Кишти такрорӣ: Муҳлат, сифат ва дурнамо

Аҳамият ва фоидаву ғановати нишондиҳандаҳои иқтисодии самти муҳими соҳаи кишоварзӣ - кишти такрории зироатҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ дар сатҳи намоён қарор дорад. Барои пешрафти соҳаи мазкур дар вилоят тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ вуҷуд дорад, танҳо ба гуфтаи худи деҳқонон, чашми корро дониста, ба замину об, вақту марҳалаи киштукор эътибор додан муҳим аст, - чунин дастуру супоришҳо ҳангоми сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен ба миён гузошта шуд, ки иҷрои он танҳо ба манфиати умум маҳсуб мешавад.

Воқеан, дар ҳамаи хоҷагиҳои кишоварзӣ, деҳқонӣ ва инфиродӣ гузаронидани кишти такрории зироатҳои гуногун дар арафаи анҷомёбист, ки ин сазовори зикр аст.

Ба фактҳо муроҷиат мекунем: аввалан, бино ба иттилои масъулони Сарраёсати кишоварзии вилоят имсол бояд дар замини 16 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шавад. Ин меъёри кору фаъолият дар ин самт дониста мешавад. Бо азму кӯшишҳои аҳли заҳмати саҳро то имрӯз дар 16218 гектар кишти такрорӣ таъмин гардидааст, ки 101,4 фоизи дурнамо мебошад.

Чунонки мебинем, нишондиҳанда хуб буда, аз масъулияти мутасаддиёни обу замин ва таваҷҷуҳу эътибору кори ҷомеаи хоҷагиҳои кишоварзӣ шаҳодат медиҳанд.

Дар ҳошияи сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода кору пайкори заҳматкашон – кишоварзони ноҳияи Спитаменро хостем аз таҳлилҳои сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Муҳаммадҷон Обидзода натиҷабардорӣ намоем. Аён гардид, ки дурнамои кишти такрорӣ дар ноҳия 1700 гектарро бояд ташкил намояд. То санаи 8 - уми августи соли равон дар ноҳия дар масоҳати 1704 гектар замин кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки дурнамои ин самти кори хоҷагии қишлоқ аз сад фоиз афзунтар аст. Дар ҷараёни ин тадбири муҳими кишоварзӣ дар қаламрави ноҳия, хосса, истифодаи самараноку оқилонаи обу замин, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва зироаткорӣ – аз маҷмӯи кишти умумӣ 285 гектар сабзавот, 5 гектар картошка, 120 гектар шолӣ, 15 гектар ҷуворимакка барои дон, 30 гектар полезиҳо ва 1059 гектар зироатҳои хӯроки чорво ба ҳисоб мераванд.

Баробари шиносоӣ бо рафти кору меҳнати кишоварзони ноҳияи Спитамен Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар назди мутахассисон, масъулони соҳаи кишоварзӣ, алалхусус заминдорон – роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, инфиродӣ ва оилавӣ, ки онҳо соҳибони комилҳуқуқу истифодабарандагони заминанд, масъалагузорӣ намуда, дастуру супориш дод, ки кишти такрорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ бояд сад фоиз таъмин карда шавад. Аз захираву имконият истифода бурда, масоҳати майдонҳои шолӣ, пиёз васеъ карда шаванд. Дар ин замина дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати баланд бардоштани ҳосилнокии замину зироатҳо ва аз як замин ду - се ҳосили баландсифат рӯёнидан вазифаи ҷонии кишоварзону мутахассисони ин соҳаи муҳими иқтисодиёти миллӣ ба шумор меравад. Ин азму субот ва ҳиссаи арзанда гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишварамон боиси саодатмандӣ ва шарафмандӣ аст.

Воқеан, кишоварзони хоҷагиҳои ба номи Т.Ӯлҷабоев, «Тағояк», «Истиқлол», «Куруш», «Сарбанд», «Хуррамзамин» бо дарбаргирии нӯҳ Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ноҳия дар ҳамкорӣ бобати мувофиқи мақсад гузаронидани кишти такрорӣ фаъоланд. Дар ин раванд заҳмату нақши хоҷагиҳои инфиродӣ бараъло намоён мебошад.

Имрӯзҳо Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби ба номи Сатторов, А.Бобоев, «Тоҷикистон», «Саидқӯрғон», ба номи Аҳмадалиев, «Зарзамин» дурнамои кишту парвариши зироатҳои такрориро бомуваффақият таъмин кардаву пеш бурда истодаанд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh