Сайҳун: Бунёди боғҳои интенсивӣ - тақозои замон

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми Раиси вилоят дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар муҳлати начандон зиёд ҳазорҳо гектар замини бекорхобида ба шарофати овардани оби Сирдарё ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд. Бо тавсияи олимон дар ин минтақа парвариши сабазавоту маҳсулоти полезӣ ва боғҳои мувофиқ ба талаботи нави технологӣ - интенсивии зардолу ва сиёҳолу, ки талаботи бозори ҷаҳонӣ ба онҳо сол то сол афзоиш меёбад, доман паҳн мекунанд.

- Оид ба бунёди боғҳои интенсивӣ дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар марҳалаи аввал бунёди 1000 гектар боғи интенсивӣ бо усули обёрии қатрагӣ ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз зиёда аз 700 гектари он бунёд гардида, беш аз 660 гектар замин бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шудааст. Аз боғҳои ташкилшуда 40 гектараш нашъунамои хуб дошта, аллакай ҳосили дилхоҳ дода истодаанд, - гуфт Абдуҳамид Ҳошимов, - саркишоварзи Муассисаи давлатии нигоҳдории иншооти сохташавандаи шаҳраки Сайҳун.

- Дар марҳалаи дуюм бошад, боз 4 ҳазор гектар замин ба нақша гирифта шуда, имрӯз, бо хатти об таъминанд. Оби полезиро ба шаҳрак аз Сирдарё бароварда, дар ин раванд фаъолияти пойгоҳҳои обкашии «Сайҳун-1» ва «Сайҳун-2» бомаром идома доранд. Барои ба боғҳо расонидани хатти обгузаронӣ аз пойгоҳи обкашии «Сайҳун - 1» то «Сайҳун - 2» ба масофаи зиёда аз 7 ҳазор метр корҳо ба иҷро расида, минбаъд низ идома хоҳанд ёфт. Аз пойгоҳи обкашии «Сайҳун -2» ба яке аз нуқтаҳои баландтарини ин мавзеъ дар марҳалаи аввал бо лӯлаҳо обро кашида, дар ҳавзи 20 ҳазор мукааб метр захира ва баъдан ба заминҳо тақсим мешаванд.

Талаботи асосии ташкили боғҳо дар ин мавзеъ обёрии қатрагӣ мебошад ва ҳамаи қитъаҳое, ки барои бунёди боғоти интенсивии мева ҷудо мешавад, на кам аз 5 гектарро дарбар мегирад.

Саркишоварзи Муассиса Абдуҳамид Ҳошимов гуфт, ки дар солҳои охир тамоми боғпарварон ба бунёди чунин боғҳои интенсивӣ шуруъ намуданд ва фоидаи зиёдеро низ ба даст оварданд. Бунёди боғҳои интенсивӣ ва гирифтани ҳосили баланд аз он, ки раванди нав дар соҳаи боғпарварӣ ба шумор меравад, барои боз ҳам мукаммалгардонии технологияи парвариши он дар тамоми дунё олимон таҳқиқоти зиёде мегузаронанд. Боғҳои интенсивӣ афзалияти зиёдеро дарбар мегиранд. Бартарии ин усул дар ин аст, ки байни қаторҳои дарахтони қадпаст корҳои агротехникӣ осон буда, имконият медиҳад, ки пурра дарахтон бо заҳрдоруҳо коркард гашта, меваи онҳо ба осонӣ чида, инчунин, шоху навдаҳо буррида, ба шакл дароварда мешаванд.

- Ҳосили чунин боғҳо сифати баланд дошта, меваҳояшон ҳаҷман калон, намуди зоҳириашон бошад, зебо ва дорои моддаҳои зиёди ғизоӣ мебошанд.

Чӣ хеле, ки дар боло зикр намудем, боғҳои интенсивӣ дар шаҳраки Сайҳун бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда аз усулҳои пешрафта ва натиҷадиҳандаи обёрӣ аст. Об ба ниҳолҳо бо воситаи лӯлаҳо ва қатрадиҳандаҳои алоҳида, ки бевосита қисмати решагии ниҳолро бо сарфи камтарин обёрӣ менамояд, расонида мешавад. Татбиқи технологияҳои обёрии қатрагӣ ба сарфакорӣ нисбати дигар усулҳои обёрӣ имкон медиҳад.

Дар мавриди хусусияти хоси обёрии қатрагӣ бошад, роҳбари ширкати «Қатра» Умедҷон Шарифов гуфт:

- Ин усулро дар давлатҳои Исроил, ИМА, Олмон ва Хитой андӯхтам. Имрӯз таҷҳизоте, ки дар шаҳраки Сайҳун карда шуда истодааст, барои деҳқонони тоҷик беҳтарин ба ҳисоб меравад. Агар об лойолуд бошад ҳам, истифода бурдани он мумкин асту мушкилиҳо ба миён намеоянд. Вақте ки қатрадиҳакҳо фарсудаву бо лой пур мешаванд, онро тоза карда, боз истифода бурдан мумкин аст. Хусусияти дигари ин таҷҳизот дар он аст, ки ба ниҳол тавассути он якҷоя бо об нуриҳои минералии лозимаро равон кардан хеле мувофиқ аст. Яке аз бартариҳои системаи обёрии қатравӣ ин сарфа кардани миқдори об ва нерӯи барқ мебошад. Мо то 5 маротиба, яъне 500 фоиз обро сарфа мекунем.

Сомғор яке аз калонтарин мавзеъҳое мебошад, ки иқлими мувофиқ дошта, дар ин ҷо дарахтони мевадиҳанда, хусусан, зардолую шафтолу, олу, бодом парвариш кардан мумкин аст.

Ҳадаф аз обёрӣ кардани заминҳои бекорхобида ин пеш аз ҳама таъсиси ҷойҳои корӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолоти бахши кишоварзӣ, коркарди он, баланд бардоштани имконоти содиротии маҳсулот, бавиҷа меваи тару хушк, маҳсулоти консерваи он ба хориҷи кишвар ва ба ин васила беҳбудӣ бахшидан ба нерумандии иқтисодиёти вилояту ҷумҳурист. 

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh