Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Спитамен

Рӯзи 4 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта аз як қатор хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Спитамен боздид ба амал овард.

Раиси вилоят нахуст ба хоҷагии деҳқонии “Сафедтеппа”-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол ташриф оварда, бо саҳмдорони хоҷагӣ суҳбат намуд. Раҷаббой Аҳмадзода бо қаноатмандӣ аз вазъи ҷамъоварии пахта ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки ҳар рӯзи офтобиро самаранок истифода бурда, барои боз ҳам ҷоннок намудани кор ва ҳавасманд намудани чинакчиён тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Тавре мушоҳида гардид, айни замон саҳмдорон якҷоя бо чинакчиёну ҳашарчиён ба ҷамъоварии “тиллои сафед” машғул буда, дар таъмини нақшаи истеҳсоли пахта саҳмгузорӣ менамоянд.

Хоҷагии деҳқонии «Сафедтеппа» дорои 40 га замини корами обӣ мебошад. Тибқи иттилои роҳбари хоҷагӣ Ҳайдарҷон Неъматҷонов саҳмдорони хоҷагӣ соли равон дар 26 га пахта, дар 4 га шолӣ, дар 3 га беда ва дигар намуди зироатҳоро кишт намудаанд.

Дар ҳамин хоҷагӣ Раиси вилоят дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор чинакчиёни пешқадам туҳфаҳо тақдим кард.

Худи ҳамин рӯз Раиси вилоят ҳамзамон бо рафти ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии “Фарзона”-и Ҷамоати деҳоти Сарбанд, қитъаи дуюми бригадаи 16-уми ҶСК КАС “Гулистон”-и Ҷамоати деҳоти Куруш, хоҷагии деҳқонии “Файз”-и Ҷамоати деҳоти Тағояк шинос гардида, ба чинакчиёни пешқадам туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Дар идомаи боздиди корӣ Раиси вилоят ҷараёни қабули пахта дар ҶДММ “25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро мавриди назар қарор дод. Корхонаи мазкур то имрӯз 3,5 ҳазор тонна пахта қабул намудааст ва барои осон намудни кори пахтакорон як мошини пахтачинӣ харидорӣ кардааст, ки рӯзҳои наздик ба саҳро бароварда мешавад. Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба як қатор механизторони беҳтарин туҳфаҳо тақдим намуд.

Ёдовар бояд шуд, ки чиниши пахта дар ноҳияи Спитамен муташаккилона идома дошта, хоҷагиҳои пахтакор то имрӯз 6257 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh