Дар толори хурди раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили навбатии “Нерӯи сухан” баргузор гардид, ки дар он яке аз журналистони муваффақ ва пуртаҷриба, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Илҳом Ҷамолиён бо аъзои маҳфил вохӯрии судманд анҷом дод.
Роҳбари маҳфил, директори китобхонаи марказии донишгоҳ, дотсент Дилбар Самадова ба аҳли нишаст меҳмони навбатиро шинос намуд. И.Ҷамолиён аз ташкили чунин маҳфил ба Раёсати донишгоҳ изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки маҳфили мазкур метавонад, мактаби бузурги суханварони бомаҳорат гардида, барои ташаккули ҷавонони соҳибистеъдод, эҷодкору, ташаббускору замина гузорад. Инчунин, дар бораи омӯзиши роҳу усулҳои ҷанрҳои публитсистӣ, муайян намудани қолабҳои маъмулии онҳо ва таҳияи мавод дар расонаҳои хабарӣ, хусусияти ҷанрҳои алоҳидаи журналистӣ, иртиботи журналистикаву публитсистика, сиёсат ва ҳаёти иҷтимоиву касбӣ ва дигар масъалаҳои муҳим ба иштирокчиён маълумоти муфассал дод.
Аъзои маҳфил натанҳо дар бораи журналистика маълумоти муфассал пайдо намуданд, балки роҳҳои навиштан ва муассир гардонидани матлабро азбар намуданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки маҳфил зиёда аз 40 – нафар донишҷӯи ихтисосҳои мухталифро сарҷамъ намудааст, ки аз ҷониби онҳо ҳар ҳафта навидҳои факултету кафедраҳои донишгоҳ, чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ, таълимӣ, илмӣ, тарбиявию ахлоқӣ ва амсоли инҳо омода гардида, ба расонаҳои хабарӣ пешниҳод мешавад.
Маҳфили “Нерӯи сухан” ҳар ҳафта як маротиба баргузор мегардад.
Маркази иттилоот ва таҳлили
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров