Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи нашъунамои пахта дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Зафаробод

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод бо вазъи нашъунамои пахта дар хоҷагиҳои кишоварзӣ шинос гардид.

Ноҳияи Зафаробод аз минтақаҳои кишоварзии вилоят ба ҳисоб рафта, деҳқононаш асосан ба кишту парвариши пахта машғуланд. Соли равон кишоварзони ноҳия дар 14 156 гектар пахта кишт намуданд, ки нисбати соли гузашта 1628 гектар зиёд мебошад. Пахтакорони ноҳия азм доранд, ки соли равон 30 000 тонна пахта истеҳсол намоянд.

Раиси вилоят ҳангоми боздид аз заминҳои хоҷагии деҳқонии “Камола” ба нашъунамои пахта баҳои баланд дода, ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил маслиҳатҳои муфид дод. Хоҷагии мазкур дорои 10 гектар замин буда, дар ҳамаи заминҳояш пахтаи навъи чиниро кишт намудааст ва имрӯзҳо ниҳолҳои пахта дар давраи ҳосилбандӣ қарор дорад. Чунин навъи тухмӣ дар ноҳия дар масоҳати умумии 5000 гектар кишт шудааст, ки ба иқлими ноҳия хело мувофиқ буда, ба гармиву ҳашарот тобовар ва ҳосилнокиаш баланд мебошад.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят аз пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл-1” боздид намуда, ҷиҳати фаъолияти пурсамари пойгоҳҳо ва таъмини саривақтии кишоварзон бо оби полезӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Пойгоҳи мазкур аз шаш агрегат иборат буда, айни замон панҷ адади он фаъолият мебарад ва тариқи қубурҳои қутрашон 2400 мм ба заминҳои ноҳия об бароварда мешавад. Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ бо мақсади дастгирии кишоварзони ноҳия аз буҷети вилоятӣ ба Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия наздик 1 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки ин тадбир барои обёрии пурраи заминҳои кишоварзӣ мусоидат намуд.

Дар ноҳияи Зафаробод 37 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об мавҷуд буда, то ба санаи 21-уми июл ба деҳқонон ба миқдори умумии 236 млн метри кубӣ об расонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 48 млн метри кубӣ зиёд мебошад.

Роҳбари вилоят зимнан ба масъулини вилоятиву ноҳиявӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ, ҷамъоварии саривақтии маблағи оби истифодашуда ва пардохти маоши кормандон супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh