April 2015

30 April 2015

Падар ва фарзандон

Бо хатмкардаи соли 1976-уми бахши таърихи факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории ба номи С.М.Кирови шаҳри Ленинобод Аскаралӣ Ҳайдаров аз солҳои донишҷўӣ робитаи дўстӣ дорем ва ҳар дафъа рў ба рў шавем, албатта, аз хизматҳои шоёни қиблагоҳиаш баҳри гул-гулшукуфии Ватан, орому осоиштагии диёр, идомабахшони касби вай – фарзандонаш сўҳбат мекунем.

Читать далее

Эҳсоси афзун аз дастгирии Раиси вилоят…

Имрўзҳо дар ноҳияи Конибодом кишоварзон аз вазъи обрасонӣ барҳақ изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Сабаб ин аст, ки, таи чанд соли охир бори аввал ба миробҳои ноҳия муяссар гардид, ки обро тавассути канали асосӣ то заминҳои Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ба номи Мирзомалик расонанд. Солҳои пеш бошад зиёда аз 400 гектар заминҳои деҳаи Ҷигдалик аз оби серӣ баҳра намедид.

Читать далее

28 April 2015

Қасри фарҳанги Чкалов бо маблағи 4 миллион сомонӣ навсозӣ мешавад

Зимни сафари кориаш ба шаҳри Чкалов Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо вазъи кунунии Қасри фарҳанг шинос гардид. Нахуст дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Чкалов Раиси вилоят бо аҳли фарҳанги шаҳр мулоқоти гарму самимӣ ороста, қайд намуд, ки соли равон дар вилоят Соли рушди фарҳанг эълон гардидааст ва, тибқи барномаи соли рушди фарҳанг, таъмиру азнавсозии як қатор муассисаҳои фарҳангӣ дар қаламрави вилоят ба нақша гирифта шудааст.

Читать далее

Пазироии директори Барномаҳои фонди Оғохон

 24 апрели соли равон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ директори Барномаҳои фонди Оғохон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзов ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт. Зимни сўҳбат ҷонибҳо аз вазъи кунунии ҳамкориҳо изҳори хушнудӣ намуданд.

Дар аснои мулоқот Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар саросари Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намудааст. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд ба бунёди як шаҳри замонавӣ асос гузошта шуд, ки он барои таъмини шаҳрвандон бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, бунёди корхонаҳои нав, ташкили боғоти нав, ки ба тариқи интенсивӣ обёрӣ мешаванд, мусоидат менамояд. Раиси вилоят ҳамзамон аз эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар вилоят ёдовар шуд.

Ҳини сўҳбат меҳмонон баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолият ва ҳамкориҳои самаранок бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд миннатдории самимии хешро баён намуданд.

Дар мулоқот инчунин фаъолияти Барномаи ҷо- нибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кўҳистони лоиҳаи фонди Оғохон дар вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тариқи барномаи мазкур аз соли 2010 инҷониб дар 8 ноҳияи вилояти Суғд барномаҳои мухталиф амалӣ гардида истодааст.

Таъкид гардид, ки дар оянда низ тариқи ин барнома барои тарҳрезӣ ва амаликунии барномаҳои инфра- сохтори кишоварзӣ ва технологияҳои муосири коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои муайян ба сомон расонида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Читать далее

Вохўрии сарҳадбонони Тоҷикистону Ўзбекистон

24 апрели соли равон аввалин маротиба вохўрии Сардорони сарситоди Қўшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Қасри овозадори Арбоби вилояти Суғд баргузор гашт.

Читать далее

Нерўи ороста манзили хушбахтӣ месозад

Ин иқдоми шоиста бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ соли 2014 оғоз ва дар идомаи сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба таъмини зиёда аз 40 ҳазор оила ё худ беш аз 250 ҳазор аҳолии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он бо манзилу шароити муосири зиндагӣ ва зербинои кору фаъолияти босамар нигаронда шудааст.

Читать далее

Фарҳанги миллӣ ва ҷойгоҳи дин дар он

 Имрўз мо ниёз ба тақвияти ҳарчӣ бештари асли таҳаммулгароӣ дорем, ки мардуми мусулмонро чун мардуми мутамаддин ва фарҳангиву илмпарвар таҷассум намояд ва ҷиҳати ҳамкории ҳамаи нерўҳои солими башарият хизмат кунад. 

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар толори хурди Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров дар мавзўи “Фарҳанги миллӣ ва ҷойгоҳи дин дар он” мизи мудаввар доир гардид. Дар он Раиси маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Шўрои ҷамъиятӣ, Шўрои уламои дини вилоят, намояндагони сохторҳои прокуратура, амният, адлия, устодони донишгоҳ, намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат доштанд. Ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров Анвар Мақсудов ҷамъомадро ифтитоҳ бахшид. Дар мизи мудаввар таъкид гардид, ки чунин мизи мудаввар дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Қўрғонтеппа низ доир гардида, дар ин нишастҳо мавзўоти дифоъ аз дини мубини ислом ва муқаддасоти он; ҳокимияти ҳаққу адолат - арзишмеҳвари Ислом; дин дар ҷомеаи дунявӣ; дин, зан ва ҷомеа; дин ва ҷавонон мавриди муҳокима қарор дода мешаванд. Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон борҳо таъкид мекунанд, ки беш аз ҳаштод фисади мардуми кишварамон мусалмон мебошанд. Ин рақам шояд имрўз ба зиёда аз 95-96 фоиз расидааст.

Дин қисми фарҳанги миллии мо аст ва сиёсати давлат нисбат ба дин сол аз сол тақвият ёфта истодааст.Зеро дини мубини ислом тарғибгари ғояҳои ахлоқи ҳамида ва покиза, таҳаммулгароӣ аст.Соли арҷгузории Имоми Аъзам эълон гардидани соли 2009-ум, дар пойтахти кишвари мо доир гардидани Конфронси исломӣ бо иштироки уламои ислом аз мамолики ҷаҳон ва бисёр дигар чорабиниҳо мисоли ин гуфтаҳо аст. Дар ин радиф масъалаи калидиро зикр кардан ҷоиз аст, ки фарҳангу тамаддуни миллии бисёрҳазорсолаи мо, тоҷикон, бояд дар ҷойи аввал бошад. Мо бояд алоқамандии марҳилаҳои мавҷудияти фарҳанги панҷҳазорсолаи тоҷикро дар назар дошта, аз ҳамин диду нигоҳ хулосабарорӣ намоем.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода: - раиси Шў-рои уламои дини вилоят дар мавзўи “Дин дар давлати дунявӣ” сухан ронда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар дунё миллате нест, ки дин, эътиқод надошта бошад. Динҳои нас-ронӣ, яҳудӣ, бисёрхудоӣ ва дигарҳо мавҷуданд. Ислом дини самовӣ, яъне яккахудоӣ аст, ки ин дар китоби муқаддаси «Қуръон», ки нозил шудааст,тасдиқи худро ёфтааст. Дар Конститутсияи мамлакати мо зикр гардидани ибораи “давлати дунявӣ” маънии бедин буданро надорад, балки чунин маъно дорад, ки муассисаҳои дин ба давлатдорӣ дахолат намекунанд. Лекин дин дар ҳимояи давлат аст. Бахусус бо қабули Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дорад, бо ихтиёри худ ба кадом дин хоҳад, пайравӣ намояд. Имрўз дар Тоҷикистон чандин азҳоби сиёсӣ мавҷуданд ва агар нооромие ба миён ояд ва он ба амнияти кишвар хавфнок бошад, давлат баҳри пешгирии хатари он, албатта,тадбирҳо меандешад. Ҳамаи мо медонем, ки ҳаракату равияҳо, ба монанди “Ансоруллоҳ”, «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия» зуҳур карданд, чун фаъолияти онҳо рўҳияи иртиҷоӣ пайдо кард, фаъолияти онҳо чун экстремистӣ бо ҳалномаи суд манъ карда шуд.

Ин ҷараёнҳо аз куҷо сарчашма гирифтанд? Аз мамолики хориҷа, аз муҳоҷирати меҳнатӣ, аз мамолики араб. Аввал пайравони ин ҳаракатҳо низ гуфта буданд, ки ба дин дахолат намекунанд. Аммо вақте ки ин ҷараёнҳо ба мафкураи мардум, ақидаи мардум таъсир мерасонанд, ин ба нафъи кишвар нест. Дини мубини ислом муборак аст. Дар Тоҷикистони мо, ки тамоми шароит муҳайёст, мардуми он дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебаранд, сиёсисозии ислом бар зарари мост.

Самад Болтуев - ҳуқуқшинос: - Вақте ба Конститутсияи замони шўравӣ менигарем ва онро бо Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон қиёс мекунем, мебинем, ки он аз даврони шўравӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Яке аз падидаҳои давлати дунявӣ будан низ ин аст, ки ба фаъолияти равияву ҳаракатҳо назорат мекунад.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон: - Доир ба масъалаи дифоъ аз ислом ва муқаддасоти он гуфтаниам, ки ислом, ба қавли шоир, дар зоти худ айбе надорад. Ҳар айбе, ки ҳаст, дар мусалмонии мост. Инро дар мисоли Шайх Темур гуфта метавонам, ки исломро сипар карда, ба хотири манфиатҳои худ як гурўҳро фирефта намуда, ба шахсиятпарастӣ водошт. Ин амал вобастагие бо ислом надорад.

Ислом сад дар сад муқобили шахсиятпарастӣ аст. Чунин инсонҳо чанд оятро азхуд мекунанду мардумро фиреб медиҳанд, корҳоеро анҷом медиҳанд, ки ба ягон доираи инсонигарӣ рост намеояд. Имрўз мо бояд ҳамчун мусалмон чунин амалҳоеро, ки аз ҷониби бархе ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои нопок мекунанд, пешгирӣ кунем. Шахсияти инсон мукаррам аст. Ислом мегўяд, бояд инсон раҳмдил бошад, бо дасту забонаш касеро озор надиҳад, ҳатто сабзаи рўидае аз ў озор набинад. Ислом касеро ба зулму ситам, хунрезӣ далолат накардааст.

Хайёмиддин Исмоилов-сарвари маҳфили «Тарғиботчиёни ҷавон»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд: - Ҷавоне ба Паёмбари акрам (с) суол дод. - Мехоҳам, дар роҳи ислом ҷиҳод кунам. Чӣ корҳоро бояд анҷом диҳам? Паёмбари акрам (с) гуфтанд: -Падару модар дорӣ? Гуфт:-Оре. Гуфтанд: -Бирав, хизмати падару модари худ, хизмати Ватани худро адо кун, ки ҷиҳод ҳамин аст.

Имрўз даҳҳо ҷавонони тоҷик дар Сурияву Яман ба қадри ду неъмати бебаҳо-тинҷиву оромӣ ва саломатӣ дар кишварамон нарасида, дар мулки бегона машғули ҷанг ҳастанд. Он ҷо муборизаи ду мазҳаб, шиаву суннӣ давом мекунад. Мо, ки дар - мазҳаби Имоми Аъзам ҳастем, бояд волоияти онро ба мардум фаҳмонем.

Мунаввара Ҳакимова, дотсенти ка- федраи психологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд: - Дини ислом дини тозагиву покизагӣ, одобу ахлоқи ҳамида аст. Вале афсўс, инро бархе аз ҷавонон нодуруст мефаҳманд. Ҳар як инсон дар ҳаёт соҳиби эътиқоде аст. Ҳамчун равоншинос гуфтаниам, ки ҷавонони зудбовар ва шуурашон паст ва ё ононе, ки дар бораи дин дониши васеъ надоранд, ба чунин равияҳои нодуруст зуд дода мешаванд. Дар ин самт нақши асосиро бояд волидон, бахусус модарон бозанд, ба тарбияи фарзанд диққати ҷиддӣ диҳанд.

Нодира Турдиматова, сардори шўъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят: - Занонро посдори чароғи хонадон мегўянд. Дини мубини ислом инсонҳоро ба эҳтироми якдигар, тозагию покизагӣ ҳидоят мекунад. Вобаста ба тарбияи фарзанд инро мо бояд ба назар гирем. Имрўз вазифа ва масъулияти аввалиндараҷаи волидон он аст, ки фарзандонро дар рўҳияи ватандўстӣ, дар рўҳияи дини ислом, ки ин қадар хислатҳои неки инсониро таълим медиҳад, тарбия намоем.

Мирзосодиқ Сангинов, донишҷўи факултаи табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд: - Дар ин робитаҳо пешниҳоде доштам, ки хуб мешуд, дар макотиби олӣ дарси маърифати динӣ ҷорӣ гардад, то ки ҷавонон аз мўҳтаво ва умқи дини мубини ислом огоҳ бошанд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода: раи-си Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон: - Доир ба ин масъала дар сатҳи ҷумҳурӣ омодагиҳо идома дорад. Минбаъд дар синфҳои 8-9-10-11 чунин фанро ҷорӣ карданием.

Ўғулой Умаралиева - устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров: - Имрўз айём тақозо мекунад, ки маърифати динии мардумро баланд бардорем. Баробари ин маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро низ бояд баланд бардошт, ки ба ин васила дастовардҳои истиқлолият, сулҳу суботро дар мамлакатамон ҳифз намоем. Ҳифзи арзишҳои миллиамон дар дасти мо, имрўзиён аст.

Зафар Абдуллозода, корманди прокуратура: -Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 50 нафар шаҳрвандони вилояти Суғд дар мамолики Ироқ, минтақаи Вазиристони Покистон ва дигар ҷойҳо дар муҳорибаҳо иштирок ва омодагии ҳарбӣ гирифта истодаанд. Ин нафарон киҳоанд? Инҳо ҳамватанони мо мебошанд ва тавре санҷишҳо собит сохтанд, ин шаҳрвандон соҳиби маълумоти миёна ва ё нопурра мебошанд, аз оилаҳои камбизоат ва шароити зиндагиашон вазнинанд ва ба гурўҳҳои экстремистиву террористӣ шомил шудаанд. Ба онҳое, ки дар атрофамон умр ба сар мебаранд, бепарво набошем.

Нурулло Fиёсов, устоди ДДҲБСТ: - Бо истифода аз ҳузури раиси Маркази исломии мамлакат изҳори андеша карданиам, ки агар ба таърих нигарем, зиддияти байни мазҳабҳои шиаву суннӣ асрҳо идома ёфтаанд ва дар ин раванд хунрезиҳо, воқеаҳои пурдаҳшат рух додаанд. Барои он ки чунин воқеаҳои фоҷиабор дар мамлакати мо низ рўй надиҳад, мо бояд ба ислом баҳои дурусту ҳаққонӣ дода тавонем. Аслан, пеш аз ҳама ду исломро бояд фарқ кард-исломи воқеӣ ва исломи сиёсӣ. Мо, тоҷикон, агар меросбарони гузаштагонамон, аз Имом Бухорӣ сар карда бошем, бояд ин мероси аҷдодонамонро идома бахшем. Пеш аз ҳама, сиёсишавии ислом ва ҷаҳолат боиси нофаҳмиҳо, сар задани зиддиятҳо шуда истодааст. Ба хотири илм, ки илми мо дар заминаҳои дин тараққӣ карда истодааст, мо ин асосҳоро қатъи назар карда наметавонем. Исломи воқеиро, ки асосаш покизагист, авлавияти илм аст, то ба мардум расонем. Дар ин самт мутахассисонро тайёр кунем.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода: - Рост гуфтед, зиддияти байни мазҳабҳои шиаву суннӣ ҳанўз аз асрҳои Х-ХI вуҷуд дошт. Вале онҳо хусусияти минтақавӣ доштанд. Имрўз вазъият дигар аст. Он ба муаммо табдил ёфтааст. Ба ин нооромиҳо дар Яман, Баҳрайн, Ироқ, Сурия, Миср ва дигар кишварҳо мисол аст. Имрўз ин зиддиятҳо барои ҷаҳон зуҳуроти хатарзо гаштааст ва масъалаи ҳалталаб он аст, ки ваҳдати исломӣ ба вуҷуд оварда шавад.

Абдуҳаким Шарифов: - Беш аз як аср қабл устод Садриддин Айнӣ гуфта буданд: - Ислом дини мост. Тоҷикистон замини нашъунумўи мост. Имрўз масъулияти ҳар яки мо, шаҳрвандони ин сарзамин аст, ки динамонро арҷгузорӣ кунем, баҳри шукуфоии Тоҷикистони азизамон кўшиш намоем.

Нигоранда Рафоат МЎЪМИНОВА

 

 

 

Читать далее

Айбдоршаванда бояд дастгир шавад

Дар прокуратураи вилояти Суғд ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷўӣ» дар соли 2014 ва семоҳаи аввали соли 2015 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Читать далее

Пешвои Миллат ниёз дошт ва дорад

 Дар рўзномаи “Тоҷикистон” таҳти таҳти №13 аз 2 апрели соли 2015 муаллифон дуруст ва ба маврид, қайд намудаанд, зеро ҳамаи он дастовардҳое, ки тӯли 20 - соли ҳаёт насиби халқу миллати тоҷикон гардидаанд, натиҷаи хирад ва заковати азими Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз бо роҳбарии ин шахсияти бузург ва иродаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини кўҳанбунёду кўҳантаърих дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф ва пазируфта шудааст.

Дар ин ҷо боз илова кардан ба маврид аст, ки тӯли 20-соли даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули якчанд санадҳои тақдирсози меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз ҷумла барномаҳову Стратегияҳо (Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015), ки ҳамаи инҳо барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд, қабул гардиданд ва татбиқ шуда истодаанд. Инчунин таъсиси мақомоти нав: колегияи Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин мақомот тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 уми декабри соли 1999 таъсис дода шуд, ташкили Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, (бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 – уми январи соли 2007, № 143), таъсиси мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ғайраҳо, ки ҳамаи инҳо бевосита аз таҷассумгари сиёсати Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

Инчунин, бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 10-уми феврали соли 2014 таҳти №138) таъсис дода шуд, ки як такони бузург дар самти мазкур мебошад.

Таъсиси чунин марказ орзуи тамоми аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонони Тоҷикистон мебошад, ки боиси пешгирии садҳо ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта гардид ва боварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумати мамлакат боз ҳам қавитар намуд.

Маҳз ҳамаи ин иқдомҳо бевосита аз таҷассумгари сиёсати зидди коррупсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳанд. Чуноне дар Паёми Президенти мамлакат аз 23-уми январи соли 2015 ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид: «Соли гузашта бори аввал қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ роҳандозӣ шуд, ки он талаби замон буда, омили асосии коҳишёбии шиддати кирдорҳои коррупсионӣ дар ин соҳа гардид1». Таъсиси чунин марказҳо талаби замон ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ мебошад.

Ҳамаи инҳо далели он мебошанд, ки халқи тоҷик, ҳамеша ба чунин шахсияти бузург, Пешвои Миллат ниёз дошт ва дорад.

Рустамов Ҷумабек Юнусович устоди факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

 

 

 

Читать далее

Хатари терроризм ва экстремизм дар замони муосир

 Дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бўҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад. Мақомотҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муқовимат зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста фаъолияти худро фаъол кардааст. Бо ин мақсадҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо падидаҳои экстремистӣ маҷмўъи чорабиниҳоро дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида истодааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар маҷмўъи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеъи марказиро амали Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, № 1717 тасдиқ шудааст.

Мубориза бар зидди терро¬ризм ва экстремизм (ифротга¬роӣ) қисми таркибии таъмини амниятӣ на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи чаҳонӣ мебошад. Вазъи бўҳрони ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои бай¬нидавлатӣ ва байнимазҳабӣ (байни конфессияҳо), номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, ба¬рои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терро¬ризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рў, мубориза бар зидди терро¬ризм ва экстремизм (ифротга¬роӣ), ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмўи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.

Созишномаҳои байналмилалиро ба асос гирифта, бояд бо дигар давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои бай¬налмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) иборат аст, ҳамкории самарабахш анҷом дода шаванд. Бояд аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода намуд, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба терроризм ва экстре¬мизми (ифротгароӣ) байнал¬милалиро таъсис дод, ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маво¬ди тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок баст.

Дар замони ҳозира, дар шароити бархўрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмўъи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо заруриятӣ, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ-миллӣ, ғояҳои пешқадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар арафаи асри ХХI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш гирифтааст, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солими ҳамзиштӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбари кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияи маънавии ҷавонон баръало мушоҳида шуда истодаанд.

ДДҲБСТ

 

 

 

Читать далее