Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи занбӯри асалпарварӣ

23 августи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” бо кормандони соҳаи занбӯри асалпарварӣ мулоқот орост.

Қабл аз оғози мулоқот Раиси вилоят бо намунаи асалҳои истеҳсолнамудаи занбӯрпарварон шинос шуд. Тавре ба Раиси вилоят  итттилоъ доданд, ба ҳолати 1-уми январи соли 2018 дар вилоят  52,3 ҳазор оилаи занбӯри асал мавҷуд буда, аз ҳар оила давоми сол ба ҳисоби миёна то 26 кг асал истеҳсол карда мешавад.

Дар рафти мулоқот Раиси вилоят таъкид дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешрафти соҳаи занбӯри асалпарварӣ дар кишвар барномаи махсус қабул ва роҳандозӣ гардида, баҳри занбӯрпарварон тамоми имконот фароҳам оварда шудааст.

Муовини Раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ оид ба ҳолати кунунии занбӯрпарварӣ, дастовард ва муаммоҳои ҷойдошта маърӯза намуда, таъкид дошт, ки давоми соли 2017 дар вилоят 1360 тонна асал истеҳсол гардидааст. Дар асоси қарори Раиси вилоят давоми се соли оянда ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи оилаи занбӯри асал дар вилоят аз 52 ҳазори кунунӣ то ба 100 ҳазор расонида хоҳад шуд.

Ба андешаи Раҷаббой Аҳмадзода беҳсозии сифати банду басти асал ва ба роҳ мондани содироти он ба кишварҳои хориҷи дуру наздик боиси рушди соҳа мегардад. Инчунин таъсиси марказҳои машваратдиҳӣ барои занбӯрпарварон ва мағозаи фурӯши асал ба манфиати кор мебошад. Дар рафти мулоқот чанде аз занбӯрпарварон баромад намуда, таъкид доштанд, ки дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллатро эҳсос менамоянд ва дар оянда баҳри рушди соҳа, афзуннамоии оилаи занбӯр ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли асал заҳмат мекашанд. Аз ҷониби занбӯрпарварон ҷиҳати рушди соҳа пешниҳод карда шуд, ки дар вилоят хоҷагии зоотпарварии занбӯр таъсис дода шавад. Ҳамчунин харидории дастгоҳи раскристализатор, ки асалро тоза сохта, сифати онро беҳтар мегардонад ва мӯҳлати нигаҳдориаш низ то ба ду сол расонида мешавад, муҳим арзёбӣ гардид.

Раиси вилоят бо мақсади рушди соҳа ба масъулин ҷиҳати таҳлили воқеъии ҳолати кунунӣ, ҷалби занбӯрпарварон ба бизнесфорум ва ярмарка - фурӯшҳо, дарёфти бозорҳои нав дар хориҷи кишвар, таъсиси мағозаи фурӯши лавозимоти занбӯрпарварӣ, сохтани қуттиҳои замонавӣ барои банду басти асал, афзун намудани оилаи занбӯр, тарғибу ташвиқи фоиданокии асал ва ғайра дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хотирнишон бояд кард, ки дар вилояти Суғд Ассотсиатсияи занбӯри асалпарварони вилоят фаъолият дошта, дар худ зиёда аз 180 нафар занбӯрпарваронро муттаҳид месозад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh