Оғози ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилояти Суғд

14 сентябри соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Коопертиви тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, бо дуои пирони рӯзгор ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят расман оғоз бахшид.

Раиси вилоят зимни суҳбат ба роҳбарияти кооператив дастур дод, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахтаи бо арақи ҷабин рӯёнидаи деҳқонон тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Супориш дода шуд, ки барои вусъати корҳо аз қувваи чинакчиён низ истифода бурда шавад ва барои ҳар як килограм пахтаи чидашуда ба чинакчиён беш аз 60 дирамӣ пардохт карда шавад.

Коопертиви тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дорои наздик 1600 гектар замини обӣ буда, дар 640 гектари он пахта кишт карда шудааст ва пахтакорон умед доранд, ки ҳосили дилхоҳро ба даст меоваранд.

Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон дар вилоят дар 57 ҳазору 194 гектар пахта кишт шудааст, ки нисбати соли гузашта 6429 гектар зиёд мебошад. Тибқи маълумотҳои пешакӣ дар назар аст, ки дар вилоят беш аз 130 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh