Бунёди боғи интенсивии қатрагӣ дар мактаб

Боиси қаноатмандист, ки дар бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29, воқеъ дар деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутии шаҳри Конибодом дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таҳсилу касбомӯзӣ, инчунин барои ҷалби мактаббачагон ба боғдорӣ ва омӯзонидани усулҳои нави боғдорӣ - усули қатрагӣ дар масоҳати як гектар боғи интенсивӣ ташкил карда шудааст.

Бунёди боғи интенсивии мазкур бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ ва Фонди глобалии экологӣ тибқи лоиҳаи идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот ба роҳ монда шуд. Лоиҳа аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Чи тавре ки роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳа мудири шуъбаи обери катрагии Паҷӯҳишгоҳи илмӣ – татқиқотии Гидротехника ва мелиоратсия Ҳусейнбой Олимов иброз дошт, ки ин навъи боғдорӣ ва усули обёрии қатрагӣ басо манфиатбахш буда, ҳам аз ҷиҳати ҳосилдиҳӣ ва ҳам сарфа судманд аст. Агар барои обёрии ниҳолҳои як гектар боғи муқаррарӣ дар давоми 1 сол 8500 м3 об лозим бошад, ба боғи интенсивӣ тариқи обёрии қатрагӣ ҳамагӣ 4700 м3  кифоягӣ мекунад.

Айни ҳол дар майдони 1 гектар ниҳолҳои себ, зардолу ва олу, дар маҷмуъ 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шуда, бо усули қатрагӣ парвариш меёбанд.

Барои гирифтани ҳосили иловагӣ байни қаторҳо зироатҳои полезӣ, аз қабили харбузаву тарбуз кишт  шудааст.

Ҳамзамон, боғи интенсивӣ аз он ҷиҳат беҳтар аст, ки ниҳолҳо барвакт боровар мешаванд ва тавре мушоҳида шуд, аллакай дар соли аввали ташкили боғ ниҳоли себ ҳосил дода истодааст.

Бояд қайд намуд, ки барои обёрӣ намудани боғ чоҳи амудӣ сохта шуда, тариқи қатрагӣ бомуваффақият обёрӣ мешавад.

Маҳсулоти боғ барои ошхонаи мактаб равона гардида, иловатан ба фурӯш низ бароварда мешавад. Маблағи он барои рӯйпӯш намудани хароҷоти мактаб сарф мешавад.

Ташкили  боғи интенсивӣ дар назди мактаб шоиста дастгирӣ ва боиси пешравӣ буда, дар маҷмуъ барои рушди соҳаи кишоварзии шаҳр мусоидат менамояд.                            

Парвина АБДУЛЛОЕВА

Add comment


Security code
Refresh