Кирмакпарварӣ: таваҷҷӯҳ меафзояд

Дар саноати сабук пилла ашёи хоми пурбаҳо маҳсуб меёбад ва он дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла дар авиатсия низ барои омода намудани парашютҳо мавриди истифода қарор мегирад.

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи «Рушди соҳаи кирмакпарварӣ барои солҳои 2012-2020» тасдиқ шуда, мутобиқи он пешравии соҳа дар нақша тарҳрезӣ гардидааст.

Оид ба пиллапарварӣ дар вилоят директори Идораи фаръии «Пиллаи Суғд» Парвез Бегматов гуфт, ки имсол тибқи дурнамо ба кирмакпарварон бештар аз 10550 қуттӣ тухми кирмаки навъи хитоӣ дастрас карда, то 6 майи соли 2019 дар вилоят ба миқдори 10 ҳазору 420 қуттӣ тақсимот шудааст. Айни ҳол тақсимоти 130 қуттӣ, ки барои мавзеъҳои иқлимашон баландкӯҳ пешбинӣ шудааст, дар шаҳри Исфара, аз ҷумла дар деҳаи Ворух тақсимоти 40 қуттӣ идома дорад. Дарахтони тути ин минтақа барги майда дошта, аз ҳисоби хунуктар будани ҳаво кирмак дертар бедор мешавад.

Бино ба иттилои масъулини соҳа дар ноҳияҳои Конибодом 15 тоннаю 300 килограмм ва Ашт 1210 килограмм пилла ҷамъоварӣ шудааст. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи ҷамъоварии пилла идома дорад.

Айни ҳол кирмакҳои 5282 қуттӣ дар арафаи пиллапечӣ қарор дошта, кирмаки 3850 қуттии дигар дар даҳаи панҷум, ки онро даҳаи калон низ меноманд, пас аз 1-2 рӯз ин кирмакҳо низ ба танидани зоча шурӯъ мекунанд.

Мутахассисон қайд менамоянд, ки аз солҳои 1991-1992 кирмакпарварӣ дар вилоят хеле паст рафта, бо несту кам шудани базаи хӯрока, яъне дарахти тут рушди соҳаи кирмакпарварӣ низ мушкил гардида буд.

Илова бар ин дар майдонҳое, ки онҳоро дарахтони тут иҳота мекунанд, кишт кардани юнучқаву пиёз ва заҳрдору задан ба онҳо ба нашъунамои дарахти тут таъсири манфии худро расонид.

Аз нав ба таври аврупоӣ доир намудани таъмири хонаҳо боис гардид, ки бештари аҳолӣ аз парвариши кирмак дар хонаҳои худ даст кашиданд. Зимнан бояд гуфт, ки барои парвариши як қуттӣ кирмак 60-70 метри мукааб ҷой лозим аст. Ҳоло бошад кирмакҳо дар саройҳо ва ҷойҳои номувофиқ парвариш карда мешаванд, ки ин ҳолат хоҳ нохоҳ ба сифати пилла таъсири манфӣ мерасонад.

Барои рушди соҳаи пиллапарварӣ дар вилоят ду ширкат «ВТ Силк» ва «Ганҷ» бо Идораи фаръии «Пиллаи Суғд»  ҳамкориро ба роҳ мондаанд.

Идораи фаръии «Пиллаи Суғд» бо ширкати «Ганҷ» таи ду сол инҷониб ҳамкорӣ менамояд ва байни онҳо шартномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2016-2026 ба имзо расонида шудааст.

Дар доираи ҳамкорӣ ширкати истеҳсолии «Ганҷ»  солҳои 2017-2018 барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ зиёда 600 ҳазор бех ниҳоли тут аз ҷануб оварда, ба шаҳру ноҳияҳо мувофиқи талаботашон тақсим карда шудаанд, ки деҳқонон ба парваришу нигоҳубини онҳо машғуланд.

Ҳамкориҳои судманд зина ба зина баҳри рушд кардани соҳа дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз нав бунёд кардани тутзор, пешгирӣ намудани нобудшавии тутзорҳо равона карда шудааст.

Имсол ба кирмакправарони вилоят ба ҳар як килограмм пилла 10 сомонӣ пули нақд дода мешавад. Барои ҳар як қуттӣ бошад, 50 сомонӣ пешпардохт карда шудааст.

Аз ҷониби ширкати «ВТ Силк» дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ ба роҳ монда, имсол барои кирмакпарварон 850 ҳазор сомонӣ пули нақд маблағгузорӣ шудааст.

Ҳарчанд ба парвариши кирмак талабот кам аст, барои ашёи хоми он талабот бисёр мебошад. Аз ин рӯ, аз тарафи кормандони соҳа ҳавасмандгардонии аҳолӣ ба кирмакпарварӣ бо баланд бардоштани арзиши пилла ба роҳ монда шудааст.

Аввалҳо нархи як килограмм пилла 5-6 сомонӣ буд, ҳоло он ба ду баробар, ҳатто зиёдтар бардошта шудааст. Оянда дар назар аст, ки коркарди ниҳоии пилла дар ҷумҳуриамон пурра ба роҳ монда, арзиши як килограмм пилла низ то ба 30 сомонӣ баланд карда мешавад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh