Баргузории семинар-машварати вилоятӣ дар мавзӯи “Мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон”

Рӯзи 10 апрели соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар мавзӯи “Мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон” семинар-машварати вилоятӣ баргузор гардид.

Қисмати назариявии семинар-машварати вилоятӣ дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Боғи милии Ваҳдат” баргузор шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири кишоварзии мамлакат Изатулло Сатторӣ ва масъулини соҳаи кишоварзии вилоят иштирок намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ зикр намуд, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, рушди устувори самтҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ аз пешбурди фаъолияти ин соҳа вобастагии калон дорад.

-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои асосии стратегии мамлакат, истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об, амалисозии рушди устувори соҳа ва дар ин замина мусоидат намудан дар таъмини амнияти озуқаворӣ корҳои муайянро ба сомон расонида истодааст, - таъкид намуд Раиси вилоят.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии малах ва ташкили чораҳои муҳофизатӣ бар зидди зараррасону касалиҳои зироати кишоварзӣ ва боғу токзор амри Раиси вилояти Суғд аз 6 апрели соли 2018, №50 «Дар бораи таъсис додани Ситоди вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашаротҳои зараррасон» ба тасвиб расида, дар асоси он дар шаҳру ноҳияҳо низ ситодҳои минтақавӣ ташкил гардидааст.

Раиси вилоят ҳамчунин афзуд, ки соли равон аз буҷети вилоятӣ барои пешгириву нобудсозии ҳашароти зараррасони малах 150 ҳазор сомонӣ ва  барои ташкили мубориза бар зидди касалию ҳашароти зараррасони помидор низ 150 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, Сарраёсати кишоварзии вилоят, Филиалаи Муассисаи давлатии «Экспидитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилоят, Филиали муассисаи Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзии вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи маблағҳои ҷудошуда ва саривақт гузаронидлани корҳои муборизавӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки баргузории семинар - машварати вилоятӣ ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ такони нав хоҳад бахшид ва масъулини соҳа ҷиҳати пешгирии паҳншавии малах бо истифода аз тамоми имкониятҳо чораҳои зарурӣ андешида, баҳри баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҳосилнокии зироатҳо, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва дар ин замина ҷиҳати ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Вазири кишоварзии мамлакат Изатулло Сатторӣ барои ташкили чунин семинар, ки дар самти пешгирии ҳашароти зараррасон ва ҷоннок намудани фаъолияти ситодҳои шаҳриву ноҳиявӣ таъсири мусбӣ мерасонад, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят миннатдорӣ баён намуд. Изатулло Сатторӣ аз имкониятҳои фарохи соҳаи кишоварзӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки кишоварзон бояд заминро самаранок истифода бурда, ҳангоми кишти зироатҳо ба тухмии он аҳмияти хоса зоҳир намоянд.

Дар семинар қайд гардид, ки дар сархати аввали ҳашароти хавфноки зараррасон малах меистад. Бо назардошти ин ва лигар омилҳо дар ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии «Экспидитсияи мубориза бар зидди малах» ташкил карда шуда, намояндагиҳои он дар минтақаҳо фаъолият дорад.

Зимни ҷамъбасти қисмати назариявии семинар-машварат Раиси вилоят дар назди масъулин ҷиҳати пешгирии паҳншавии ҳашароти зараррасон, вусъат бахшидан ба корҳои саҳроӣ, иҷрои нақшаи кишти картошка, пахта ва пилла, ҷудо намудани замин барои барқарор намудани тутзор, самаранок истифода намудани техникаҳои кишоварзӣ дар мавсими кишти баҳорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Қисмати амалии семинар-машварати вилоятӣ дар мавзӯи «Мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон» дар заминҳои мавзеъи шаҳраки Сайҳун сурат гирифт. Дар макони баргузории чорабинӣ техникаву таҷҳизот, номгӯи зиёди заҳрдоруҳо, таҷҳизоти ёрирасон ва дигар лавозимоте, ки дар мубориза бар зидди малах ба таври густарда истифода мешавад, муаррифӣ карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири кишоварзии мамлакат Изатулло Сатторӣ ва гуруҳи калони иштирокчиёни семинар бо имкониятҳои Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Суғд аз наздик шинос шуданд. Дар рафти чорабинӣ мутахассисони филиали муассисаи мазкур тарзи омодасозии заҳрдоруҳо, истифодаи таҷҳизоту техникаи дорупоширо нишон дода, ҷиҳати пешгирии паҳншавии малах ва муайян намудани макони он тавсияиҳои  муфид ироа намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh