Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Николай Шербаковро ба ҳузур пазируфт

10 ноябри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари Иттифоқи боғпарварони Кубани Федератсияи Россия Николай Шербаковро ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси барномаҳои давлатӣ ҳамасола садҳо гектар боғоти нав ташкил карда мешавад. Аз ҷумла, соли равон танҳо дар вилояти Суғд беш аз 700 гектар боғҳои гуногун бунёд гардидааст, ки барои таъмини бозори дохилӣ бо меваҳои гуногун ва ташкили ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.

Гуфта шуд, ки ҷониби вилояти Суғд барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва истифодаи таҷрибаи пешқадами соҳаи боғпарварӣ ҳавасманд буда, хотсори таҳкими муносибатҳо бо ширкатҳои пешрафтаи минтақа мебошад.

Николай Шербаков дар аснои мулоқот таъкид кард, ки Иттифоқи боғпарварони Кубани кишвари Краснодар ҷиҳати омодасозии кадрҳои соҳаи боғпарварӣ, бунёди боғоти интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, истеҳсоли меваҳои ба содирот нигаронидашуда ва дар маҷмӯъ рушди соҳаи боғдорӣ метавонад ҳамкории самаранокро ба роҳ монад.

Раиси вилоят дар ин замина ба масъулини сохторҳои вилоятӣ дастур дод, ки барои оғозу тақвияти ҳамкориҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh