазад, ки сари ин рақамҳо андеша кунем. Зеро таҳлили ҳодисаҳои охир гувоҳӣ медиҳанд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмўъ ба Осиёи Миёна, терроризм ва экстремизми байналмилалӣ таҳдид карда истодааст.

Аз тарафи дигар дурусттар фикр кунем, роҳ ба ифротгароиву терроризм бо воситаи таассуб аст. Вожаи «таассуб» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чунин шарҳ ёфтааст: 1.

Таассуб – тарафдорӣ, ҳимоя, пуштибонӣ. 2.

Таасссуб – тарафдории кўркўрона, муттаассибӣ, хурофотпарастӣ.

Имрўз баъзе аз ҷавонони мо кўркўрона пайрави ин ё он равияву мазҳабҳо мешаванд. Риш мемонанд, ба даст тасбеҳ мегиранд ва ё духтарон сатр мебанданд.

Аз духтараке, ки шояд дар синфи 8 ё 9 мехонд пурсидам? - метавонӣ калимаи шаҳодатро такрор намоӣ? Намедонист. Пас бо чӣ мақсад сатр мебандад. Вақте намоз намегузорад, бо «Қуръон» шинос нест?! Яъне, таассуби кўркўрона.

Бо романи Мирзо Шукурзода «Тўфони тавсан» шинос шудам. Нависанда ба тақлиду таассуб ишора карда менависад. Замони ба чунин махлуқҳо дар Хавдеҳ бо даҳони қаҷ кўри Карим, кали Оқил, дузди Довуд, Шабираи шашрўя, Даламбаи дала, беваи Ҷаваки ҷодугар гўён бо тамасхур муроҷиат мекарданд. Баъди бозгашт (ҳаҷро дар назар дорад ) калу кўру дузд «Ҳоҷӣ мешаванду шашрўяву даллаву ҷодугарҳо «ҳоҷӣ она», муддате «зоирони хонаи Худо» болонишини манзилу маҳфилҳоянд. Аммо селоби шўрангези вақт бо тадриҷ ҳама зарҳали тақвои сустбунёди ононро шуставу афшонда, оҳару ҷавҳари эътиқоди маснўъияшонро ба хоку рег яксон месозад. Кал – кал мемонаду дузд – дузд; далларо дала мегўянду шашрўяро шашрўя… Яъне инсон ба асли хеш бармегардад.

Хуб, чӣ тавр ҷавононро аз тамоюл ва гароиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ наҷот дод!. Ҳол он ки 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005 қонун «Дар бораи мубориза ба муқобили терроризм»-ро қабул карда буд, ки дар он мақсади қабули қонун, мафҳуми терроризм, фаъолияти террористӣ ва вазифаҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ муайян карда шудаанд. Лекин бо қувваи давлат мубориза бурдан бо зуҳуроти фаъолияти гурўҳҳои ифроти дар байни ҷавонон кифоя нест. Ин вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар бояд бошад. Аз ин рў бояд фаъолияти тамоми сохторҳои давлативу ғайридавлатиро равона кард. Ҷавонон рисолати таърихӣ ва масъулияти хешро мебояд эҳсос намоянд. Дар ниҳоди ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандўстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва атрофиёнро бедор созем.

Имрўз ҳамкории мутақобилаи шаҳрвандон бо мақомоти қудратӣ боиси нигаронист. Кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеа кам кор мебаранд.

Бо ибтикори Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 – соли «Оила» эълон карда шуд. Президенти кишвар хуб медонад, ки оила ҳамчун ниҳоди асосии иҷтимоикунонии фарзандон вазифадор аст, ки мутобиқгардонии ҷавононро ба ҳаёти иҷтимоӣ дар шароити муосир ва ҳифзи онҳоро аз таъсири гурўҳҳои гуногуни ифротӣ, экстремистӣ таъмин намояд. Дар пешгирии ифротгарӣ нақши оила муҳим аст, зеро оила агар аз ҳалли ин масъала худро дур гирад он самара намедиҳад.

Нависандаи ин сатрҳо дар муассиса фаъолият мебарад, ки ҳар рўз бо даҳҳо ашхос рў ба рў шудаву сўҳбат мекунад. Аснои сўҳбат аз эшон пурсон мешавам, ки чанд сол инҷониб мо муазимонем. Ягон нафар, хоҳ маълумоти миёна дошта бошаду хоҳ олӣ намедонанд. Намедонанд, ки арабҳо барои ҷорӣ кардани дини худ миллионҳо одамонро қир карданд. Ба таври маҷбурӣ дини исломро ба дўши халқи мо бор карданд. Фарҳанги худро бо зўрии шамшер ба мағзи сари аҷдоди мо ворид карданд. Аз ин рў моро манқурт менамоянд. Вожаи «манқурт» касеро ифода мекунад, ки хотира ва муқаддасоти таърихӣ, аз он ҷумла падару модар, деҳа, қабристон, забон, фарҳанг, ватан, миллат ва монанди инҳоро ба хотири арзишҳои бегонаи зиддишиносӣ мефурўшад. Умуман манқурт хизматгори хоҷаи бегона аст. Ва боз пеши назарам навиштаҳои Мирзо Шукурзода дар романи «Тўфони тавсан» меоянд: «Зеро тоҷик ҳама ҷо ва ҳама умр шикасту мағлубият аз душманони ваҳшӣ ва мутаҷовизро ба ҷон пазируфт, ҳатто камар ба хидматашон басе ва ба хотири зиндаву беосеб мондан созиш кард, бо душман оташ дар хонаи хешу бародаронаш зад, ба хешу оини аҷнабӣ гаравид». Яъне бо сабаби бегонагӣ аз худ, аз миллат, аз таърихи баъзе аз ҷавонони мо дину мазҳаб ва фарҳангу маърифати аҷнабиеро таблиғ мекунанд, ки хусусияти экстремистию террористӣ доранд.

Аз ин лиҳоз як қисми ҷавонони мо, ки дар масоили динӣ дониши қазоӣ надоранд, фирефтаи ҳиллаву найрангҳои равияҳои ифроёгаро мешаванд. Вагарна чанд тан ҷавонони тоҷик аз роҳбари созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» Абўбакри Бағдодӣ иҷозаи ҷиҳод дар Ватани худ Тоҷикистон намекарданд.

Ҷаноби олӣ, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи хеш ба маҷлиси олӣ таъкид кард, ки «…Номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст. Тамоюли торафт қувват гирифтаистода ва сиёсӣ намудани ислом фақат бар зарари он сурат гирифта, дар назди оламиён симои поки аҳли онро манфур намоиш медиҳад».

Дар муассисаҳои таълимии кишвар як вақтҳо таърихи дин ном фан вуҷуд дошт. Хонанда аз таърихи пайдоиши дини ислом, мақсаду аҳдофи ин бохабар мегардид. Ба фикри ман он манфиати бисёр дошт. Хонанда мефаҳмид, ки ин дин ба таври иҷбарӣ ба сари аҷдодони мо бор шуда буд ва мақсади «Қуръон» дигар асту имрўз ба ном мусулмонҳо чӣ кор карда истодаанд.

Дар ин мақолаи на чандон бузург мо ҳамаи фикру мулоҳизоти худро оиди ифротгароӣ, тундгароӣ ва терроризм натавонистем баён намоем. Зеро ин мавзўъ хеле доманадору серпаҳлўст. Танҳо як чиз аниқ аст: бо тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм як худи давлат бе кўмаки ҷомеа наметавонад мубориза бурд.

Фаррух Мухаммадиев, устоди ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ

 

 

 

Читать далее

Роҳнамои бедордилу равшанфикр

 Яке аз ҳадафҳои ниҳоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии роҳнамои миллат, шахси худогоҳу, заковатпеша, бедордилу, равшанфикр Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин боло бардоштани сатҳ ва сифати соҳаи маориф маҳсуб мешавад. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар шароити ҷаҳонишавии тамаддунҳо он давлат ва миллат дастёб мегардад, ки воқеан ҳам дорои дониши фасеҳ, заковат ва хиради воло дошта бошад.

Имрӯз яке аз андешаҳои ҷолибе, ки дар зеҳни ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳон мавқеи калидӣ дорад, таносуби мафҳумҳои дониш ва қудрат мебошад. Дар пештоқи аксари муассисаҳои илмии кишварҳои пешрафта шиори «Дониш қудрат аст» навишта шудааст. Маҳз аз ҳамин нуктаи назар Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим аҳамияти бештар медиҳанд.

Тақвияти гуфтаҳои болоӣ он аст, ки агар соли 1992 маблағгузории соҳаи маорифи вилоят ҳамагӣ 1779 сомониро ташкил диҳад, пас ин рақам дар соли 2009-ум 170 миллиону 950,9 ҳазор ва соли равон 522 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки комёбиҳо ва дастовардҳои меҳнатии маорифчиён ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад. Ё худ, агар дар соли 2000 музди миёнаи меҳнати кормандони соҳаи маориф 10,4 сомониро ташкил дода бошад, пас он имрӯз то ба 600 сомонӣ расидааст. Дар баробари ин барои омӯзгорони ҷавон, олимон ва ҷавонони лаёқатманд имтиёзҳо, идрорпулиҳо ва ҷоизаҳо муқаррар карда шудааст, ки ин амалҳо барои ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавон ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ, ҳавасмандии онҳоро баланд мекунад.

Дар соли хониши гузашта 62 нафар мутахассисони ҷавони суғдӣ бо имтиёзҳо фарогир шуда, ҳамзамон беш аз 100 нафар ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд. Алҳол дар пешорӯи маорифчиёни вилоят вазифаи басо муҳиму масъулиятнок бунёди ҳарчи бештари марказҳои инкишофи кӯдакон ва боғчаҳои бачагона меистад. Бо дарки масъулият ду сол қабл бо ҳидояти шахси муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоят ифтитоҳ ёфтани кӯдакистони Президентӣ худ далолат бар он медиҳад, ки тақдири насли наврас ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти кишвар қарор дорад. Ҳоло дар ин маскани нуру зиё даҳҳо кӯдакони соҳибистеъдод аз қишрҳои гуногун таҳсили илм доранд.

Зинаи дигари ташаккулдиҳандаи шахсияти кӯдакону наврасон муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна мебошад. Ҳукумати мамлакат дар ин самт низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Масалан, дар зарфи 10 соли охир дар мамлакат беш аз 1000 мактаби ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои замони муосир бунёд гардидааст. Ҳамзамон ба шарофати сиёсати ояндабинонаи Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ ҳанӯз чанд сол муқаддам раванди компютеркунонӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ҷараён гирифта, меваашро имрӯз дида истодаем. Аз рӯи назарсанҷие ки Раёсати маорифи вилоят соли гузашта анҷом дод, ҳудуди 80 дарсади хонандангони синфҳои болоии вилоят донандаи хуби фанни технологияи информатсионӣ мебошанд.

Маҳз натиҷаи ҳамин ғамхориҳои маорифпарваронаи Сарвари давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки толибилмони вилоят ҳамасола дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ мақоми шоистаро касб мекунанд. Мисоли барҷаста он аст, ки соли равон хонандагони вилояти Суғд бо ба даст овардани беш аз 50 ҷойҳои ифтихории якум, дуюм ва сеюм миёни мактабиёни кишвар ҷои аввалро ишғол намуданд.

Ҳамаи ин дастовардҳо аз амну осоиш ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар бармеояд, ки зимоми роҳбариро Президенти оқилу донои мо Эмомалӣ Раҳмон таи беш аз 24 сол бар дӯш дорад. Пас месазад нафаре, ки қавлу амалаш як аст, ин меҳани азизашро бо ҷону дил дӯст медорад ва чун Президенти мардумӣ унвон гирифтааст, ба ҳайси пешвои миллат шиносем.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ, сармуҳаррири нашрияи «Меҳвари дониш»-и ДПДТТ ба номи Осимӣ

 

 

 

Читать далее

Боз як иқдоми нек

 Чанде пеш дар мулоқот бо и.в. раиси ноҳия Ориф Хоҷаев сокинони деҳаи Янгиободи ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ноҳияи Спитамен хоҳиш намуда буданд, ки канали калони болои деҳа, ки солиёни зиёд кофта нашуда ва ҳангоми боришот хавфи омадани сел зиёд мегардад тоза карда шавад.

Инак бо дастгири ва маблащгузории МИҲД ноҳия, ҷамоат ва соҳибкори маҳаллӣ ҳоҷӣ Ҳасан Зарипов тоза намудани ин канал аз хоку лойқа ощоз гардид, ки аз рафти ин корҳо и.в. раиси ноҳия Ориф Хоҷаев ва масъулони соҳа дидан намуданд. Аз ин иқдоми МИҲД-и ноҳия кулли бошандагони деҳа изҳори шодмонӣ намуда, мегӯянд, ки омода ҳастанд дар ин гуна корҳои созанда дастгири ҳукумату ҷамоат бошанд.

Бо дуои пирони деҳа корҳои тоза намудани ин канали деҳа шуруъ гардид. Дар тоза намудани он ду техникаи пуриқтидори истеҳсоли хориҷӣ, ки таҳти идораи соҳибкорони маҳҳалӣ Расулбердӣ Дӯстов ва Мирзодавлат Норов корҳоро дар чор рӯз бо сифати баланд иҷро кардаанд.

Фирӯз Боқӣ

 

 

 

Читать далее

Падарони миллат

 (ё бори дигар дар бораи ҳуруфи арабиасос) 

Ман дар мавзӯи хати ниёгон борҳо навиштаам ва боз ҳам менависам, ки бениҳоят душвор аст. Аввалан, як аломати «з» 4 хел, як аломати «с» 3 хел, як «т» 2 хел ва як «ҳ» 3 хел навишта мешавад. Илова бар ин дар мавриди мухталиф як алиф (а) метавонад – а, и, э, у, ӯ-ро ифода намояд. Ва бисёр калимаҳо низ яксон навишта мешаванд. Ин хат, ки ҳиҷоист, ҳамчун кроссворд гиҷу гарангкунанда аст. Ин хатро ҳеҷ домуллое беғалат хондаю навишта наметавонад. Худи эрониҳо аз ин хат безоранд:

Агар иншот пур аз саҳву хатост,
Ҳама аз мушкили расмулхати мост.
Бадалаш кун ба хати лотинӣ
Бо ҳамон шеваи Истолинӣ.

Тақлидҳои хандаовар накунем

Нодирпур навишта буд, ки:
Агарчи нақши мор зебост,
Вале ба забони мор намеояд.

Ду «мор» айнан як хел, чунки хати форсӣ ҳарфи калон надорад, яксон навишта мешавад. Ман ин «мор»-ҳоро нафаҳмида, пас аз чанд сол аз худаш пурсидам. Гуфт, ки мори аввал ҳамин мори маъмулист, вале мори дуввум исми як забоншиноси маъруф аст. Яъне, мори дуввум академик Мар будааст, ки Нодирпур номашро навишта натавонистааст. Агар мар менавишт, мур мешуд.

Ва ҳамин, ки эрониҳо Канадаро - Конодо, Россияро-Русия, банкро-бонк… менависанд, аз ноилоҷист. Агар Канада нависанд, кунда мешавад, банк нависанд – бунк, бинк мешавад. Россия нависанд тамоман хонда намешавад. Бинобар ин, ба эрониҳо тақлид карда, Конодову Русияву бонк ва ғайра навиштани мо лозим нест!

Сониян, дар гӯишу навиштори мо ҳар ҷо, ки алиф ва «ӣ» бо ҳам оянд, эронӣ ҳатман - «ӣ» мегӯяд, вале тоҷик – «э». Бар ин асос, эронӣ – Ирон, Илак, Ираҷ… ва тоҷик-Эрон, элак, Эраҷ… мегӯяд. Яъне, «Ирон»-нависии мо низ хандаовар аст!!!

Газетнависони тақлидкори мо…

Зимнан аксари ибораву истилоҳе, ки газетнависони мо аз эрониҳо шунида мекӯчонанд, арабианд. Маъмулан калимаҳои арабии мо дар шакли масдар қарор доранд, мо онҳоро тасриф намекунем. Аз ин ҷиҳат, маҷлис медонем, вале ҷаласа, иҷлосия, маҷолис, ҷулус ва ғайраро намедонем. Аммо эронӣ ҳамаи инҳоро медонад. Бо вуҷуди ин, мо мӯҳтоҷи ин арабиҳои эронӣ нестем.

Дар мавриди истилоҳот ҳам аҳвол ҳамин аст. Эронӣ мешавем гуфта, паспортро - шиноснома, визаро - раводид, аэропортро – фурудгоҳ кардем. Ҳол он, ки инҳо тарҷумаҳои таҳтулафзӣ ва нисбии ҳамон истилоҳотанд. Паспорт, яъне ба порт гузар, аэропорт, яъне, порти ҳавоӣ, ҷое, ки ҳам фуруд меоӣ ва ҳам парвоз мекунӣ.

Хуллас, эрониҳо ҳеҷ истилоҳи солиме насохтаанд. Ва ногуфта намонад, ки «билет»-ро чипта гуфтан айб аст. Эрониҳо низ билет мегӯянд. Аз истилоҳоти ҷаҳонӣ ҳазар кардан лозим нест, онҳо дар таркиби забон ҳамчун ҳавои тозаанд, забонро замонавӣ, мудерн мекунанд.

Мухтасар аз ниёгон...

Кистанд ин ниёгоне, ки мо беморгуна дағдаға мекунем? Аксаран дарвешу қаландари хонақоҳу чилахона ва ғору харобот. Ба истилоҳи имрӯзӣ БОМЖ. Ва шиорашон ин буд:

Аз ҳар ду ҷаҳон бигзар, танҳо зану танҳо хӯр,
То мулки малак гӯяд танҳот муборак бод.

Яъне, дунёбезорӣ ва ҳама масту маланги афюнӣ:
Чу соқӣ афюн андар бода афканд,
Ҳарифонро на сар монду на дастор.

Ишқ муҷаррад, маъшуқ (маъшуқа) муҷаррад, макону замон муҷаррад, ин дунёву он дунёяшон муҷаррад. Шеъри онҳо аз зиндагӣ нест, абстракт, абсурд, схоластика аст. Аз халиҷи Форс то Кашмир якрангу якнавохт ва ҳама суханбозии тумтароқ. Ва ҳеҷ ҷасорату иродаю ғуруре дар ин назм дида намешавад, танҳо аз муноҷот иборат аст. Ва онҳо ҳамчун мутаассиби гузаро ба таъқибу таъзиқу террори аҳли фалсафаю мантиқ бераҳмона фатво медоданд, ба истилоҳи кунунӣ ЦРУ ва полис (полиция)-и дин буданд. Масалан, дар нисбати Абуалӣ ибни Сино:

Шаръ фармони паямбар кардан аст,
Фалсафиро хок бар сар кардан аст.
Илм ҷӯ баҳри ҳаёти худ мудом,
Ва «Шифо» хондан наҷоти худ мадон.
(Аттор)

Онҳо танҳо Қуръонро илм мехонданд:
Нест ҷуз бӯи Алӣ сӯи Худо раҳбар туро,
Аз Алӣ ҷӯ бӯ, ки бӯи Буалӣ мустақдар аст.
Даст бигсал аз «Шифо»-и ӯ, ки дастури шақост,
Пой як сӯ неҳ зи «Қонун»-аш, ки қонуни шар аст.
(Ҷомӣ)

Ба ҳамин минвол, Саноӣ, Ғазолӣ, Хоқонӣ, Мавлавӣ то ба Иқбол ба Абуалӣ ҳуҷум кардаанд. Агар ҷашн гирифтани ин ниёгон ба ихтиёри ман мебуд, хусусан ин шайхулислом Ҷомиро ба ҳеҷ ваҷҳ ҷашн намегирифтам. Ин ниёгон миссионери дин ва арабҳои хонагӣ буданд, бадтар аз арабӣ истилогар.

Классикони душмани… зан

Инак, дар таҳқиру мазаммати зан. Ин мутаассибон аз Қуръон истиқбол карда, боз занро душмани хунии дин мешумурданд:

Чу зан роҳи бозор гирад бизан,
Вагарна ту дар хона биншин чу зан…
(Саъдӣ)

Маро ба зодани духтар чӣ таҳният гӯянд,
Ки кош модари ман ҳам назодӣ аз модар.
(Хоқонӣ)

Мазан занро, вале чун барситезад,
Чунонаш зан, ки аз ҷо барнахезад.
(Низомӣ)

Аз ин бадтар Ҷомӣ ҳам ва бисёр афсӯс, ки Фирдавсӣ низ:
Зану аждаҳо ҳар ду дар хок беҳ,
Ҷаҳон пок аз ин ҳар ду нопок беҳ.
Занонро ситоӣ, сагонро ситой,
Ки як саг беҳ аз сад зани порсой.

Фоҷеаи Фархунда реша аз таълими ниёгон дорад!

Ин рӯҳияи ваҳшиёна дар Покистону Арабистону Эрону Афғонистони ҷоҳилистон ҳанӯз ҳам идома дорад. Ҳамин дирӯз дидед, ки авбошони динзада бо Фархундаи бадбахт чӣ корҳое накарданд. 1 духтари бечораро ба майдон кашида, калтаккӯб карданд, дилашон хунук нашуд; лагадкӯб карданд, дилашон хунук нашуд; аз бом партофтанд, дилашон хунук нашуд; буз кашиданд, дилашон хунук нашуд; сӯзонданд, дилашон хунук нашуд… 1 майдон мардум ва дастаи полис тамошобин. Ку ҳукумат? Ку қонун? Ку Президент? Туф ба ин хел Ҳукумат! Туф ба ин хел Президент! Туф ба ин хел халқу мамлакат!!! Зарари ин мутаассибон аз манфиаташон 1000 маротиба бештар аст. Онҳо дар ивази амри маъруфи дурӯғини кадом эмоми масҷид ҳама чизи муқаддаси форсиву эрониро помолу харобу нобуд мекарданд.

Рӯй ба дин кун, ки қавипуштист,
Пушт ба хуршед, ки зардуштист.
(Низомӣ)

Ниёгоне, ки набудашон ҳис намешуд…

Хулоса, ба истиснои Рӯдакӣ, Буалӣ Сино, Фирдавсӣ ва Хайём агар ҳамаи онҳо намебуданд, Тоҷик чизе бой намедод, балки бурд мекард, инқадар динзадаи фанатик намешуд, инқадар дар ҷаҳолати мураккаби дин намеғӯтид, инқадар нашъаманду бангию девонаи дин намешуд.

Ман аминам, ки Фархундаи маъсумро афғону узбак не, маҳз тоҷикон ваҳшиёна куштанд. Дар минтақа террористон, муҷоҳидон ва авбошони мазҳабӣ маҳз тоҷиконанд. Аҳмадшоҳи Масъуду Раббонӣ 30 сол барои дин ва бар зарари Афғонистон ҷангиданд.

Ва боз ҳам аминам, ки толибон ҳам аз ҳаминҳо иборатанд. Ана, ҳамин аст мероси он ҳама шайху сӯфию имомҳои арабмаоби мо. Онҳо ҳама бо ҷилд-ҷилд девонашон ба хуни Фархундаи ноком намеарзанд. Дар Душанбе ҳам ҳаминҳо бо ришу фаш ба майдонҳо рехта, русҳоро гурезонданд. Ӯзбакистон ҳам сарҳадашро танҳо аз тарсу ҳароси ҳаминҳо баст.

Сирилик беҳтарин расмулхатт аст!

Сарфи назар аз ин ниёгону хати ниёгон алон забони мо аз тамоми ҳамҷинсонаш дақиқтару зиндатару мудернтар аст. Ва албатта ба шарофати забону хати русӣ. Алифбои русӣ сода ва ба ҳама дастрас аст. Дар донишгоҳи Вашингтон бисёр мушоҳида мекардам, ки студентон аз фарҳанги русӣ истифода мебурданд, мегуфтанд, ки истилоҳот дар навишти русӣ дақиқтар аст.

Маъмулан халқҳои ҳамнажодро аз ҳамдигар дин ва сиёсат ҷудо мекунанд, вагарна наздиктарин нажоди ориёнии аврупоии мо рус аст. Вожаҳои авастоӣ аз ҳама бештар дар забони русӣ боқӣ мондаанд, чунончӣ: чито-чистый; агня-агон; аня-аноҳита-анна; дароя-даря; Индра-Инна; сава-сава; митра-димитрий; эрика-эрика; нона-нона; андра-андоей; сапака-собака; дача-дача; ва ҳоказо.

Вориси барҳақи «Авасто» рус аст. Илова бар ин, Тоҷикистон сирф русист, дар замини холӣ бунёд шудааст. Моро рус миллат ва дорои республика кардааст. Бар ин бино, забони русӣ барои мо ҳамоно забони модарист, дар ҳар мақоме, ки набошад дар мақоми забони давлатӣ қарор дорад.

Дарвозаи дутабақаи мо ба сӯи дунёи мутараққӣ Россия ва забони ӯст. Россия дар минтақаи Осиёи Миёна аз Тоҷикистон сар мешавад. Зимнан, чанд аломати алифбои русиамонро беҳуда ихтисор кардаем, хусусан «ц»-ро, ки дар беғалат навиштани истилоҳоти русӣ ва байналхалқӣ бисёр зарур аст.

Дар бораи демагогия ва авантюризм

Воқеан, фахри миллӣ бештар ҳамонҳое мефурӯшанд, ки моҷароҷӯ (авантюрист), авомфиреб (демагог), ифротӣ (экстремист) мебошанд. Ин хати ниёгон, ки солҳо инҷониб мавриди ҳангомаи онҳо қарор гирифтааст, дар дебочаи ҳассосу барангезандаи барномаи мушаххаси панисломӣ ва сионистӣ аст. Ғараз, ҷумҳурии исломӣ сохтан аст. Варна дар ин дағдаға баҳонаи казоие нест, ҳар китоби арзандае, ки аз классикон буд, кайҳо ба хати русӣ чоп шудааст!!!

Панисломизм акнун пантуркизмест, дар ниқоби дин, ҳамчун гурге дар пашму пӯстаки меш. Мустақиман Ҷумҳурии исломии Эрон: Дар барномаҳои таълимиаш Эрони бостон нест, «Шоҳнома»-ву «Авасто» нест, ҳахоманишӣ нест, сосониёну сомониён нест ва адабиёти форсӣ ҳамчун адабиёти исломӣ омӯхта мешавад.

Яъне, Эрон нест. Ва ин охундон ба ифтихори Эрон не, ба ифтихори араб гимн мехонанд. Чунки боқимондаи ғузу оғузу қатағану қизилбошанд, дар ин сарзамини ориёнӣ бидуни дин чизи казоие надоранд, Эронро дубора истило кардаанд.

Аз Курушу Ризошоҳ, то Раҳмон

Ризошоҳи Паҳлавӣ шахсияте буд, ки пас аз 1100 сол ба даст омад. Ӯ бунёдгузори Эрони навин ва вориси бошарафи Эрони бостон буд. Ӯ буд, ки дар пешгоҳи оромгоҳи Куруши Кабир зону зада гуфт:

-Куруши бузург, хоби абадат хуш бод, ки мо бедорем!
Ӯ буд, ки муҷассамаи азими Буалиро ниҳод. Ӯ буд, ки бар пештоқи оромгоҳи Фирдавсӣ бо хати худ навишт:

-Бузургшоиро, узр мепурсам, ки бештар аз ин натавонистам. Ӯ буд, ки ҳама осори қадимаро ҷилд-ҷилд нашр намуд. Ӯ буд, ки ба унвони вожаҳои форсӣ созмоне таъсис дод… Алғараз, Эрони асилро аз зери хокистару мурдареги ҳазорсола берун овард.

Инак, дар паҳлӯи ӯ танҳо ва танҳо Президенти муҳтарами мо, Эмомалӣ Раҳмонро метавон дид. Аввалан, ӯ муҷассамаи бошукӯҳи Исмоили Сомониро ниҳод. Муҷассамаи Рӯдакиро ниҳод. Агар панисломистон ҳайкали Фирдавсиро хароб кардаанд, ӯ барпо намуд. Аз классикон касе нест, ки ба номи ӯ кӯчаву хиёбону мактаб набошад. Аз мадфани Камоли Хуҷандӣ мушти хоке оварда, ба бузургдошти ӯ мақбара ва боғу музей бунёд намуд. Бинои Китобхонаи миллии мо дар минтақа ягона аст. Ҳамчунин, Қасри Миллат, Кохи Наврӯз ва садҳо иншооти бузургро анҷом дод. Аз ҷумла, шоҳроҳу нақбу неругоҳи барқи оби Роғунро, ки республикаро комилан саноатӣ хоҳад кард. Барои ӯ ҳеҷ масъалае ҷузъӣ нест. Масалан, маъракаҳои маъмулӣ, либоси хоси миллӣ, либоси мактабӣ, либоси донишҷӯӣ ва ҳоказо. Ва ниҳояти ин хама бозсозиаш ваҳдати миллист. Тоҷикистони навин ба ҳар сӯе, ки нигарӣ ба ӯ тааллуқ дорад, ҳамчун Эрони Ризошоҳи Паҳлавӣ. Ин шахсиятҳои фавқулода падарони миллатанд!!!!!!!

…Хулоса, мо ҷумҳурии мавҷудаю, хати мавҷудаю забони Айниамонро натанҳо ба хати ниёгон, балки ба 70 пуштамон қурбон намекунем. Бигзор, Эрону Афғонистон хаташонро ба хати мо бадал кунанд. Як муддат шодихори онҳо шуда хеле масҷидсозию мазорсозӣ кардем, бас аст.

Бозор Собир
Бознашр аз ҳафтаномаи «СССР» №16 (345) аз 18-уми апрели соли 2015.

 

 

 

Читать далее

Демократияи динӣ маҳсули назарпардозиҳои сунъист

 (Дар ҳошияи мақолаи «Чаро даъвои «демократияи динӣ» ботил аст?» - и М. Музаффарӣ)

Набзи ҷомеаҳои суннатии Шарқи исломӣ, ки Тоҷикистон ҷузъи маърифатмадор, устувор ва улгусози он аз лиҳози таъмини амният, низоми давлатдорӣ ва наҳваи пешбурди рушд маҳсуб мегардад, ниёз ба тарҳрезии тимсоли созандаи давлатсозе дорад, ки донишманди шинохта Меҳдии Музаффарӣ, раиси Маркази мутолеоти исломгароӣ ва ифротгароии Донишгоҳи Орхуси Дания таҳти номгӯйи «Чаро даъвои «демократияи динӣ» ботил аст?» онро тадқиқ, собит ва бозгӯйӣ кардааст. Ин мақола чанд моҳе дар тамоми нашрияҳои дохилӣ ба табъ расида, ахиран дар сомонаи «Миллат» низ 16.04.2015 с. бознашр гардидааст. Матлаби илмии Меҳдии Музаффарӣ ба зумраи таҳқиқотҳои нодире шомил мешавад, ки нишонаҳои сармашқӣ, ташвиқкунанда ва равшангарӣ дошта, тавони такон додани шахсиятҳои шахшуда ва мағзҳои мунҷамидгунаро дорад, ки дар инкишофи ҷомеаҳои давлатмеҳвар монеа ва мушкилот эҷод мекунанд. Ин тақризи мо мурурест ба шаклу сифати демократияи умумитоҷикӣ, ки маншаи илҳомамон маълум аст, ки навиштаи волои ҷаноби Музаффарист.

Мавзӯи муҳокимашудаи мақола барои интихоби масири пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон, ки хусусияти хоси худро дар робита бо муносибати дин ва дунявият дорад, зарурати ҷонӣ ҳисобида мешавад. Дар ҷомеаи коршиносӣ сару ҳушҳое мавҷуданд, ки тазодҳо ва нофаҳмиҳои арзишҳои сохти дунявӣ ва диниро мехоҳанд созиш диҳанд. Қишри дигаре, ки аслан рӯҳоният ва доираҳои мухолифатманиши динӣ бар он моиланд, тавонмандиҳои якеро, хосатан омили диниро бар дигар меъёрҳои фарҳангӣ ва маърифатпарварӣ тарҷеҳ медиҳанд. Гурӯҳи сеюм ҳам аст, ки барои ба бунбаст кашондани пойгоҳи давлатдории миллӣ, зӯран ва бо хушунат ақидаи зиддидаҳриашонро мехоҳанд бо таваҷчуҳ ба нашинохтани асолат ва фазилати ҷомеа таҳмил намоянд ва ҳатто барои ин амали разилона такя ба шиорпартоиҳои ҳаракатҳои тундгарои Шарқи Миёна то сарҳади иштирок дар ҷангҳои мармузи минтақавӣ доранд.

Ҷомеаи Тоҷикистон бинобар ҳаракати миллатмеҳварӣ ва дар шароите, ки муаллифи мақола менигорад «воҳиди дин муъмин аст ва воҳиди демократия шаҳрванд. Дин шаҳрванд намешиносад. Муъминон уммати динанд. Эшон аз ҳуқуқе бархӯрдоранд, ки дигарон аз он маҳрум», аз зарфияти сохтмони ҷомеаи шаҳрвандӣ бархӯрдор аст, ки бо тамоми назокати низоми демократӣ пеш меравад ва ин хислату усули демократикунонии ҷомеа дар зоду буми Тоҷикистон шаклу наҳваи миллӣ ва тинати тоҷикиро ба худ касб кардааст. Он, пеш аз ҳама, бар сохтмони худии ҷомеаи ворастаи меҳнатӣ иттико мекунад, ки муҳаррики он тоҷики худшинос, пешрав, иродатманд, ташаббускор, қудратмеҳвар, донишпажӯҳ, ҳунарманд, варзида, дорои эътиқоди муътадили динӣ ва давлатсозӣ мебошад. Ба ибораи дигар ва содатар агар ин нуқтаи назарро иброз дорем, мақому манзалати шаҳрванди тоҷикистонӣ, ки дар ҷустуҷӯ ва такопӯйи ҳаллу фасли сирати рушди ҷомеа аст, гули сари сабади ин ҳаракатро ташкил медиҳад. Оё мо интихоби худро дар сохтмони ҷомеаи демократӣ кардаем ва дин дар ҷомеаи тоҷикӣ чӣ мавқеъ дорад? Истилоҳи демократияи тоҷикӣ оё истилоҳи дуруст аст? Созиш додани дину давлат дар кадом марҳила зарур аст? Илми ҷомеашиносӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?

Аввал иқрор бояд шуд, ки новобаста аз таҳдиду хатарҳои дохилӣ ва берунӣ низоми давлатдории Тоҷикистон бар аслҳои созанда ва меҳнатқаринӣ поянда аст, ки асли онро амнияти сартосарӣ, рифоҳи инсон ва тартиботи ҷамъият ташкил медиҳад, ки барои рушди устувор ва пойдори ҷомеа кулли имкониятҳоро фароҳам меорад. Ҳамин тариқ, масъалае, ки Меҳдии Музаффарӣ матбуотӣ кардааст, ба гунаи воҷиби шароит дар Тоҷикистон татбиқ карда шудааст ва он аз ривоҷи демократияе иборат аст, ки ҳамаи гузинаҳои шуури ҷамъиятӣ вобаста ба зарфияти маърифатии онҳо дар зеҳнияти инсонҳо ҷавлон мезананд.

М.Сангинов,
таърихшинос
Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» №83 (22645) аз 23-юми апрели соли 2015

 

 

 

Читать далее

Ислом ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад

 Устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва яке аз фармондеҳони Иттиҳодияи мухолифи пешини тоҷик даъват кардааст, ки ҲНИТ созмони террористию тундрав эълон ва фаъолияташ қатъ карда шавад.

Дар семинаре, ки таҳти унвони «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Абдураҳим Каримов, маъруф ба «Мулло Абдураҳим» устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва аз фармондеҳони пешини тоҷик, даъват кардааст, ки фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатъ карда шавад. Ин ҳизб давоми панҷ соли ҷанги дохилӣ ба сари миллат чӣ гуна «бадбахтиҳо» овард, «занони бешумор бева монда ва кӯдакони зиёде ятим шуданд». Ба ин далел, ӯ пешниҳод кардааст, ки ин ҳизб ҳамчун созмони террористӣ эълон шуда, баста шавад. Ҳизбҳое, ки ба худ номи исломиро мегузоранд, асоси Қуръонӣ надоранд ва ислом ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад. Пешниҳоди бастани ҳизби наҳзати исломӣ ва ё ҳадди ақал калимаи ислом аз номи ин ҳизб аз соли 2013 дар пайи мулоқоти Эмомалғ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳониён матраҳ аст.

Охирҳои моҳи феврали соли ҷорӣ низ Абдулҳай Саъдиев, сархатиби ноҳияи Рашт аз Раиси ҷумҳур хост, аз исми ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон сифати исломиро бигиранд ва онро ба «ҳизби наҳзати Тоҷикистон» табдил бидиҳанд. Рӯзи ҷумъаи 27 марти соли ҷорӣ низ дар аксар масҷиди ҷомеаи кишвар, аз ҷумла дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе ин пешниҳод садо дод, ба он мазмун, ки ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби динии сиёсӣ дар Осиёи Миёна баста шавад. Далели таърихи таъсиси ҲНИТ ҳамоно 6 октябри соли 1990 аст, ки алорағми талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маънои он аз гузаронидани анҷумани пинҳонӣ дар масҷиди Чортути ноҳияи Рӯдакӣ эълон гашт. Баъд аз истиқлолияти Тоҷикистон Шӯрои Олӣ 22 октябри соли 1991 аз лағви моддаи Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъи фаъолияти бахши ҳизби хислати исломидоштаи шӯравӣ» дастур дод. Анҷумани аввали ҲНИТ 26 октябри соли 1991 ва қайдгирии он дар Вазорати адлия 4 декабри соли 1991 муайян шудааст. Бо ғаразҳои сиёсӣ бозтоб додани таърихи муосир ва тафсири таҳрифшудаи ҳодисот марбут ва ҲНИТ ҳаргиз барои дарки дақиқ ва созгори мардум ва таърихнигорон муфид нест. Ва ин тарзи масъалагузорӣ ба сӯи иштибоҳ мекашад, ба нафъи мафкураи сиёсии мардуми Тоҷикистон нест, ки сиёҳро аз сафед ҷудо карда метавонанд.

Президенти мамлакат ҳамеша аз дини мубини ислом ҳимоят ба амал меоварад ва баҳри пок нигоҳ доштани он тадбирҳои муассир меандешад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», баргузории конфронси байналмилалӣ ба ифтихори 1310 солагии Имоми Аъзам, бо ҳуруфоти кириллӣ аз чоп баромадани китоби муқаддаси «Қуръон», ройгон паҳн намудани он, рӯи чоп омадани чандин асарҳои арзишманди динӣ, фуруши озоди китобҳои динӣ, фитаҳои мазмуни динидошта, сафари ҳамасолаи зиёда аз панҷ ҳазор зоирон ба ҳаҷ, сохтмони масҷиди ҷомеъ барои панҷоҳ ҳазор намозгузорон дар пойтахти кишвар, мадрасаи олӣ дар шаҳри Душанбе ва ғайра далели гуфтаҳои болост.

Ҳатто, мусулмонони ҷаҳон Президенти кишвари моро ба рӯйхати 500 мусулмонони бонуфузи дунё номнавис кардаанд, ки ин барои ҳар фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор мебошад. Ба ҳама маълум аст, ки ислом худкуширо намепазирад, хусусан худтаркониро ва шахсоне, ки ба ин кор даст мезананд, барои худ дари ҷаҳаннамро мекушоянд ва охираташон месӯзад. Ин гуноҳи нобахшиданист, зеро аз ин кирдори онҳо дигар мусулмонон низ ҷабр мебинанд, бинобарин ба шахсоне.ки барои ин амал амр мекунанд ва ё ягон иртибот доранд, иншооллоҳ ҷазои сазовор хоҳанд дод. Ислом ҳаргиз терроризм, яъне одамкуширо ташвиқ намекунад, ба гуфти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ислом дини сулҳофарин ва оромию субот аст. ҲНИТ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзоёни худ яке аз нерӯҳоест, ки пайваста талош мекунад ва дини мубини исломро мавриди суйистифода қарор медиҳад. Ин ҳизби ба ном исломӣ бо демократҳо худро демократу бо исломиҳо худро мусалмон метарошад. Вале амалҳои онҳо нишон дода истодааст, ки онҳо на ҷонибдори ин ҳастанду на ҷонибдори он ҳастанд. Ягона ҳадафи онҳо иҷроиши амрҳои хоҷагони хориҷии худ ва наранҷонидани ҷониби давлатҳои ғаразнок ва аз ҷониби дигар, мушаввашу озурдахотир накардани кишварҳои сохташон динию теократӣ мебошанд. Бале, Кабирӣ ҳангоми сӯҳбат дар назди намояндагони кишварҳои аврупоӣ ва амрикоӣ васфи демократияю озодии баёну дину мазҳаб менамояду дар пеши намояндагони кишварҳои арабию Ҷумҳурии исломии Эрон сохти давлатии теократиро васф менамояд. Ва бо ин аз ҳарду ҷониб низ фоидаи молӣ мебинад. Ин аст сиёсати ҲНИТ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи якуми Конститутсияи кишвар давлати дунявӣ буда, бе ҳеҷ шакку шубҳа аъзоёни ҳизби наҳзати ислом ба мақсадҳои ғаразноки худ ноил намегарданд.

Барои тоҷикистониён танҳо сулҳу субот арзиши олӣ дорад ва ягон қувваҳои беруна наметавонад, ақидаи сулҳпарваронаву созандагии онро коста гардонад. Мардуми бомаърифати Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай ҳодисаҳои фитнаангези ҲНИТро таҳлил карда, тарафдори барҳам додани ин ҳизби фитнаангез мебошанд. Набояд онҳо худро исломӣ тарошанд, зеро исломиён бародаркушу манфиатҷӯ нестанд.

Уғулой Воситова, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

 

 

 

Читать далее

«Оғози фатҳи қуллаҳо»

 16 ноябри соли 1991-ум дар сессияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қасри овозадори Арбоб шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, Эмомалӣ Раҳмонро халқ ба вазираи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд.

Халқ дар интихоби худ хато накард. Дар ҳамон шароити вазнину пурдаҳшати ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ин ҷавонмарди далеру нотарс, ҷасурона ин маъмурияти бузургро бар ӯҳдаи худ гирифт. Бисёр заҳмат кашид, шабҳо хоб накард, то сулҳу суботро ба кишвар танинандоз созад. Ватанро аз вартаи ҷанг берун барорад. Мардумро сарҷамъ намояд.

Мақсади аввалиндараҷае, ки сарвари миллат дар пеши худ гузошт ин барқарор кардани сулҳ ва ба Ватан баргардонидани гурезагон буд. Дар муддати кӯтоҳ бо сарҷамъӣ ва якҷоягӣ бо мардуми боору номус ва хирадманду шуҷои тоҷик, бо маслиҳату машварати пирони хирад, донишмандон, бо талошу хунрезиҳои бегуноҳ, бо боварӣ ба оянда ба зиндагии дурахшони миллати тоҷик, бо меҳнати пурсамараи халқ ҷидду ҷаҳд карда ба мақсади дар пеш гузаштаи худ ноил гардид. Гурезагонро ба Ватан баргардонд. Шаҳру ноҳияҳои дар ҷанг нобудшударо барқарор кард. Мардуми бехонумонро бо манзили зист таъмин намуд. Бар дили мардуми азияткашидаи Тоҷикистон шӯълаи умед афканд. Ба сохтмони корхонаҳои саноатӣ оғоз карда, мардумро ба ҷойҳои корӣ таъмин кард. Қитъаҳои замин ҷудо карда ба мардум дода шуд. Рӯз аз рӯз аҳволи иҷтимоии мардум беҳтар шуд.

Ин шодиву хурсандӣ ва умеду орзуии мардуми тоҷикро устод Лоиқ Шералӣ бо тамоми ифоданокӣ ва дилрабоӣ ба қалам додааст.

Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури ҳақ ба диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Пири Канъоно , чашми ту равшан!
Юсуфи дилфигори мо омад.
Кӯҳсоро, бубахш пастии мо,
Нангу ному виқори мо омад.

Мардумони шарафманду некбин, некиродаву қадршиноси тоҷик солҳои роҳбарии пешвои миллати тоҷик Эмомали Раҳмонро шартан ба чор давра тақсим намуда, солҳои 1992—1997 ро давраи «Наҷоти давлату миллат аз вартаи фано, солҳои 1998-2000 ро давраи «Таҳкими сулҳу субот», солҳои 2001-2006 ро давраи «Оғози фатҳи қуллаҳо» номидаанд.

Марҳилаи «Оғози фатҳи қуллаҳо» 6 ноябри соли 2006 оғоз ёфт. Он рӯз Эмомали Раҳмон бо ҷонибдории 80 фоизи интихобкунандагон дар фазои озоду шаффофи овоздиҳӣ аз нав ба муддати ҳафт соли оянда ба мақоми Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва дар марҳилаи нави таърӣ оғоз ёфт, ки онро метавон давраи раннаи монеаҳои бузург ва ё оғози фатҳи қуллаҳо номид.

Ба ёдоварӣ аз 15 соли истиқлоли давлатии Тоҷикистон сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон он рӯз изҳор дошт, ки «дар ин муддат мо натанҳо оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро хомӯш кардем, балки сарҷамъии миллатро таъмин намуда, пойдевори давлату давлатдории мустақилро гузоштем ва ба дарки масъулияти таърихӣ сулҳу ризоият ва ваҳдати шикастнопазири миллиро фароҳам оварда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми шоиста пайдо кардем».

Таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ чун се ҳадафи стратегияи Ҳукумути Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи асосии баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум барои ҳафт соли давраи нав муайян карда шуд.

Рӯзи 15 декабри соли 2006 бо иштироки сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз як таркиши азим ва фурӯ омадани порои кӯҳ ва сангу шағали бешумор маҷрои дарёи Вахш дар мавзеи сохтмони Нерӯгоҳи барқӣ обӣ «Сангтӯда 1» баста шуд ва бунёди сарбанди он оғоз ёфт. Ин рӯйдоди фараҳбахш нахустин қадами устувори сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишвар дар роҳи амалӣ намудани вазифаҳои давраи нави таърихӣ буд. Бо ҳамин рӯҳияи баланд марҳилаи нави бунёдкорию созандагӣ дар таърихи навини Тоҷикистони мустақил оғоз ёфт.

Солҳои 2011- 2013 дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ бо таъсиси 200 ҷойи нави корӣ ба ба фаъолият оғоз кард. Дар соли 2012 танҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон зиёда аз 300 корхонаи хурди истеҳсолӣ бунёд ёфт, ки дар онҳо беш аз 10 ҳазор ҷойи кори доимӣ муҳайё шуд. Сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон – Туркманистон, оғози бунёди нерӯгоҳи Даштиҷум, нерӯгоҳҳои миёнақудрати барқии обию ҳароратӣ дастрасӣ пайдо намудаи ба захираҳои калони нафту газ, ки дар чуқурии беш 6 ҳазор метр қарор доранд ва татбиқи босамари бисёр лоиҳаҳои миқёсан бузургро метавон аз ҷумлаи қуллаҳои мушкилгузари дигар номид, ки дар 7 соли навбатии сарварии Эмомалӣ Раҳмон ва солҳои оянда бояд ба фарозашон бирасем.

Махсусан, сарвари миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон диққати худро ба рушди нумӯи соҳаи маориф равона кардаанд. Дар давоми фаъолияти кори худ чандин қадар муассисаҳову боғчаҳо, парваришгоҳҳо, қасрҳои фарҳангиву маъданӣ қомат афрохтанд.музди маоши коркунони буҷавӣ зина ба зина баланд шуда истодааст.

Мо бояд шукри ин Ватани ҷонаҷони худ карда, бо тамоми ҳастӣ созанда, тарбияткунанда, ободкунанда бошем. Ин ҷо манн бо чанд мисраҳои шеъри Ҷӯрабек Мӯъмин суханро хотима мебахшам:

Мекунам шукронаи имрӯзу фардои Ватан,
Дӯст медорам ба ҷону дил саропои Ватан.
Тоҷикистон гӯяму ҷонам ҳузуристон шавад,
Роҳатафзунтар бигардад аз тасаннои Ватан,
Номи ӯ бошад муқаддас чун Нишону Парчамаш
Сар ба боло мекашем аз қадри волои Ватан.

Фароғат Саломиддинова, устоди Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент

 

 

 

Читать далее