Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Аъзамҷон”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ бо фаъолияти хоҷагидорони хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Аъзамҷон”-и Ҷамоати деҳоти Палдорак шинос гардид.

Тавре роҳбари хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Аъзамҷон” Аъзамҷон Бурҳонов зимни суҳбат бо Раиси вилоят иттилоъ дод, майдони умумии хоҷагӣ 12 гектарро дар бар мегирад.

Аъзои хоҷагӣ имсол дар 6 гектар пахта, 4 гектар полезӣ, 1 гектар ҷуворимакаи дон ва дар замини боқимонда сабзиву дигар зироатҳоро кишт кардаанд.

Ҳангоми боздиди Раиси вилоят аз майдони полезиҳо таъкид карда шуд, ки харбузаҳои деҳқонони хоҷагӣ харидорони худро дошта, ба бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ бароварда мешавад. Кишоварзон асосан навъҳои заркокул ва оби наботро парвариш мекунанд ва ин навъи харбузаҳо хеле маъруфанд.

Раиси вилоят ба фаъолияти хоҷагидорон баҳои баланд дода, ҷиҳати истифодаи самарноки замин ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh