Рушди пиллапарварӣ - тақозои замон

Пилла ашёи хоми пурбаҳои саноатӣ маҳсуб ёфта, соли равон бо ибтикори Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба рушду пешбурди соҳа эътибори хоса зоҳир гашта истодааст. Тавре маълум аст, мавсими кирмакпарварӣ ҳарчанд бештар аз як моҳро дарбар мегирад, он аз кирмакпарварон заҳмати пурмашаққати шабонарӯзиро талаб мекунад.

Соли равон тибқи дурнамо ба кирмакпарварони шаҳру навоҳии вилоят бештар аз 13585 қуттӣ тухми кирмаки навъи хитоӣ тақсим карда шуда, дар нақша аст, ки 611,4 тонна пиллаи хушсифат ба даст оварда шавад.

Имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии вилоят марҳалаи пуравҷи ҷамъоварии пилла идома дорад. То 28-уми майи соли равон дар шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла Ашт-23,9 тонна, Айнӣ-2,4, Деваштич-6,5, Зафаробод-3,3, Исфара-20, Конибодом-59,1, Мастчоҳ-2,3, Спитамен 72, Ҷаббор Расулов-28, Панҷакент-7,3, Истаравшан-5,1, Бобоҷон Fафуров-61,3, заводи тухми кирмаки шаҳри Хуҷанд-17,3, дар маҷмӯъ 308,8 тонна ашёи хоми гаронбаҳо тайёр карда шудааст. Агар ин рақамро бо нишондиҳандаи соли 2017-ум тақозо намоем, дар ҳамин давраи соли гузашта то имрӯз ба миқдори 144,5 тонна ҳосили пилла ҷамъ оварда шуда буд.

Дар пешрафти ҷамъоварии пилла омили асосӣ аввалан мусоид омадани обу ҳавои имсола бошад, сабаби дигар сари вақт тақсими тухми кирмак мебошад, ки ин тадбири агротехникӣ таъхирро намепазирад. Зарур аст, ки он ба таври ҳатмӣ давоми се - чаҳор рӯз ба кирмакпарварон дастрас шавад. Инчунин, ҷоиз ба зикр аст, ки соли ҷорӣ маъракаи тақсимоти тухми кирмак ва ҷамъоварии он нисбат ба соли гузашта барвақттар оғоз гардид. Аз ҷумла, дар шаҳри Конибодом аллакай шурӯъ аз 4-уми май пилла ба нуқтаҳои қабул ворид гардид. Соли гузашта бинобар бевақттар омадани мавсими баҳору ҳавои мусоид қабули пилла аз 16 май оғоз гашта буд.

- Имрӯз вазъи ҷамъоварии пилла дар шаҳру навоҳии Конибодом, Бобоҷон Fафуров, Деваштич, Спитамен, Панҷакент муътадил буда, кирмакпарварон дар давраи парвариши тухмӣ тамоми қоидаҳои агротехникии парваришро ба таври қатъӣ риоя намуданд, - зикр кард Муҳаббат Fаниева, муовини директори Ҷамъияти саҳҳомии фаръии «Пиллаи Суғд». - Дар навоҳии Мастчоҳ, Зафаробод, Айнӣ рафти ҷамъоварии пилла суст ҷараён дорад. Дар ин минтақаҳо аз як тараф тақсимоти тухми кирмак кашол ёфта бошад, аз ҷониби дигар нарасидани мутахассисон ба пешравии кор монеа эҷод мекунад. Мутахассисони соҳаи кирмакпарварӣ, бо сабаби мавсимӣ будани парвариши кирмак ба дигар шуғлҳо даст задаанд ва аз ин рӯ, дар ин навоҳӣ танқисии мутахассисони соҳа ба назар мерасад.

 Тибқи нишондод бояд аз ҳар қуттӣ тухми кирмак на кам аз 45 килогӣ пилла ба даст оварда шавад. Дар ин бобат дар натиҷаи масъулиятшиносии мутахассисон ва нигоҳубини хуби кирмакпарварон дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Ашт, Деваштич, Бобоҷон Fафуров, Панҷакент аз ҳар қуттӣ то ин дам ба миқдори аз 30 то 45 килогӣ пилла ба даст овардаанд.

Тавре директори Ҷамъияти саҳҳомии фаръии «Пиллаи Бобоҷон Fафуров» Абдукарим Тӯхтаев изҳор дошт:

- Соли равон ба хоҷагиҳои ба номи Абдураҳим Ҷумъаев-40 қуттӣ, ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев 540, ба номи Раҳмон Набиев-245, ба номи Турсунбой Қӯшатов 250 қуттӣ, ба номи Ҷаббор Расулов 230, «Тоҷикистон» 200, ба номи Домулло Азизов 200 қуттӣ, ҷамъ 2600 қуттӣ тухми кирмак тақсим карда шуд. Бартарияти ноҳияи мо, албатта, дар самти ба даст овардани ҳосили баланди пилла дар он аст, ки мутахассисони соҳа, устодони асили кирмакпарвароне, ки авлодианд, хеле зиёданд ва нозукиву паҳлӯҳои парвариш ва риояи қоидаҳои агротехникии нигоҳубини кирмакро медонанд. Масалан, яке аз қоидаҳои агротехникӣ, ки риояи он аз давраи аввали парвариши тухмӣ ҳатмист, дар 25-26 дараҷа гармӣ нигоҳ доштани ҳарорати хона аст.

Ин дар ҳолест, ки дар берун ҳаво хоҳ аз ин дараҷа паст бошаду хоҳ баланд. Каме риоя накардан ба ин қоида сабаб мешавад, ки кирмак нафастанг гардад. Имсол бо роҳбарии яке аз мутахассисони соҳибтаҷриба Умриҷон Fайбуллоева, кирмакпарварон Ҷӯрабек Икромов аз минтақаи Сомғор, Мақсуда Воҳидова аз хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумъаев, Гавҳар Самиева аз хоҷагии ба номи Домулло Азизов, Ҳамида Солиева аз хоҷагии «Тоҷикистон», Мунира Сатторова аз хоҷагии ба номи Отаҷон Убайдуллоев, Маҳмудҷон Ҷӯраев ва Муҳаббат Воҳидова аз хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ва дигарон аз ҳар қуттӣ 35-40 килогӣ пилла ба даст оварданд.

Дар ин радиф дар бораи заҳматҳои кирмакпарварони шаҳри Исфара Муҳаббат Fаниева зикр дошт:

-Дар натиҷаи сари вақт - дар муддати се рӯз ба кирмакпарварон тақсим карда додани тухмӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти Хонобод, Навгилем, Ворух ва Чоркӯҳ ҳосили пилла хуб шуд. Дар ин самт меҳнати агрономи минтақавӣ, инкубист ва сардорони бригадаҳо шоистаи зикр аст. Ҳамчунин, дар ин минтақаҳо кирмакпарварони собиқадор бисёранд, ки ба синну соли нафақа буданашон нигоҳ накарда, ду-се қуттӣ тухми кирмак нигоҳубин менамоянд. Аз Ҷамоати деҳоти Навгилем кирмакпарварон Садоқат Тӯхтаева, Очахон Аҳмадова, Fаниҷон Шарофов, Малоҳат Сайдуллоева 3-4 қуттигӣ тухми кирмак гирифта, ҳосили 32-35 килогии пиллаи хушсифат ба даст оварданд. Аз Ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ заҳмати Эгам Шоҳҳусейнов, Хонобод Манзура Воҳидова, Мӯъмина Алиева ва дигарон шоистаи таҳсин аст.

Баръакси ҳол, дар он минтақаҳое, ки тақсимоти тухми кирмак дер идома ёфт, аз ҷумла Ҷамоатҳои деҳоти Кӯлканд, Чилгазӣ, Шаҳрак ҷамъоварии пилла низ суст ҷараён дорад.

Тавре мутахассисон зикр доштанд, бо вуҷуди он ки соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи порсола вазъи ҷамъоварии пилла хеле беҳтар аст, боришоти моҳи май ба инкишофи кирмак албатта, таъсири манфӣ расонд. Ҳарчанд имсол бориш зиёду ғизои кирмак - барги тут кофӣ буд, бо сабаби он, ки ба сабзавоти барвақтӣ, пиёз, гандум, полезиҳо, зироати хӯроки чорво ва дигарҳо заҳрдору пошида шуд, ин омил ба сифати барги тут асар кард, ки дар маҷмӯъ, ба ҳосили пилла таъсир накарда намемонад.

Назар ба гуфти М.Fаниева соли равон ширкати ватанӣ сармоягузор буда, зина ба зина баланд бардоштани нархи хариди пилла дар назар аст, ки ин албатта ба ҳавасмандгардии кирмакпарварон мусоидат мекунад.

Тавре Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аввали моҳи апрели соли равон ҳини боздид аз заводи тухми кирмаки шаҳри Хуҷанд иброз доштанд, бояд ба соҳаи кирмакпарварӣ рушду такомул бахшида шавад, зеро фаъолияти чандин коргоҳҳои саноатии вилоят маҳз бо ашёи хоми пурбаҳои саноатӣ - пилла марбут аст. Дар ин радиф дар марҳалае, ки мамлакати мо дар раванди гузариш аз кишвари агросаноатӣ ба давлати саноатӣ - аграрӣ қарор дорад, рушду равнақ бахшидани соҳа масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh