Маҳсулоти хушсифати гармхонаҳо

Бунёди гармхона дар беҳдошти рӯзгори мардум чӣ мақом дорад?

- Соҳибкорон ва кишоварзон парвариши помидору бодирингро дар гармхонаҳо ба роҳ монда, дар таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар фасли баҳор саҳм мегузоранд, - изҳор дошт муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Алишер Дадобоев.

Зимнан бояд гуфт, ки деҳқонон ва ҳам соҳибони воқеии замин ба ташкилу бунёди гармхонаҳо рӯй овардаанд. Алҳол шумораи гармхонаҳо афзуда, фаъолияташон ба шароити бозор мутобиқат мекунад. Аз рӯи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят бармеояд, ки то ба 28 майи соли равон 436 гармхона ташкил ва дар 6,3 гектари он сабзавот кишту парвариш карда шудааст. Аз ин миқдор помидор 17,1 гектар, бодиринг 6,91 гектарро ташкил медиҳад. Дар 7,9 гектар лимӯ парвариш карда мешавад.

Ба даст овардани ҳосили хубу хушсифат аз гармхонаҳо аз таҷрибаи хуби деҳқонони вилоят башорат медиҳад. То ин дам кишоварзон ба миқдори 598,5 тонна маҳсулоти гармхонаро ба бозорҳои маҳаллӣ пешкаш карданд, ки аз он 347,9 тонна помидор, 121,9 тонна бодиринг ва намудҳои дигари сабзавот 128,7 тонна, лимӯ 131,7 тонна мебошад. Афзудани истеҳсоли бодирингу помидор ва сабзавот аз ҳисоби зиёдшавии замини кишт муяссар гардидааст.

Дар ноҳияи Ашт, бино ба иттилои муовини сардори идораи кишоварзии ноҳия Бахтиёр Усмонов, дар масоҳати 1,25 гектар гармхона ташкил шудааст. Алҳол дар онҳо ба масоҳати 0,23 гектар помидор, 0,24 гектар бодиринг ва дигар намуди сабзавот 0,36 ва лимӯ низ дар 0,36 гектар парвариш карда мешавад. Ҳамагӣ 6,2 тонна маҳсулот истеҳсол, аз ҷумла помидор 0,7 тонна, 2,3 тонна бодиринг, дигар сабзавот 3,2 ва 7 тонна лимӯ истеҳсол гардидааст.

Алҳол дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Fафуров 149 гармхона мавҷуд мебошад, ки 135 адади он фаъолият дорад. Чунонки Ҳомидҷон Ҳакимбоев - сардори Раёсати кишоварзии ноҳия изҳор дошт, кишоварзон ният доранд, ба бозори вилоят 110 тонна помидор, 58 тонна бодиринг ва 7,5 тонна маҳсулоти гуногуни сабзавот пешниҳод намоянд.

Ризқӣ Саидова – роҳбари хоҷагии деҳқонӣ аз Ҷамоати деҳоти Ёва гуфт, ки дар мавсими имсола дар масоҳати 24 гектар гармхона бунёд намуда, алҳол помидорро ба бозорҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои наздик ба фурӯш баровардааст. Аз таҷрибаҳои ҷамъшуда хулоса бароварда, ҳосилнокиро баланд намудем ва нисбат ба солҳои пешин имсол ҳосил хуб аст.

Ҳамчунин аз ҷараёни корҳои иҷоракор Назар Саидов дар Ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳия дидан намудем. Масоҳати гармхона 7,5 сотих буда, истеҳсоли помидори навъи туркии Р19-59-ро ба роҳ мондааст, ки ҳосилнокиаш хуб мебошад ва аллакай 1 тонна маҳсулотро ба бозорҳои шаҳру ноҳия пешкаш намудааст.

Иқдомҳо дар самти амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли пурсамари сабзавоти барвақтӣ баҳри фаровонии дастархони мардум, ки зери таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти вилоят қарор дорад, омили муҳим аст. Фаъолияти мӯътадили гармхонаҳо аз деҳқон истифодаи тухмии аълосифат, таъмин гардидани зичии муътадили кӯчатҳои помидор ва бодиринг, ташкили мубориза бар муқобили ҳашароти зараррасон ва сари вақт ҷамъоварии ҳосилро тақозо дорад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh