Эътибор ба картошкапарварӣ

Кишоварзӣ яке аз манбаи асосии пешбурди иқтисодиёти шаҳри Панҷакент буда, дар пешрафти он нақши аввалиндараҷа мебозад. 85 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ дорад ва кишоварзӣ барои қисми зиёди мардум манбаи ягонаи даромад маҳсуб меёбад.

- Дар шаҳру деҳоти Панҷакент дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти картошка зиёд шуда истодааст, - гуфт Ғолиб Гадоев, - сардори Раёсати кишоварзии шаҳр.

Соли 2017 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар заминҳои обӣ кишти сабзавот, аз ҷумла дар майдони 2273 гектар картошка кишта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 173 гектар зиёд аст. Ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 195 - 220 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои қаблӣ хуб аст, - изҳор дошт мавсуф.

Дар мавсими ҳосилғундорӣ аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба миқдори 40130 тонна картошка ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба соли 2016 қариб 1800 тонна зиёд мебошад. Ноил гаштан ба чунин нишондиҳандаҳои назаррасро сардори Раёсати кишоварзии шаҳр асосан дар афзудани майдони кишти картошка ва истифодаи тухмиҳои хушсифат арзёбӣ намуд.

Қамариддин Баҳриддинов - раиси Коперативи тиҷоратии Ёрӣ-3 гуфт, ки айни ҳол беш аз 226 гектар замини кишт мавҷуд асту 137 нафар саҳмдор ба кишоварзӣ машғуланд. Соли 2017 дар майдони 28 гектар картошкаи навъи серҳосил кишт намуда, аз ҳар гектар 200 сентнерӣ ҳосил ба даст овардем.

Солҳои пеш дар ин заминҳо зироатҳои гуногун кишт мешуд ва таҳлилҳои чандсола собит сохт, ки дар ин заминҳо кишти картошка ба мақсад мувофиқ аст.

Мо асосан тухмиҳои серҳосили навъҳои «Гала» ва «Ретскалет»-и Федератсияи Русия, ки ба иқлими шаҳрамон мутобиқ аст, фаровон истифода бурда истодаем. Ин навъи тухмиҳо серҳосил буда, дар сурати риояи қоидаҳои агротехникӣ аз як гектар 250 то 300 сентнерӣ ҳосил гирифтан мумкин аст.

Дар бобати муаммои соҳа ҳарф зада, сарвари кооперативи тиҷоратӣ иброз дошт, ки кишоварзон бештар аз норасоии оби полезӣ дар вақти ҳосилбандӣ танқисӣ мекашанд.

Тибқи иттилои роҳбари Кооперативи тиҷоратии «Хуросон» Шаҳриёр Абдушаҳидов хоҷагӣ дорои 419 гектар замини корам, аз ҷумла 300 гектар замин обӣ буда, 560 саҳмдор дар он фаъолият бурда истодаанд. Деҳқонон асосан бо парвариши ғалладона, лубиёгӣ, офтобпараст ва картошкаю дигар сабзавот машғуланд. Соли 2017 дар 45 гектар кишти картошка гузаронида шуда, ҳосилнокии он аз ҳар як гектар 145 сентнерӣ гардид.

Дар шаҳру деҳоти Панҷакент кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ сол аз сол зиёд шуда истодааст, зеро мардум хуб дарк намуданд, ки кишти ин навъи зироат манфиатовар ва талабот ба он бештар аст.

Шароити мусоид ва талаботи бозорҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ тақозо дорад, ки дар ин минтақа ин намуди зироат бештар кишт гардида, ба ин васила дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат қадами устувор гузошта шавад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»,
Хуҷанд-Панҷакент-Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh