Шиносоии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Нимаи дуюми рӯзи 30 январ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар намуда, бо рафти корҳои саҳроӣ шинос шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нахуст бо ҷараёни  корҳои саҳроӣ дар ҶС “Абдураҳим Ҷумъаев” ошно шуд. Заминҳои ин хоҷагӣ айни замон барои кишти пунбадона ва дигар сабзавот омода карда шуда, деҳқонон барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳ заҳмат мекашанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии пахта, ноҳия 80 тонна тухмии хушсифати чиниро харидорӣ намудааст, ки он барои зиёда аз 3 ҳазор гектар замин басандагӣ мекунад. Тухмии чинӣ ба хушки тобовар буда, ҳосилнокиаш то ба 50 сентнер баробар аст. Роҳбари вилоят ба хоҷагидорон дастур дод, ки бояд ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода бурда шуда, бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баланд бардошта шавад.

Пасон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Қасри фарҳанги ҷамоат шинос гардид. Тавре маълумот дода шуд, фармоишгари иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчӣ ҶДММ “Раёсати сохтмонии барқарор” мебошад. Сохтмони қасри фарҳанг соли 2016 оғоз ёфта, мувофиқи нақша моҳи марти соли ҷорӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Қасри фарҳанг барои 300 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, ҳамчунин дорои зиёда аз 20 утоқи кориву ёрирасон мебошад. Айни замон дар ин иншоот 35 нафар бинокорон ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд.

Ҳангоми шиносоӣ роҳбари вилоят ба маъсулин ҷиҳати истифодаи масолеҳи сохтмонии хушсифат ва омезиши нақшу нигори миллӣ дар корҳои пардозӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид дошт, ки маблағҳои ҷудогардида бояд мақсаднок истифода гардад ва корҳои сохтмонӣ  босифат анҷом дода шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh