Деваштич: Ҳадаф, истеҳсоли беш аз 110 ҳазор тонна картошка

- Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии рушди иқтисодиёт маҳсуб ёфта, дар пешрафти ноҳия нақши муҳим мебозад. Дар асоси супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Ҷамоату деҳоти ноҳия майдони кишти картошка сол аз сол зиёд гардида истодааст, - гуфт муовини аввали раиси ноҳия .

- Соли равон майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 4422 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он замини картошкаи хоҷагиҳои кишоварзӣ 3257,7 гектар, аҳолӣ 1164,3 гектар мебошад, ки ин нисбат ба солҳои қаблӣ 647 гектар зиёд буда, аз он 619 гектар аз ҳисоби хоҷагиҳои кишоварзӣ ва боқимонда 28 гектар аз аҳолӣ аст.

 Хоҷагиҳои кишоварзӣ имсол тасмим гирифтанд, ки 110550 тонна картошка истеҳсол намоянд, ки нисбат ба соли гузашта 10000 тонна зиёд мебошад.

Имсол дар ҳудуди ҳоҷагиҳои кишоварзии Ҷамоатҳои деҳоти Исмоили Сомонӣ зиёда аз 1059,59, Ваҳдат – 835,57 гектар, Муҷун - 374,42, Росровут - 87,53, Далён - 789,75, Ғазантарак - 59,98, Яхтан - 42,94, шаҳраки Ғончӣ - 7,46 гектар ва дигар ташкилот - 0,46 гектар картошка кишт карда шуд, -зикр намуд номбурда.

Аз минтақаҳои поёнӣ 180-200 сентнерӣ, миёна 230-250 сентнерӣ ва наздикӯҳии майдони картошка 260 - 280 сентнерӣ ҳосили картошка гирифта истодаанд. Ба ҳисоби миёна ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 250 - 260 сентнерӣ, дар баъзе хоҷагиҳои дигар бошад, 300 - 350 сентнериро дар бар мегирад.

То имрӯз бештар аз 2000 гектар майдони картошкаи ҳоҷагиҳои кишоварзии ноҳия наздик 52000 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардида, дар ин самт корҳо идома доранд. Барои ҷамъоварии 3257 гектар майдони картошка зиёда аз 16285 нафар коргар ва аъзои хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷалб шудаанд. Дар кооперативи тиҷоратии «Овчии Ғончӣ» соли равон 253 гектар картошка кишт шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 28 гектар зиёд мебошад. То имрӯз аз он 150 гектараш ҷамъоварӣ гардида, аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 270-280 сентнерӣ ҳосил ҷамъ оварда шуд.

Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия барои васеъ намудани майдони картошка, баланд бардоштани ҳосилнокии он ва ба ин васила таъмини бозори дохилӣ бо картошкаи хушсифат ба танзим даровардану роҳ надодан ба болоравии нарх аз имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода бурда, кӯшиш менамоянд, ки мардумро бо картошкаи босифати худӣ таъмин созанд.

- Бояд зикр кард, ки соли гузашта кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 99622 тонна картошка истеҳсол карда буданд, ки аз он 72000 тонна аз ҳисоби хоҷагиҳои кишоварзӣ мебошад, - гуфт муовини аввали раиси ноҳия.

 Ҳамзамон, номбурда зикр намуд, ки камбориш омадани давраи зимистону баҳори соли ҷорӣ барои таъмини хӯроки чорво мушкилиҳои зиёд пеш овард. Чорводорони ноҳия ба ин нигоҳ накарда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беталаф нигоҳ доштани чорво дар давраи тирамоҳу зимистон саъйу талош доранд. Дар ноҳия ҷамъоварии хӯроки чорво барои ҳар як сар моли шартӣ 14,6 сентнерӣ рост меояд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бояд мувофиқи дурнамо 22500 тонна хошоки дурушт ҷамъоварӣ намоянд. То имрӯз 35000 тонна хошок ҷамъоварӣ гардидааст, ки аз нақша 12500 тонна зиёд мебошад.

Маъмурахон САМАДОВА,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh