Шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ дар Ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои саҳроӣ дар Ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳия шинос шуд.

Ҷамоати деҳоти Зарзамин дорои 883 гектар замини корам мебошад ва дар ин заминҳои зархез асосан помидору бодиринг парвариш карда мешавад. Имрӯзҳо деҳқонони ин ҷамоат бо истфода аз боду ҳавои мусоид ба шинонидани кучати помидор машғуланд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин минтақа помидор охирҳои моҳи май пухта мерасад ва дастранҷи кишоварзон саривақт ба бозор бароварда мешавад. Раиси вилоят аз таҷрибаи пешқадами мардуми ин ҷамоат дар самти парвариши помидору бодиринг тафсиф намуда, мужда расонид, ки имсол деҳқонон ройгон бо заҳрдоруҳо таъмин мешаванд.

Дар ин рӯз ҳамзамон Раиси вилоят дар заминҳои  Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ба кишти пахта оғоз бахшида, бо пахтакорони ноҳия суҳбати самимӣ орост.

Маврид ба зикр аст, ки соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони 8000 гектар пахта кишт карда мешавад, ки назар ба соли гузашта 500 гектар зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 
 

Add comment


Security code
Refresh