Боздиди кории Раиси вилоят аз шаҳраки Сайҳун

Рӯзи 24 июли соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз шаҳраки Сайҳун бо вазъи нашъунамои боғҳои нави ин мавзеъ шинос гардид.

Тавре дар аснои боздид ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила дар 3 000 гектар заминҳои азхудкардашудаи шаҳраки Сайҳун боғҳои гуногун бунёд карда мешавад. То имрӯз аз ҷониби боғпарварон дар ин мавзеъ дар масоҳати беш аз 650 гектар боғҳои нав бунёд гардида, нашъунамои ниҳолҳо дар ҳолати хуб қарор дорад.

Баъди насби агрегати нав дар пойгоҳи обкашии “Сайҳун-2”, ки бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят харидорӣ шудааст, мушкили норасоии оби полезӣ дар шаҳрак пурра ҳал гардида, таъминоти оби полезӣ бе мушкилӣ сурат мегирад. Таъкид карда шуд, ки шаҳрвандоне, ки барои бунёди боғ аз шаҳраки Сайҳун соҳиби замин гардидаанд, бояд сари вақт боғро бунёд намуда, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки соҳибони заминро сарҷамъ намуда, барои ташкили боғоти нав тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh