Хунукназарӣ ҳосилнокии заминро мекоҳонад!

Дар ҳошияи сафари кории Раиси вилоят

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 23 майи соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Fафуров ташриф оварда, аз рафти корҳои саҳроии хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ҷумла Ҷамъиятҳои саҳҳомии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ва Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳия дидан намуда, аз ҷараёни сусти корҳои кишоварзӣ изҳори нигаронӣ карда буд. Суоле ба миён меояд, ки кор то кадом андоза ҷоннок мегардад? Оё эродҳо ислоҳ мешавандҳ

Алафи бегона ба ҷои пахта?

Баробари дастгириҳои пайвастаи соҳаи пахтакорӣ аз чӣ бошад, ки имсол деҳқонону хоҷагидорон ва иҷоракорон бо баҳонаҷӯӣ, ба кишти он хунукназарона муносибат намудаандҳ

Дар посух ба ин суол хоҷагидорону деҳқонон мушкилотро аз набудани об ва сари вақт обёрӣ нашудани заминҳои пахта арзёбӣ менамоянд.

Дар мувозинати ҶСК ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев 2662 гектар замини обӣ ҳаст, ки ба 1551 гектари он пунбадона кишт шудааст. Ҳангоми боздид аз рафти корҳои саҳроии ин хоҷагӣ аён гардид, ки бинобар набудани оби полезӣ ба мушкилиҳои зиёд дучор гардида, боиси ташналаб мондани заминҳои пахта гаштааст. Бино ба гуфти иҷоракор Абдуллоҷон Раҳимов зиёда аз як моҳ инҷониб муаммои оби полезӣ хоҷагидоронро ба ташвиш овардааст.

- Алҳол чанд рӯзи охир ба ҷӯйборҳо об омадааст. Ин боис гашт, ки беш аз 1 гектар замин ба иҷора гирифта, дар 30 сотихи он пунбадона кишт намудам. Имрӯзҳо бошад коркарди якум ва дуюм гузаронида, корҳои ягонакуниву тоза намудани замин аз алафҳои бегона идома дорад. Дар сурати ба иҷро расонидани ин корҳо баъдан додани озуқаву доруҳои заруриро оғоз мекунем, - мегӯяд номбурда.

Ҳамзамон, дар ҷараёни азназаргузаронии заминҳо аён гардид, ки аксари деҳқонон нисбат ба ҳолати замин басо фориғболона муносибат намуда, баъзе ҷӯйбору каналҳо то ҳол аз партовҳо тоза нашудаву заминҳои пахта зери алафҳои бегона мондаанд.

Бино ба гуфти раиси ҶСК ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев Абдуваҳҳоб Муродов хоҷагӣ имрӯз дар 3 минтақа, аз ҷумла мавзеъҳои ба номи Додоҷон Набиев, минтақаи Унҷӣ ва Замини нав ҷойгир шудааст. Бино ба гуфти ӯ дар минтақаи Унҷӣ муаммои оби полезӣ ҷой надошта, дар ду минтақаи дигар, ки танқисии об ба чашм мерасид, имрӯзҳо ҳалли худро меёбад.

Чунин ҳолат дар заминҳои ҶСК Абдураҳим Ҷумъаев низ ба мушоҳида расид, ки заминҳои пахта зери алаф мондааст. Пас аз ташрифи Раиси вилоят ва ба масъулин додани дастуру супориши қатъӣ хоҷагидорону деҳқонон ба саҳро баромада, заминро аз алафҳои бегона тоза намуда истодаанд.

Айб дар сой аст ё дар ҷой?

Маврид ба зикр аст, ки ҷамъияти мазкур дорои 2725 гектар замини корам буда, тибқи дурнамо дар майдони 1565 гектар пахта кишт намудааст. То 24 майи соли равон наздики 600 гектар замини пахта аз алафҳои бегона тоза ва дар 300 гектар корҳои ягонакунии ниҳоли он ба иҷро расидааст.

Масъулин изҳор доштанд, ки обрасонии минтақаи бригадаи рақами 2-3 тариқи сойи Хоҷабоқирғон сурат мегирифт ва аз лиҳози набудани об кишоварзон ба мушкилӣ дучор гардида, боиси афзудани алафҳои бегона ва ақибмонии нашъунамои он шудааст.

Бино ба гуфти сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Ҳомидҷон Ҳакимбоев имсол кишти пахта барвақт гузаронида шуда, бинобар номусоидии обу ҳаво ниҳолҳои пахтаро хунук зад ва аз ин рӯ такроран кишти онро ба роҳ мондаанд.

Мавсуф изҳор дошт, ки тибқи дурнамо то 24 майи соли равон дар ноҳия дар майдони зиёда аз 8000 гектар кишти пахта гузаронида, дар 2579 гектар корҳои нармкунии ниҳоли пахта ба иҷро расонида шуд. Коркарди байниқаторӣ бошад дар 7892 гектар замин иҷро гардида, дар як рӯз 375 гектарро ташкил медиҳад. Дар масоҳати 153 гектар замин ҳоло нашъунамои ниҳоли пахта ба назар намерасад. Масъулин изҳор доштанд, ки корҳои коркарди агротехникӣ идома дошта, сабаби дер омадани оби сойи Хоҷабоқирғонро асосан аз натиҷаи дер об шудани пиряхҳо шарҳ доданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки он заминҳое, ки дар наздикии минтақаи сойи Хоҷабоқирғон қарор доранд, нашъунамояшон суст аст.

Имрӯз аз оби сой дар маҷмӯъ ба масоҳати 870 гектар хоҷагии Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, 400 гектар хоҷагии Раҳмон Набиев, 930 гектар хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Хистеварз, 17 800 гектар хоҷагиҳои деҳоти Овчиқалъача обёрӣ карда мешаванд. Дар худи мавзеи Хоҷабоқирғон 950 гектар замини пахта кишт шуда, пас аз 9 май таъминоти обрасонӣ аз сой беҳтар шуд.

Агар камбудӣ ислоҳ шавад…

Аз натиҷаи боздид ва гуфтаҳои масъулину хоҷагидорон ба хулоса омадан мумкин аст, ки омили асосии норасоии оби полезӣ ин пеш аз ҳама набудани об дар сойи Хоҷабоқирғон, бомаром фаъолият надоштани пойгоҳҳои обкашӣ ва шиддатнокии пасти қувваи барқ будааст.

Масъулину кишоварзонро мебояд, ки масъулиятро бештар эҳсос ва бо истифода аз рӯзҳои офтобиву шароити мавҷуда фаъолиятро ҷоннок намоянд. Чунки нашъунамои хубу серҳосили заминҳои кишоварзӣ, танҳо дар сурати меҳнати пурмашаққат ва дилсӯзонаи онҳо ба даст меояд. Маълум аст, ки корбарии сарҷамъонаи деҳқонону хоҷагидорон натанҳо бар фоидаи давлат, ҳамчунин барои беҳдошти шароити иқтисодии худи онҳо низ манфиат дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Улуғбек ХУДОЙБЕРИДЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh