Устувории соҳаҳо ва дастовардҳо

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи идораи замини вилояти Суғд оид ба фаъолияти нимсолаи аввали соли 2018 бо иштироки роҳбарияти Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.

Ҷамшед Умарзода - сардори Кумитаи идораи замини вилоят гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли равон азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм дар ноҳияҳои Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳо хуб ба роҳ монда шуд.

Айни ҳол шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ дар вилоят 1119 ададро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин даври соли равон аз тарафи нозирони кумитаи идораи замин 2287 ҳолати қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи замин дар майдони 1026,83 гектар ошкор карда шуд. Нисбат ба қонунвайронкунандагон парвандаҳои ҷиноятӣ, протокол ва қарорҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 928 ҳазору 350 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Ҳамзамон, ба таври маҷбурӣ ворид намудани ҷаримаҳои басташуда 47 мавод ба мақомоти судӣ равон карда, нисбат ба 8 мавод чора андешида шудааст.

-То имрӯз 88126 оила дар майдони 8878 гектар бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд,- зикр намуд Ҷамшед Умарзода.

- Алишер Дадобоев - муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят гуфт, ки дар даври ҳисоботӣ масъулин ва мутахассисони соҳа бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ дар бобати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, таъмини бештари аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳосилнокии зироатҳо, инчунин ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои замин ва об корҳои муайян ба анҷом расонида, дар самти амалисозии рушди устувори соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Ӯ қайд намуд, ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми июли соли 2018 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 1,9 млрд. сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 105,9 фоизро ташкил медиҳад. Нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 107,1 фоиз, чорводорӣ 104,2 ва моҳипарварӣ 101,2 фоиз таъмин карда шуд.

То 1-уми июли соли 2018 дар вилоят ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 36,7 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 24,6 миллион доллар зиёд мебошад. Афзуншавии ҳаҷми умумии содирот аз ҳисоби нахи пахта ва пиёз ба амал омадааст.

Бунёд Абдумаликов - муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят гуфт, ки Раёсат фаъолияти худро баҳри афзун намудани нишондиҳандаҳои самтҳои асосии соҳа, аз ҷумла назорати давлатӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, мониторинги муҳити зист ва ҳалли як қатор проблемаҳои дигар равона менамояд. Мувофиқи маълумот дар ин давр барои иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври то соли 2020» дар миқёси вилоят зиёда аз 7,7 миллион сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Дар натиҷа Ситоди махсус таъсис ёфта, дар 120 амалиёти фаврӣ 65 санади азназаргузаронӣ ва 22 протокол тартиб дода шуда, аз қӯруқшиканон 8 қаиқ ва 2 муҳаррики он, 18 таҷҳизоти сайди моҳӣ ва 510 тӯри моҳидорӣ муваққатан боздошт гардид. Ҳамзамон, барои андешидани чораҳои зарурӣ ба мақомоти прокуратура 8 мавод оид ба сайди ғайриқонунии моҳӣ супурда шуд.

Дар даври ҳисоботӣ маблағи пардохтҳои ҳатмии экологии ситонидашуда 8 миллиону 508 ҳазору 464 сомониро ташкил дод, ки ин 176,3 фоизи нақшаро ифода мекунад. Ҳамзамон, ба буҷаи давлатӣ аз тарафи Раёсат 1 миллиону 563 ҳазору 305 сомонӣ маблағ ирсол гардид. Аз 18 шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо 15-тоашон нақшаи худро иҷро намуданд.

Зафарбек Давлатзода - сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят қайд намуд, ки дар бобати омода намудани воситаҳои асосӣ ба мавсими обёрӣ дар ҳамбастагӣ бо идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо як қатор тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуданд.

Дар даври ҳисоботӣ ба миқдори 716,8 миллион м3 бо арзиши 13688,5 ҳазор сомонӣ обрасонӣ шуда, аз ҷониби истифодабарандагон ба ҳолати 1-уми июли соли 2018-ум 10252,7 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст. Нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 16,5 мм. м3 зиёд обрасонӣ гардида, ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ бошад, 1 миллиону 272,7 ҳазор сомонӣ зиёд шуд.

Дар ҷамъбасти нишаст суолу ҷавоб байни ҷурналистон ва сардорони мақомоти болозикршуда доир гардид.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh