Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чиниши пахта ба кишоварзон кӯмак расониданд

Рӯзи якшанбеи 16 сентябр кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати расонидани кӯмак ба марди деҳқон ба ҳашари пахтачинӣ баромаданд.

Дар ин рӯз беш аз 300 нафар кормандони бахш, шуъба, раёсату сарраёсат, ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва намояндагони илму адаб ба хоҷагии деҳқонии "Сирдарё"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов омада, барои ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи пахтакорон ёрии худро расониданд. Ҳашарчиён давоми рӯз наздик 8,5 тонна "тиллои сафед" чида, ба хирман супориданд. Барои чинакчиёни беҳтарин бошад туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ки бевосита дар чиниши пахта иштирок дошт, иқдоми мазкурро барои дастгирии кишоварзон муфиду саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз дошт, ки ташкили чунин ҳашарҳо барои беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил мусоидат хоҳад кард.

Хоҷагии деҳқонии "Сирдарё" дорои 31 гектар замин буда, дар 14,5 гектари он пахта кишт карда шудаааст. Ин хоҷагӣ низ дар қатори дигар хоҷагиҳои пахтакор имсол майдони кишти пахтаро нисбати соли пешин зиёд намудааст. Зимнан, соли равон майдони кишти пахта дар ноҳия 637 гектар зиёд гардида, ба 5603 гектар расидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh