Дар пойгоҳи обкашии “Дилварзин-2” агрегатҳои нав насб карда шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ бо нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии “Олиҳа”-и Ҷамоати деҳоти Палдорак ва фаъолияти пойгоҳи обкашии “Дилварзин-2” шинос шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, барои беҳтар намудани вазъи обрасонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ва барои харидории агрегатҳои нав ба пойгоҳи “Дилварзин-2” аз буҷети вилоятӣ 2,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ба пойгоҳи обкашӣ ду агрегати пуриқтидор дастрас карда шуд.

Дар аснои боздид ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки тавассути ин пойгоҳ беш аз 12 ҳазор гектар заминҳои ноҳия обёрӣ мешавад. Баъди насби ду агрегати нав имконияти пойгоҳ васеъ гардида, талафоти об ба маротиб кам ва харҷ аз ҳисоби таъмири агрегатҳо низ коҳиш меёбад. Илова бар ин 700 гектар заминҳои солиёни дароз бекорхобидаи ноҳия ба гардиши кишоварзӣ дароварда хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки барои таъмини кишоварзон бо оби полезӣ  бояд мушкилие пеш наояд, то деҳқонон тавонанд аз кишти зироатҳои худ ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh