Зафаробод. Тавассути пойгоҳҳои обкашӣ 32 000 гектар замин обёрӣ мешавад

Нимаи дуюми рӯзи якшанбеи 21 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таъминоти хоҷагиҳои деҳқонӣ бо оби полезӣ аз ноҳияи Зафаробод боздид кард.

Тавре зимни боздид иттилоъ дода шуд, дар ноҳияи Зафаробод 14 пойгоҳи обкашӣ вуҷуд дошта, 11 адади он мунтазам фаъолият дорад. Тавассути пойгоҳҳои обкашии ноҳия 32 000 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонӣ обёрӣ гардида, ҳамасола барои таъмиру омодасозии пойгоҳҳо аз буҷети вилоятӣ маблағҳои зурурӣ ҷудо карда мешавад. Аз ҷумла, соли равон бо ин мақсад 1,3 миллион сомонӣ ҷудо гардида, пойгоҳҳои обкашӣ сари вақт ба фаъолият оғоз кардаанд.

Ба иттилои масъулин бо вуҷуди тадбирандешиҳо дар натиҷаи як садама агрегатҳои пойгоҳи обкашии “Зарнисор-2” аз фаъолият бозмонд ва дар натиҷа ба вазъи таъминоти кишоварзон бо оби полезӣ мушкилӣ эҷод кард. Бо дастури роҳбарияти вилоят масъалаи мазкур ба зудӣ ҳал гардида, агрегатҳо таъмир ва пойгоҳ дубора ба фаъолият оғоз намуд.

Қайд гардид, ки муаммои асосие, ки имрӯз дар самти таъминоти об дар ноҳияи Зафаробод мавҷуд аст, ин аз рӯи меъёр тақсим накардани об аз ҷониби ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об мебошад.  Маҳз дар натиҷаи дуруст фаъолият надоштани ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об танқисии оби полезӣ дар бархе минтақаҳои ноҳия эҳсос мешавад.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо вазъи мавҷуда ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки фаъолияти пойгоҳҳои обкаширо зери назорат гирифта, ба самаранок истифода шудани оби полезӣ мусоидат намояд.

Ёдовар бояд шуд, ки ноҳияи Зафаробод аз навоҳии кишоварзӣ маҳсуб ёфта, деҳқонони ноҳия дар самти парваришу истеҳсоли пахта ва полезиҳо таҷриба бой доранд. Соли ҷорӣ дар ноҳия беш аз 14 ҳазор гектар пахта кишт гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh