Боздиди Раиси вилоят аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” ​

17 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” боздид намуда, бо рафти ҷамъоварии мева шинос гардид.

Бояд зикр кард, ки Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 бунёд гардида буд. Масоҳати умумии муассиса 630 гектар буда, дар 501 гектари он боғҳои гуногун бунёд карда шудааст. Аз ҷумла, дар 353 гектар боғи зардолу, 47 гектар шафтолу, 37 гектар себ, 31 гектар бодом, 12 гектар олу, 2,78 гектар нок, 4,43 гектар гелос бунёд ёфта, ҳосили боғоти муассиса ба бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар бароварда мешавад.

Тавре зимни боздиди Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, имрӯзҳо дар Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” чиниши зардолу ва олу ҷараён дошта, меваҳои шаҳдбор ба Федератсияи Россия содирот гардида истодааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти муассиса ҷиҳати ҷамъовари саривақтии ҳосили пухтарасида ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар дастуру супоришҳо дод. Таъкид карда шуд, ки меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои минтақа харидорони худро дорад ва аз ин лиҳоз, масъулинро зарур аст, ки дар ин самт корбариро ҷоннок созанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh