Саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ

Деҳаи Даштикони Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич асосан аз деҳаи Хишекати ҳамин ноҳия муҳоҷир гашта, шуғли асосии онҳо, зироатчигӣ ва боғпарварӣ аст.

Онҳо деҳқонони асили картошкапарвар ҳам мебошанд.

Чунончӣ, оилаи Одинаевҳо дар назди ҳавлии истиқоматиашон чоҳи амудӣ кофта, 1,5 гектар замини лалмие, ки ба онҳо вобаста буд, гирду атрофашро арчазор намуда, дар ин миқдор замин картошкаи барвақтӣ кишт намуданд.

Қисми поёнии деҳа, ки 145 гектар замини обӣ дорад, имрӯзҳо бо пуррагӣ бо об таъмин аст ва деҳқонон меҳнати бо ранҷ парвариш кардаашонро нигоҳубин менамоянд. Деҳқонони ба ин мавзеъ омада, тариқи шартнома ба миқдори 15 гектар ҷуворимакка, картошка, сабзӣ, лӯбиё, тарбузу харбуза кишт намудаанд. Мавзеъҳои Қизилӣ ва Сексарӣ шодобанд, ҳазорон нафар бо ҷойи кор таъмин шуда истодаанд.

Зайниддин Қаландарзода,
узви ИЖ

Add comment


Security code
Refresh