Оғози кишти пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мастчоҳ

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ, ки рӯзи 5 апрел сурат гирифт, аз як қатор хоҷагиҳои кишоварзӣ боздид намуд.

Раиси вилоят нахуст ба хоҷагии деҳқонии “Ҳақиқат” ташриф оварда, бо ҳамроҳии пирони рӯзгордида ва кишоварзон ба кишти пахта оғоз бахшид ва бо деҳқонон суҳбати гарму самимӣ орост. Аснои суҳбат бо деҳқонон роҳбари вилоят зикр дошт, ки соли равон ҷиҳати бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳои ноҳия ягон мушкилӣ пеш нахоҳад омад. Зеро дар ин сол бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои таъмири пойгоҳҳои обкашии ноҳия 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Илова бар ин, барои иваз намудани қубурҳои обкашии пойгоҳи “Янтоқ” ва насби агрегатҳои нав дар пойгоҳи обкашии “Дилварзин” аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 2 миллиону 530 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин тадбир барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо мусоидат хоҳад кард. Раиси вилоят аз кишоварзон даъват намуд, ки ҷавобан ба ин дастгириҳо бояд ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, бо истеҳсоли навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назарраси худро бигузоранд.

Дар ин рӯз бо иштироки Раиси вилоят дар хоҷагиҳои деҳқонии “Вализода” ва “Сафина” низ ба кишти пахта оғоз бахшида шуд. Хоҷагиҳои мазкур дорои 69 гектар замин аст ва дар 54 гектари он пахта кишт мешавад. Раиси вилоят бо пахтакорони хоҷагиҳои деҳқонӣ суҳбат намуда, ҷиҳати истифодаи тухмиҳои наву серҳосил тавсияҳои муфид дод.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят бо вазъи омодагии пойгоҳи обкашии Дилварзин-1 шинос гардид. Ҳангоми боздид таъкид гардид, ки тавассути ин пойгоҳ беш аз 14 ҳазор гектар заминҳои ноҳия обёрӣ карда мешавад. Раиси вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки фаъолияти мунтазами пойгоҳи обкаширо зери назорат қарор диҳанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh