Панҷакент: АФЗАЛИЯТ БА КАРТОШКАПАРВАРӢ

Картошкапарварӣ аз соҳаҳои сердаромади хоҷагии халқи кишвар маҳсуб ёфта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Панҷакент яке аз минтақаҳои картошкапарварии вилоят ба ҳисоб рафта, иқлими муътадили он барои парвариши ин зироат хеле мувофиқ аст.

Бино ба гуфти сардори раёсати кишоварзии шаҳр Ғолиб Гадоев соли ҷорӣ кишоварзон тибқи дурнамо нақша доранд, дар масоҳати умумии 5 ҳазор гектар кишти картошкаро ба роҳ монанд. То 13 – уми майи соли равон кишоварзону хоҷагидорони шаҳр дар майдони 3430 гектар кишти картошка гузаронидаанд, ки 70 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Бо мақсади иҷрои барзиёди нақша дар саҳро бо истифодаи техникаи кишоварзӣ, кӯшиши деҳқонон ва истифодаи самараноки обу ҳавои мусоид кишти ин зироат вусъат дорад.

- Кӯшиш карда истодаем, ки аҳолиро низ бештар ба кишти картошка дар хоҷагиҳояшон ҷалб намоем. Аз ҳисоби истеҳсоли зиёди картошка ҳам оилаашонро таъмин мекунанд ва ҳам дар бозорҳои шаҳру навоҳии вилояту ҷумҳурӣ маҳсулоти худӣ таъмин намуда, онро бо нархи дастрас мефурӯшанд, ки ин ҳам ба манфиати деҳқонон ва ҳам харидорон мебошад, - гуфт номбурда.

Ба андешаи мутахассисони соҳаи кишоварзии шаҳри Панҷакент хоҷагидорон тухмии босифатро ба таври зарурӣ захира намуда, имрӯз аз он васеъ истифода мебаранд. Дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, ки беш аз 2 ҳазору 150 гектар замини кишт мавҷуд мебошад, мувофиқи нақша дар майдони наздик 600 гектар картошкаи навъҳои серҳосил кишт менамоянд.

Бино ба гуфти Муҳаммадҷон Шехов – муовини раиси ҷамоат, ин мавзеъ офтобрӯя буда, дар моҳҳои май ҳарорати ҳаво баланд мешавад, аз ин рӯ, бештар барои кишти картошка имконият ҳаст ва он сол то сол афзуда истодааст. Таҳлилҳои солҳои охир нишон дод, ки дар ин заминҳо кишти картошка низ ба мақсад мувофиқ аст.

Кишоварзони Ҷамоати деҳоти Сӯҷина нақша доранд, дар майдони 550 гектар, бо истифода аз тухмиҳои хушсифати мутобиқ ба иқлими маҳал, кишти картошка гузаронанд. То имрӯз дар 420 гектар замин кишт ба роҳ монда шудааст.

Тавре роҳбари хоҷагӣ иттилоъ дод, дар ҷамоат 1 ҳазору 283 гектар замини обӣ мавҷуд буда, аз ин дар 550 гектар картошка кишт карда мешавад.

Шаҳриёр Абдушаҳидов - раиси Кооперативи тиҷоратии «Хуросон» - и Ҷамоати деҳоти Ёрӣ гуфт, ки мувофиқи нақша бояд дар 130 гектар замин кишти картошка гузаронида шавад, вале то имрӯз фақат дар 78 гектар кишт гардидааст.

- Ба он заминҳое, ки чанд сол пеш ғалла корида мешуду аз оби полезӣ танқисӣ дошт, имсол картошка кишт намудем. Тухмии картошка маҳаллӣ буда, сифати он беҳтар ва ҳосилдеҳ мебошад. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва роҳбарияти шаҳр пойгоҳҳои обкашӣ таъмир шуда, мушкилоти оби полезӣ ҳалли худро ёфт.

Аз сабаби он, ки моҳҳои марту апрел сербориш омад, натавонистем саривақт кишти картошкаро ба анҷом расонем. Ният дорем, дар муҳлати муайянгардида нақшаро ба иҷро расонем, - мегӯяд Шаҳриёр Абдушаҳидов.

Маҳз ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва муҳайё будани техникаи кишоварзӣ ба деҳқонон имкон медиҳад, ки дар оянда бозори дохилиро бо маҳсулоти худӣ таъмин намоянд.

Аз рӯи маълумоти масъулини раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент то имрӯз дар 3430 гектар замин кишти картошка гузаронида шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин даври соли гузашта қариб 2 ҳазор гектар зиёд мебошад.

Дар шаҳру деҳоти Панҷакент кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ вусъат меёбад, зеро мардум хуб дарк намудаанд, ки ба ин навъи маҳсулоти кишоварзӣ солҳои охир талабот бештар буда, бо истифода аз шароити мусоиди роҳ дар минтақа метавонанд онро ба бозорҳои шаҳру навоҳии мамлакат интиқол дода ва ба ин васила дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми муносиб гузошта шавад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh