Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Миразим”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан дар Ҷамоати деҳоти Сабристон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Миразим” шинос гардид.

Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии «Миразим» соли 2007 таъсис ёфта, соли 2012 ба 17 хоҷагии деҳқонӣ таҷдид гардидааст. Масоҳати токзори хоҷагӣ 23 гектар буда, дар он намудҳои ангури кишмиши сиёҳ ва сафед, тоифӣ, чиллагӣ, султонӣ, васарға, тагобӣ ва ангури калон парвариш карда мешавад.

Саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ дорои таҷрибаи бой дар самти парвариши ангур буда, ҳамасола аз ҳар гектар то 16-17 тонна ҳосил мегиранд. Чуноне мушоҳида гардид, имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагии деҳқонӣ оғоз ёфта, ангури хушсифат ба бозорҳои мамлакат бароварда мешавад.

Раиси вилоят ба фаъолияти хоҷагидорон баҳои баланд дода, ба масъулин дастур дод, ки таҷрибаи ангурпарварони хоҷагии деҳқонии “Миразим” дар дигар минтақаҳо низ истифода бурда шавад. Аз ҷумла, истифодаи таҷрибаи ангурпарварони хоҷагӣ дар минтақаи Рухак ба манфиати кор арзёбӣ гардид ва ба масъулини соҳаи кишоварзии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов супориш дода шуд, ки дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh