Маҳсулоти тозаву тар доим харидор дорад!

Имрӯз бо дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҳои бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ бозмонда соҳибони худро пайдо намуд, яъне замин ба дасти соҳибаш - деҳқонони асили кишвар дода шудааст. Деҳқонон онро бо қувваи дастони худ ба гардиши кишоварзӣ дароварда, аз он ҳосили фаровон ба даст оварда, дастархони сокинонро аз неъматҳои табиат фаровон гардонида истодаанд.

Ҳангоми гузар намудан аз шоҳроҳҳои муосири Истаравшан – Хуҷанд, Хуҷанд – Ғафуров – Конибодом - Исфара мебинем, ки чӣ қадар деҳқонон маҳсули меҳнати худро ба фурӯш гузоштаанд, ки арзиши онҳо, албатта, нисбат ба нархи маҳсулоти дар бозор буда арзонтар аст. Дар қадди шоҳроҳҳои шаҳрҳои Конибодому Исфара, Истаравшан ва ноҳияҳои Деваштичу Зафаробод чунин ҳолатро вохӯрдан мумкин аст. Имрӯз аз сабаби гармии ҳаво талабот ба маҳсулоти полезӣ, аз қабили тарбузу харбуза ва дигар меваҷот зиёд аст.

Деҳқонон ва занҳои хонанишини шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Истаравшан, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Зафаробод дар қадди роҳҳо фурӯши маҳсулоти мевагӣ ва сабзавотро ба роҳ монда, ҳосили дастранҷи худро ба фурӯш гузоштаанд. Ҳангоми суҳбат аён гардид, ки дар аксар чунин фурӯшгоҳҳои сарироҳӣ занҳо бо ҳамроҳи фарзандонашон машғули савдо ҳастанд. Дар воқеъ, ҳамаи маҳсулоти дастранҷи чунин марказҳои фурӯш арзон ва сифаташ, аз маҳсулоти бозор фарқияте надорад.

Зимни сафар ба шаҳри Конибодом зиёда аз 15 бозори сарироҳиро дидем, ки дар он занҳо ва деҳқонони ҳудуди шаҳр машғули савдои маҳсулоти хеш буданд.

 Фурӯшанда Шаҳодатхола дар суҳбат қайд намуд, ки барои зиндагии оилаашро пеш бурдан маҳсулоти полезӣ, инчунин помидору бодиринг ва дигарҳоро парвариш намуда, имрӯз бошад, ҳосили онро барои сокинон пешниҳод намудааст. Мавсуф дар як рӯз аз 40 то ба 100 сомонӣ маҳсулот мефурӯшад.

- Аксарияти сокинон маҳсулоти полезиро аз мо бо сабаби арзон буданаш омада харид мекунанд, зеро ба гуфти худи мизоҷон алҳол нархи тарбузу харбуза дар бозорҳо хеле гарон аст, - мегӯяд Шаҳодатхола.

- Дар сурати ба бозор баровардани маҳсулоти хеш, ба мо фоидае намерасад, зеро роҳкиро ва дигар хароҷот сарфи беҳуда аст. Дар назди хонаҳои хеш маҳсулоти худро ба фурӯш баровардан хубтар аст, - мегӯяд сокини дигари шаҳр Аҳрорхоҷа.

- Онҳоро ҳам бояд қадр намуд. Аз саҳар то бегоҳ дар замин машғули меҳнат ҳастанд. Чаро мо инро бояд қадр накунем? Ҳол он ки маҳсулоти онҳо аз маҳсулоти бозор ягон фарқият надоранд, нархашон бошад, дастрас ва қаноатбахш аст, - иброз медорад як нафар мизоҷи бозорҳои сарироҳӣ Сафарбек аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Аксарияти фурӯшандагони бозорҳои сарироҳӣ чунин ҳолатро ба инобат гирифта, назди хонаҳои худ ба фурӯши маҳсулот машғул мешаванд, то каме ҳам бошад меҳнаташонро қадр намоянду даромад ба даст оранд. Ҳангоми пурсиш маълум гардид, ки фурӯшандаҳои сарироҳии ноҳияҳои Спитамену Ҷаббор Расулов дар як рӯз ба маблағи беш аз 300 сомонӣ маҳсулот мефурӯшанд.

Имрӯз, ки дар кишвари мо аксар сокинон дар деҳот умр ба сар доранд, зиндагии худро маҳз аз замин ва маҳсулоти он ба пеш мебаранд.

Инҷо қайд намудан бамаврид аст, ки чунин бозорҳо мавсимӣ мебошанд ва маҳсулоти тару тозаро ба сокинон пешкаш мекунанд.

Дар чунин бозорҳои сарироҳӣ танҳо деҳқонон ва занҳои хонашин сабзавоту мева ва полезиҳои истеҳсол намудаи худро ба фурӯш баровардаанд.

Истамҷон НАҶМИДДИНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh