Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

24 июли соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дода, бо вазъи нашъунамои пахта дар як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуд.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ноҳияҳои калонтарини вилоят маҳсуб ёфта, саҳми кишоварзони он дар таъмини амнияти озуқаворӣ назаррас аст. Бино ба иттилои масъулин дар ин ноҳия 23 ҳазору 241 га заминҳои корам мавҷуд буда, 19 800 гектари он заминҳои обӣ мебошад. 

Тавре аснои боздид мушоҳида гардид, нашъунамои пахта дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар ҳолати хуб қарор дорад. Раиси вилоят зимни суҳбат бо деҳқонону кишоварзон ҷиҳати сари вақт гузаронидани корҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Дар ин росто таъкид гардид, ки бояд таҷрибаи кишоварзони хоҷагии деҳқонии ба номи Тӯхтабой Искандаров дар дигар минтақаҳои ноҳия истифода карда шавад. Дар хоҷагии деҳқонии мазкур дар як сол се ҳосил рӯёнида мешавад, ки гувоҳи истифодаи самараноки обу замин мебошад.

Раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии ба номи Аҳмадҷон Аҳмадови Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача низ боздид намуд. Кишоварзони хоҷагии мазкур дар як гектар помидор ва дар як гектар картошка парвариш намуда истодаанд. Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ ба Раиси вилоят иттилоъ дод, ки соли равон ҳосили помидорро ба кишвари ҳамсоя - Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ содирот намудааст.

Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев аз ҷумлаи хоҷагиҳои калонтарини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба шумор меравад. Аснои боздид аз заминҳои ин хоҷагӣ Раиси вилоят таваҷҷуҳи роҳбарияти хоҷагӣ ва дигар шахсони масъулро ба зиёд намудани сашумори чорво, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли шир, захираи хӯроки чорво ҷалб намуд. Раиси вилоят инчунин аз истифодаи ғайримақсадноки қисме аз заминҳои ҷамъияти саҳҳомӣ изҳори нигаронӣ намуда, барои бартарф намудани мушкилоти мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз як корхонаи асфалтбарорӣ ба кор андохта хоҳад шуд. Ин корхона аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар бунёд гардида, харҷи лоиҳавии он 9 милион доллари ИМА арзёбӣ карда мешавад. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси вилоят бо рафти васлу насби таҷҳизот дар корхонаи нав шинос гардид. Тибқи иттилои масъулин иқтидори корхона ба истеҳсоли 60 тонна асфалт дар як соат баробар аст ва дар он 15 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh