Табрикоти Раиси вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи мелиораторон

Ҳар сол санаи 13-уми сентябр ҳамчун иди касбӣ - Рӯзи мелиораторон таҷлил карда мешавад. Заҳматкашони ин соҳа барои сазовори номи боифтихори мироб шудан маҳорату малакаи касбӣ ва таҷрибаи бои худро ба манфиати мардум масраф мекунанд.

Об неъмати пурқиммати зиндагӣ, асоси ҳаёт ва мӯҷиби тавлиду инкишофи тамоми мавҷудоти зинда аст. Бесабаб гузаштагонамон обу ободонӣ нагуфтаанд, зеро он ҷое об ҳаст, ҳамеша ободу сарсабз буда, ҳосил бобаракот, дастархони мардум фаровон аз нозу неъмат мешавад.

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳида солҳ  2018-2028 Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардид. Ин иқдом моро водор месозад, ки дар истифодаи сарфакоронаву самараноки об намуна бошем.

Бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами милллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон сол то сол фаъолияти соҳаи мелиоратсия тақвият ёфта, бо ҷалби сармояи хориҷӣ, дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилоят ва маблағҳои худӣ ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар ва дар самти барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, азхудкунии заминҳои нав, бунёди иншоотҳои нави ирригатсионӣ амалҳои назаррас анҷом дода мешаванд.

Дар ин радиф, миробҳои вилоят, новобаста аз мушкилиҳои мавҷудаи иқтисодӣ, мекӯшанд рисолати азалии худ – сари вақт расонидани обро ба кишоварзон сарбаландона адо намоянд. Аз ин рӯ,  саҳми онҳо дар истеҳсоли неъматҳои моддӣ басо калон аст. Изҳори умедворӣ менамоям, ки Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят бо зерсохторҳояш минбаъд низ барои таъминоти оби полезӣ ва самараноку сафаркорона истифода бурдани об чораву тадбирҳои мушаххас менадешанд.

Бо чунин умеду орзуҳои нек барои муваффақ шудан ба комёбиҳои беназири меҳнатӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи Шумо, миробҳои вилоят барору муваффақиятҳо хоҳонам. Бигзор хонадонатон пур аз шодиву нишот ва дастурхонатон пурнозу неъмат бошад.

Идатон муборак бошад, миробони азиз!

Add comment


Security code
Refresh