Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди гармхонаҳо дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”

Нимаи дуюми рӯзи 29 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни бунёди гармхонаҳои замонавӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” шинос гардид.

Бо мақсади дар тамоми фаслҳои сол таъмин намудани шаҳрвандон бо сабзавоти тару тоза дар вилоят ба бунёди гармхонаҳо таваҷҷӯҳи хоса равона гардида, сол аз сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти гармхонаҳо афзун гардонида мешавад. Дар ин раванд имрӯзҳо дар МД “Боғи миллии Ваҳдат”,  воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди ду гармхонаи наву замонавӣ босуръат идома дорад. Зимни шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди гармхонаҳо иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии гармхонаҳо 850 метри мураббаъро ташкил дода, он бо истифода аз навовариҳои замони муосир бунёд карда мешавад.

Раиси вилоят ҳангоми боздид қайд намуд, ки иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳадаф аз ташкили гармхонаҳо таъмини дастрасии сокинон ба маҳсулоти тару тоза ва муътадил нигоҳ доштани нарху навои бозор дар ҳамаи фаслҳои сол ба ҳисоб меравад.  Дар ҳудуди “Боғи миллии Ваҳдат” ҳамчунин бунёди 4 ҳавзи моҳидорӣ ҷараён дорад. Масоҳати умумии ҳавзҳои моҳидорӣ 3,5 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар онҳо метавон то 5 ҳазор моҳиро нигоҳубин кард. Барои ин дар ҳудуди боғ имконоти мусоид фароҳам мебошад. Мутахассисони соҳа иброз медоранд, ки дар ин минтақа  парвариши моҳиҳои сазан ва амури сафед манфиатовар аст.

Раиси вилоят дар рафти боздид ҷиҳати тезонидани корҳо ва мутобиқ ба меъёрҳои мавҷуда бунёд намудани ҳавзҳои моҳидорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бояд тазаккур дод, ки масоҳати умумии  МД “Боғи миллии Ваҳдат” 631 гектарро ташкил дода, аз он 501 гектарашро майдони боғу токзор ташкил медиҳад. Дар майдонҳои боғи мазкур навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда, аз қабили зардолу, шафтолу, бодом, гелос, ангур, себ, нок ва ғайра парвариш карда мешавад. Имрӯзҳо ҳосили боғот пухта расида, захиракунии он дар сардхонаи тозабунёди боғ идома дорад. То имрӯз аз ҷониби кормандони муассиса дар ин сардхона 5 тонна олу, 20 тонна себ ва 1 тонна ангур захира карда шудааст. Сардхонаи мазкур дар рӯзҳои таҷлили Ваҳдати миллӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, барои ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот пешбинӣ шудааст. Ҳадаф аз бунёди сардхонаи мазкур ин нигаҳдории сабзавоту меваҳои кишоварзӣ то фасли сармо ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ба ҳисоб меравад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh