Дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз ёфт

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ва Кооперативи тиҷоратии ба номи А. Қушатов шинос шуд ва ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта ҳусни оғоз бахшид.

Дар аснои шиносоӣ таъкид карда шуд, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз калонтарин ноҳияҳои вилояту ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, саҳми кишоварзону пахтакорони соҳибтаҷрибаи он дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат назаррас мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия зиёда аз 3500 хоҷагии пахтакор мавҷуд буда, соли ҷорӣ дар  8200 гектар пахта кишт карда шудааст ва пахтакорон азм доранд, ки беш аз 17000 тонна “тиллои сафед” истеҳсол намоянд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон барои муташаккилона гузаронидани маъракаи пахтачинӣ тавсияҳои судманд дода, иброз дошт, ки бояд дастранҷи марди деҳқон пурра ҷамъоварӣ карда шавад.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 8 августи соли 2019, №381 Ситоди вилоятии “Ҳосил-2019” таъсис дода шудааст.

Дар асоси қарори мазкур миёни ноҳияҳои пахтакор ва хоҷагиҳои кишоварзӣ мусобиқаҳои меҳнатӣ ташкил мегардад. Ҷамъбасти мусобиқаҳои меҳнатии давраи аввали маъракаи пахтачинӣ 1 октябр сурат гирифта, давраҳои минбаъдаи он ҳар 20 рӯза ҷамъбаст ва ба шарафи ғолибон дар маркази вилоят Парчами шараф барафрохта хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh