ШАҲДИ ЗАРДОЛУИ СУҒДЗАМИН

Боғпарварӣ шуғли қадимтарини мардуми Суғдзамин буда, дар шаҳру деҳоти Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент ва дигар минтақаҳои вилоят парвариши боғи зардолу ба роҳ монда шуда, он манбаи асосии даромади сокинон аст. Дар боғоти зардолу барои фаровонҳосилӣ бештар ба яхобмонии босифат, дар давраи гулкунӣ ба оби полезӣ ва моддаҳои ғизоию поруи маҳаллӣ додан эътибор медиҳанд.

Мутахассисон муайян намудаанд, ки меваи зардолу қобилияти табобатӣ дошта, ба бемориҳои меъдаву рӯда, зардпарвин, қанд давои хуб ва асоси дарозумрии инсон буда, мардум меваи зардолуро дар ҳолати тару тозаву хушккарда ва нӯшоба истеъмол мекунанд. Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвариши боғоти зардолу дар шаҳру ноҳияҳои вилоят рӯ ба рушду нумӯъ ниҳода, меваи хушку тари он ба давлатҳои хориҷа содирот гардида истодааст.

Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии вилоят оид ба майдони боғу токзорҳо дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ мувофиқи шаҳру ноҳияҳо дар ҳудуди вилоят ба санаи 1 - уми январи соли равон ҳамагӣ 60810 гектар боғоти мева буда, аз он 40491 гектараш ҳосилдеҳ аст. Аз ин миқдор 33434 гектар боғоти меваи ҳосилдиҳандаи донакдор мебошад. То санаи якуми июни соли равон истеҳсоли мевагиҳои донакдор 2670 тонна аст, ки нисбат ба соли 2018 - ум 1218 тонна зиёд аст. Асосан дар вилоят зардолуи навъҳои хурмоӣ, мирсанҷалӣ, тоҷибоии зард ва сурх, кадухурмоӣ, шишахурмоӣ, обӣ, қандак, субҳонӣ ва дигарҳо парвариш мешаванд.

Дар асоси Барномаҳои давлатии соҳавӣ боғпарварӣ дар вилоят рӯ ба тараққӣ ниҳода, новобаста аз танқисиҳо ҳар сол садҳо гектар боғоти нави зардолу бунёд мешавад. Бо дастуру супориши Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикори роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соли 2009 дар мавзеи дашти бекорхобида, дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чандин гектар замини корам, боғоти мева бунёд ва ҳосилдеҳ карда шуд.

Бино ба гуфти Толиб Ҳасанов директори Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» имрӯз дар 510 гектар боғ ҳабдаҳ навъи зардолу, аз ҷумла мирсанҷалӣ, бобоӣ, аҳмадӣ, субҳонӣ, хурмоӣ, учмаи сафед, сурх ва дигарҳо парвариш мешаванд. Боғоти зардолу сари вақт коркард ва ба шакл дароварда, обу ғизо дода мешавад. Алҳол 80 нафар корманд бо парвариш ва нигоҳубини дарахтони боғ машғул буда, ба кори мавсимӣ 60 нафар барои ғунучини ҳосил фаро гирифта шудаанд. Маоши миёнаи кормандон аз 490 то 700 сомонӣ аст.

Айни замон дар боғоти зардолузор ҷамъоварии ҳосил бомаром идома дошта, то санаи 20-уми июн бештар аз 30 тонна мева ҷамъоварӣ шуд. Имсол боғпарварон ният доранд, ҷамъовариро зиёд намуда, ба дастархони сокинони вилоят пешкаш созанд. Ҳоло маҳсулотро дар бозор ва ҳам ярмаркаҳо ба фурӯш бароварда, инчунин хушк карда истодаем.

Сифати имсолаи зардолу нисбат ба соли пешин паст буда, сабаби он бориши борон дар вақти пухтани ҳосил аст, - иброз дошт Толиб Ҳасанов. Алҳол мавсими ғунучини меваи зардолу бо ҷӯшу хурӯш давом дошта, боғпарварони шаҳру деҳот ният доранд, имсол зардолуи тару тозаи Суғдзаминро пешкаши шаҳрвандони кишвар ва давлатҳои хориҷаи дуру наздик гардонанд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh