Масъулияти кишоварзон боло меравад!

Дар давраи тобистон одатан вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нарх паст ё боло меравад. Ин ҳолат ба якчанд омилҳо вобаста аст. Ин навбат мо тасмим гирифтем оид ба кишт, истеҳсол ва арзиши маҳсулот маводе омода намоем.

Кишти баҳорӣ чӣ нақше дорад?

Тибқи маълумоти расмии Сарраёсати кишоварзии вилоят соли 2018 кишти баҳории сабзавот дар ҳудуди вилоят ба 15900 гектар пешбинӣ шуда буд. Аз ин дурнамо 62,5 фоиз ба иҷро расонида, дар 9941 гектар кишти сабзавот гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2017-ум 1800 гектар изофа мебошад.

Дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара ва Панҷакент кишти помидори барвақтӣ мутаносибан ба 100,6, 104,8 ва 103,4 фоиз ба иҷро расидааст. Кишти карам дар заминҳои шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Истаравшан, Исфара ва Панҷакент баризофаи нақша иҷро гардида, дар майдони 107 гектар кишта шудааст. Кишти бодиринг дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Истаравшан, Исфара ва Панҷакент мутобиқи дурнамо ба роҳ монда шуд. Пиёз дар шаҳрҳои Истаравшан ва Панҷакент мутаносибан 100 ва 107,3 фоиз ва дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 92,9, Деваштич 66,8, Ҷаббор Расулов 63,7 ва Ашт 58,7 фоиз кишт гардид. Умуман, замини кишти пиёз дар вилоят нисбат ба соли 2017-ум 763 гектар афзудааст. Дар кишти маҳсулоти полезӣ шаҳру ноҳияҳои Истаравшан бо 113 фоиз, Бобоҷон Ғафуров 108,8 ва Исфара 100,2 фоиз пешсаф буда, дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Конибодом, Зафаробод, Деваштич, Спитамен ва Ашт камшавии майдони кишти баҳории зироатҳои полезӣ ба мушоҳида мерасад, ки нисбат ба соли гузашта 1074 гектар кам аст.

Кишти зироатҳои бехмевагӣ дар ҳудуди вилоят 124,4 гектар гузаронида шудааст. Вобаста ба вазъу ҳолати кишти баҳорӣ метавон гуфт, ки дар вилоят афзудани майдони кишти сабзавот ва кам шудани кишти полезиҳо назаррас аст.

Оё истеҳсоли маҳсулоти обчакорӣ қаноатбахш аст?

Зиёд гардонидани масоҳати кишти сабзавот мутаносибан ба афзудани истеҳсоли ҳамин намуди маҳсулот бурда расонидаст. Чунончӣ, дар вилоят ба санаи 1-уми июли соли 2018-ум истеҳсоли бодиринг 1598 тонна ё 34,1 фоизи нақша амалӣ гардида, он нисбат ба соли гузашта аллакай 525 тонна изофа аст. Истеҳсоли помидор 7891 тонна иҷро шуда, 13,2 фоизи нақша, маҳсулоти полезӣ 6,1 фоиз ё ба андозаи 7958 тонна буда, нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 929 тонна афзун аст.

Ҳаҷми истеҳсоли тарбуз то 1-уми июли соли 2018 дар вилоят 7958 тоннаро ташкил медиҳад.

Таҳлили нархҳо дар бозор

Зикр намудем, ки вобаста ба кишт ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ арзиши он дар бозор муайян мегардад. Тибқи нишондоди Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят дар моҳи июли соли равон дар бозори «Панҷшанбе»-и маркази вилоят нархи фурӯши чаканаи бодиринг аз 2 сомонию 50 дирам то 3 сомонӣ, помидор аз 1 сомонию 25 дирам то 2 сомонию 50 дирам, карам 1 сомонию 50 дирам, пиёз аз 80 дирам то 1 сомонию 25 дирамро ташкил дод. Дар бозори ноҳияи Спитамен дар ҳамин сана арзиши бодиринг аз 2 то 2 сомонию 50 дирам, помидор аз 1 то 2 сомонӣ, карам 1 сомонӣ ва пиёз аз 75 дирам то 1 сомонӣ буд. Дар бозори шаҳри Истаравшан низ маҳсулоти зикршуда бо фарқиятҳо аз 10 то 20 дирам тақрибан ба ҳамин нархҳо фурӯхта шуданд.

Алҳол дар бозори «Панҷшанбе» нархи бодиринг аз 2 то 3 сомонию 50 дирам, помидор аз 2 то 4 сомонию 50 дирам, карам 1 сомонӣ ва пиёз аз 50 дирам то 1 сомонию 25 дирам арзёбӣ гардид. Умед аст, ки афзоиши маҳсулоти полезӣ дар бозору фурӯшгоҳҳо боиси дастрастар гардидани нархи маҳсулот ба аҳолӣ мегардад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh