Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоту идораҳо ба ҳашари пахтачинӣ баромаданд

Рӯзи якшанбеи 15 сентябр беш аз 250 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоту идораҳои вилоятӣ бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои расонидани кӯмак ба марди деҳқон ба ҳашари пахтачинӣ баромаданд.

Дар ин рӯз кормандони бахш, шуъба, раёсату сарраёсат, ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва намояндагони илму адаб ба хоҷагии деҳқонии "Камола"-и ноҳияи Зафаробод омада, барои ҷамъоварии ҳосил ба пахтакорон ёрии худро расониданд.

Ҳашарчиён бо роҳбарии Раиси вилоят давоми рӯз зиёда аз 9 тонна "тиллои сафед" чида, ба хирман супориданд.

Боиси зикр аст, ки хоҷагии деҳқонии "Камола" соли 2014 таъсис ёфта, ба парвариш ва кишти зироати гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла пахта машғул мебошад. Дар 10 гектар замини хоҷагӣ пахтаи навъи «Хуҷанд-67» парвариш карда мешавад ва саҳмдорон ҳамасола ҳосилнокии хуб ба даст меоранд. Саҳмдорони хоҷагӣ соли 2018 аз ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна 50-сентнерӣ ҳосили пахта рӯёниданд ва имсол низ дар нақша доранд, ки аз ҳар гектар бештар аз 55 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат ба роҳбарияти хоҷагӣ барои сафарбарнамоии саҳмдорон, ҷалби ҳашарчиён ва саривақту беталаф ҷамъоварӣ намудуни ҳосил дастуру ҳидоятҳо дод.

Ёдовар бояд шуд, ки имсол дар ноҳияи Зафаробод 14354 гектар пахта кишт шудааст ва тибқи нақша бояд зиёда аз 28000 тонна “тиллои сафед” истеҳсол карда шавад. Айни замон чиниши пахта дар ноҳия муташаккилона идома дошта, то имрӯз 799 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh