Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта

Рӯзи якшанбеи 7 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта шинос гардид.

Раиси вилоят аз ҷумла бо фаъолияти ҶДММ “Тиллои сафед”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Корхонаи мазкур соли 2016 таъсис дода шуда, дар як сол метавонад то 24 000 тонна пахтаро қабул ва коркард намояд. Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки масъулини ҶДММ “Тиллои сафед” бо хоҷагиҳои пахтакор ҳамкории хуб дошта, бо 355 хоҷагӣ ҷиҳати қабулу коркарди пахта шартномаҳои ҳамкорӣ доранд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия, роҳбарияти ҶДММ “Тиллои сафед” ва дигар корхонаҳои коркади пахта таъкид кард, ки дастранҷи деҳқонон бояд беталаф ҷамъоварӣ ва сари вақт коркард шавад.

Раиси вилоят инчунин аз ҷараёни сусти ҷамъоварии пахта дар ноҳия изҳори нигаронӣ намуда, ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки барои ҷоннок намудани корҳои саҳроӣ ва пардохти саривақтии музди меҳнати чинакчиён чораҷӯӣ намоянд.

Сипас, ба чанде аз коргарони ҶДММ “Тиллои сафед” ва чинакчиёни пешқадам аз ҷониби Раиси вилоят туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Дар ин рӯз Раиси вилоят аз ҶДММ «Юсуф саркор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ боздид намуд. Тибқи иттилои масъулин ҶДММ «Юсуф саркор» бо 640 хоҷагии деҳқонӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дошта, то имрӯз 2 700 тонна пахта қабул намудааст. Ҳангоми боздид ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар корхонаи мазкур 65 нафар бо кор таъмин буда, роҳбарияти корхона азм дорад, ки имсол 8 000 тонна пахтаро коркард намоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ бо ҷараёни коркарди пахта дар корхонаи мазкур иброз дошт, ки майдони кишти пахта нисбат ба соли гузашта наздик 7 ҳазор гектар зиёд карда шуда, ба 57 ҳазор гектар расонида шуд. Аз ин лиҳоз, корхонаҳои коркарди пахтаро зарур аст, ки бо пахтакорон ҳамкориро ба роҳ монда, ҷиҳати коркарди “тиллои сафед” тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар идомаи боздид Раиси вилоят дар ҳашари ҷамъоварии пахтаи Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ширкат варзид. Тавре мушоҳида гардид, дар рӯзи истироҳатӣ кормандони соҳаи маорифи вилоят барои кӯмак ба деҳқонони ин хоҷагӣ баромада, дар ғуну чини ҳосил ёрӣ расонида истодаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh