Сайҳун: об ба боғот чу пари товус бувад…

Аҳли маърифат, алалхусус деҳқонон - кишоварзон, ки бо замину об, долу дарахтон, ҳосили боғот, зироатҳои полезӣ бе ягон муболиға решапайванданд, гуфтаанду мегӯянд, об ҳусну нури замин, хуни ҳаётбахши хоки самарабахш аст. Ин ифодаро мо дар симо, чеҳра ва манзараи боғоти интенсивии шаҳраки навбунёдшавандаи Сайҳун равшан ва гуворо эҳсос менамоем.

Ҳамагӣ чанд соли наздик домони дашти Сомғор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз мавриди зикру гуфтори мардумон дур, ноаёну ҳамчун як мавзеи бекорхобидае буд. Иқдом, ташаббус ва эътибору эътимод зиндагиро мунаввару суръатбахш месозад. Маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳиссиёти мукаммали роҳбарияти вилояти Суғд дашти Сомғор номбардор гардид. Имрӯз ҳаёти Сайҳуни дурнамои дурахшон, шукуфон ва ободон дошта эҳсос мешавад. Аз дарёи Сири пуртамкин ба воситаи пойгоҳҳои обрасонии Сумчак - 1, Сумчак - 2 бо лӯлаҳои калонҳаҷму бузургдиаметр ба домани дашти Сомғор оби ҷонбахш, нури ҳаёт расидааст. Болотар дар паҳнои шаҳраки акнун чеҳракушода истода як ҳавзи бузурги захираи об аз оби дарёи Сир ҳамеша лаболаб буда, дар мавриди муайян ба боғоти муосири интенсивӣ об мерасонад, ки ниҳолҳояшон, бо гузашти се - чаҳор сол пурмева гардида, комҳоро ширин намудаанд. Ҳам мутахассисони иморатсоз ва ҳам донандаҳои асрори замину об, боғу боғчакорӣ, алалхусус, мардуме, ки барои худ манзили истиқоматӣ бунёд карда истодаанд, дар фикру хаёлҳои хеш тасаввур менамоянд, ки кунун – ба ҳамин наздикиҳо инҷо хонаи умед мешавад, боғҳо камол ёфта, шаҳдрез мегарданд, рӯи ҳавлиҳо гулзор шуда, хандаи бахти худу фарзандон ва наберагон хоҳад шуд.

Дар рабти ин созандагиҳо, ин обрасониҳо, ин нашъунамои боғу ҳаёти шаҳрак бо Мӯъминҷон Лакимзода – сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров суҳбате доштем. Ӯ гуфт: айни замон тадбирҳои созандагӣ дар Сайҳун пеш меравад ва панҷоҳ фоизи корҳои васлкунии лӯлаҳои обрасониву обгузар ба анҷом расидаанд. Оби ҷонбахш ба боғҳои интенсивӣ тариқи канали Сумчак, пойгоҳи обкашии Сумчак расонида мешавад. Баробари ин муаммо – таъминот бо барқ ҳанӯз боқӣ мемонад. Идораи мо имконият дорад, дар як ҳафта ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе майдони боғотро – беш аз ҳазор гектар аст, бо оби полезӣ таъмин созад. Боғоти интенсивии ин мавзеъ ҳоло аз канали Сумчак обёрӣ карда мешаванд.

Дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» аз кору пайкор, ободгариҳо ва бунёди иншооти обрасониву ташкили боғҳои интенсивӣ борҳо навиштаем. Вале имрӯз онро салоҳ донистем, ки ишора бар он намоем – боғҳои интенсивӣ дар домони шаҳрак тӯл кашидаанд – ниҳолҳои зардолу, сиёҳолу, ангуру шафтолу қомат афрохтаанд, ба назарҳо ҳамчун қомати наварӯсон ҷилвагаранд. Дар ёд дорем, ки аввалин шуда дар боғ ниҳолони шафтолу ба ҳосил даромада буданд, зери ниҳолон лӯбиёю нахӯд, тарбузу харбуза ва каду кошта, аз ҳосилаш табъу вуҷуди фардони заҳматкаш фараҳафзо гардида буду ҳаст.

Марҳалаи якуми бунёди боғоти интенсивӣ муваффақона шуд, даври дуюми ташкили боғҳои интенсивии ҷавобгӯ ба талаботи имрӯз бомаром оғоз шуда, идомаи некбинона дорад. Ниҳолони боғҳои интенсивӣ ба таври қатрагӣ об мехӯранд, найчаҳои обгузар ба ниҳолон сабзишу нумӯъ ва ҳосил мебахшанд. Ин тарзи обёрӣ, албатта, ба сарфаю сариштаи об мусоидат мекунад ва ниҳол аз об сер мегардад. Азбаски заминҳои дашти Сомғор санг надоранду хокашон бисёру таркибаш ҳосилбахш аст, ин шарти ба даст овардани муваффақият буда, заҳмати боғдорон асло зоеъ намеравад.

Ба Сайҳун оби полезӣ меояд, оби ошомиданӣ низ хоҳад расид. Ҳар муаммо, ҳар мушкилоте, ки дар масоили обу ободонӣ, эъҷози замину ниҳолон, фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ ва умуман ҷӯшу хурӯши ҳаёти Сайҳун пеш меоянд, бо азму суботи масъулини ин мавзеъ саривақт ҳаллу фасл мегарданд. Оби Сайҳун боғҳои Сайҳунро сарсабзу пуртароват месозад, ки мавзӯи ояндаи мақолаи мо хоҳад шуд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh