Масоҳати гармхонаҳо меафзояд

Дар ноҳияи Мастчоҳ айни ҳол дар 7,4 гектар гармхонаҳои доимоамалкунандаи сохти чинӣ мавҷуд буда, дар маҷмӯъ 71 ададро ташкил медиҳанд.

- Гармхонаҳо дар 11 хоҷагии деҳқонӣ ташкил гардидаанд. Дар он 4,28 гектар помидор, 0,90 гектар бодиринг, 0,14 гектар қаланфури булғорӣ ва 0,03 гектар боимҷон кишт шуда, дар 0,02 гектараш ниҳолҳои лимӯ парвариш меёбанд, - изҳор дошт, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Нарзулло Боймирзоев.

Бунёди гармхонаҳо аз Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Алимаҳмад» ибтидо гирифтааст. Имрӯзҳо масъулини хоҷагии деҳқонӣ барои рушди гармхонаҳо ва васеъ намудани замини кишти онҳо таваҷҷуҳи махсус доранд. Фаъолияти пурсамари гармхонаҳои ин хоҷагии деҳқонӣ то соли 2020 марҳала ба марҳала тавсеа ёфта, давоми соли 2018-ум бунёди онҳо боз дар майдони 2 гектар ба нақша гирифта шудааст.

Н. Боймирзоев илова намуд, ки парвариши маҳсулоти ниёзи мардум дар гармхонаҳои ноҳия сол то сол бештар ба роҳ монда шуда истодаанд. Аз соли 2015 то соли 2018-ум масоҳати гармхонаҳо беш аз 3 гектар афзудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия омода аст ба ҳар соҳибкор, деҳқон ва кишоварзе, ки нияти бунёди гармхона дорад, аз фонди захиравӣ замин ҷудо намояд, - гуфт ӯ.

Бо рушди фаъолияти гамрхонаҳо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ низ афзоиш меёбад. Далели ин гуфта аст, ки соли 2014 дар гармхонаҳо дар ҳаҷми 140 тонна, соли 2015-ум 240 тонна ва соли 2017 ба андозаи 295 тонна сабзавоту дигар маҳсулот истеҳсол гардида, ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва шаҳри Душанбе ба фурӯш бароварда шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ноҳия нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти гармхонаҳо ташкил гардида, мардум онҳоро бо нархи нисбатан арзон харидорӣ мекунанд. Гармхонаҳо барои коҳиши нархи маҳсулот низ мусоидат менамоянд. Торафт зиёд шудани гармхонаҳо мусоидат намуданд, ки аллакай моҳҳои март ва апрел ҳосили фаровон бо нархи дастрас ба мардум пешкаш гардад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh