Кишти картошкаи барвақтӣ таъмин гардид...

Вале дар ин самт кишоварзони ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод ва шаҳри Конибодом ба саҳлангорӣ роҳ доданд

Тибқи дастури Раиси вилоят кишоварзони вилоят то 10 марти соли равон бояд кишти барвақтии картошкаро ба анҷом мерасониданд. Вобаста ба вазъи кунунии ҷараёни кишти зироати мазкур бо сардори шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода ҳамсуҳбат гардидем ва маълум гашт, ки дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ дар майдони 1250 гектар пешбинӣ шуда, то 12 марти соли равон дар майдони умумии 1359 гектар кишт карда шудааст, ки 108,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои мавсуф то 12 март дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 325,4 фоиз, Ашт 104, Бобоҷон Ғафуров 96,8 Ҷаббор Расулов 92,1, Исфара 90 ва Спитамен 82,9 фоиз кишти картошка ба иҷро расонида шудааст. Аммо дар ноҳияҳои Мастчоҳ 50 фоиз, Зафаробод 30 ва Конибодом 28 фоиз кишт гузаронида шудаасту халос. Сабаби асосии иҷро нашудани дурнамои кишти картошкаи барвақтиро мутасаддиён дар норасоии тухмӣ, яъне захираи нокифояи тухмӣ ва шароити номусоиди обу ҳаво шарҳ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ мутобиқи талабот дар ноҳияҳои Мастчоҳ 420, Зафаробод 450 тонна ва Конибодом 600 тонна тухми картошка мебоист захира карда мешуд. Дар асл бошад, дар ноҳияҳои Мастчоҳ ҳамагӣ 250 тонна, Зафаробод 160 ва Конибодом 201 тонна тухмии картошка барои кишт захира гардидаасту халос.

Дар маҷмӯъ, барои таъмини дурнамои кишти барвақтии картошка 1,5 ҳазор тонна тухмӣ намерасад. Вале ин набояд баҳона гардад. Зеро тибқи хулосаи олимону мутахассисони соҳа кишти барвақтии картошкаро бояд аз моҳи феврал оғоз ва то санаи 10-уми март ба итмом расонид. Дар ин сурат ҳосили дилхоҳ рӯёнида мешавад.

Аммо бо ин саҳлангорӣ ҷиҳати дар мӯҳлати оптималӣ кишт нашудани картошка гумон аст, ки ҳосили дилхоҳ рӯёнида шавад.

Иҷрои саривақтии супоришҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, масъулияти бештари мутасаддиёни соҳа ва истифода аз вазъи мусоиди обу ҳаво барои рӯёнидани ҳосили баланд ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии маҳаллӣ зарур мебошад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh