Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Ҷаббор Расулов

10 майи соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо раванди корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар кард.

Зимни сафар Раиси вилоят нахуст аз пойгоҳи обкашии “Деҳмой-1” боздид намуд ва тавре иттилоъ дода шуд, айни замон ҳафт дастгоҳи обкашии пойгоҳ фаъол аст. Бо дастгирии роҳбарияти вилоят агрегати ҳаштуми пойгоҳ низ аз таъмир бароварда шуд, ки ин иқдом бешак барои беҳтар шудани кори пойгоҳ мусоидат мекунад. Дар ҳузури Раиси вилоят агрегати ҳаштум низ паз аз бозистии дусола ба кор андохта шуд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо масъулин таъкид дошт, ки кишоварзон набояд аз норасоии оби полезӣ танқисӣ бикашанд ва аз ин лиҳоз барои таъмини фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашӣ аз буҷети вилоятӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешавад.

Ёдовар бояд шуд, ки тавассути пойгоҳҳои обкашӣ зиёда аз 12 000 гектар заминҳои ноҳия обёрӣ мегарданд.

Дар идомаи боздиди корӣ Раиси вилоят ба хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Ҷаббор Расулов ва “Суҳробҷон” ташриф оварда, нашъунамои пахтаро мушоҳида намуд. Ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки бо сабаби боришоти зиёди борони баҳорӣ ҳанӯз дар ноҳия кишти пахта пурра ба итмом нарасидааст. То имрӯз дар 5450 гектар пахта кишт шудааст ва ин раванд идома дорад.

Раиси вилоят дар хоҷагиҳои зикршуда бо кишоварзон суҳбатҳо намуда, аз онҳо даъват намуд, ки ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, ҷиҳати рӯёнидани ҳосили баланд кӯшиш намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh