Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”

Нимаи дуюми рӯзи 6 феврал иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд.

Тавре зимни боздид иттилоъ дода шуд, хоҷагидорони Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” азм доранд, ки соли равон боз 3,5 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида, дар афзун шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саҳми бештар гузоранд. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз иқдоми роҳбарият ва хоҷагидорони “Боғи миллии Ваҳдат” истиқбол кард ва бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ба маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз бахшид. Роҳбари вилоят ба масъулин дастур дод, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид маъракаи ниҳолшинонӣ дар муҳлатҳои кутоҳтарин ба анҷом расонида шавад.

Маврид ба зикр аст, ки Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”соли 2008 бо ҳидояту дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта буд. Масоҳати умумии боғи мазкур 631 гектарро ташкил дода, аз он 501 гектарашро майдони боғу токзор ташкил медиҳад. Дар боғи мазкур навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда, аз қабили зардолу, шафтолу, бодом, гелос, ангур, себ, нок ва ғайра парвариш карда мешавад. Ниҳолҳои боғ асосан 8-9 сола буда, аллакай давоми чанд соли охир ҳосили дилхоҳ ба бор меоваранд. Муассиса танҳо соли гузашта ба маблағи зиёда аз 600 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваҳои гуногун истеҳсол намудааст.   Дар боғ 72 нафар бо шуғли доимӣ ҷалб гардида, айни замон аз ҷониби мутахассисон башаклдарории дарахтон, дохил намудани поруҳои маҳаллӣ, яхобмонӣ ҷараён дошта, то имрӯз дар майдони 280 гектар яхобмонӣ ва шӯршӯӣ анҷом дода шудааст.

Ҳангоми боздид роҳбари вилоят ба роҳбарияти муассиса, масъулини вилоятиву маҳаллӣ дастур дод, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ бояд қоидаҳои агротехникӣ риоя гардида, ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода бурда шавад. Ҳамчунин роҳбари вилоят қайд намуд, ки дар оянда коркарди маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолшавнадаи боғ бояд дар ҳаминҷо ба роҳ монда шуда, коргоҳҳо барои хушконидани мева ва коркарду банду басти он бунёд карда шавад. Зеро ин тадбири муҳим боиси ҷалби бештари шаҳрвандон ба шуғли доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии онҳо мегардад.

Ба роҳбарияти “Боғи миллии Ваҳдат” ҳамзамон тавсия дода шуд, ки дар ҳудуди муассиса гармхонаи намунавӣ-таҷрибавиро бунёд намуда, кишту парвариши сабзавоту полезиҳоро ба роҳ монад. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар ҳудуди боғ дар майдони 20 гектар кишту парвариши картошкаи барвақтӣ ба роҳ монда шуда, мутахассисони соҳа ҷиҳати ба даст овардани ҳосили дилхоҳ аз усулҳои муосир истифода баранд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз Чойхонаи “Боғи миллии Ваҳдат” низ боздид намуда, ба масъулин ҷиҳати ободонии муҳити атроф ва таъмири ҷории чойхона дастур дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh