Майдони кишти шолӣ афзун мешавад

Ин аст, ки соли равон 124 гектар замин дубора ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд. Соли 2018 мувофиқи нақша боз азхудкунии 159 гектар замин ба роҳ монда мешавад. Бо ин мақсад бо маблағгузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садди муҳофизатӣ ҷараён дорад.

Сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Панҷакент Қурбонмурод Усмонов изҳор дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо мақсади азхуд намудани заминҳои бекорхобида дар мавзеи Ҷамоати деҳоти Хурмӣ, дар соҳили рости дарёи Зарафшон соли 2016 зиёда аз 1 километр садди муҳофизатӣ сохта шуд. Дар натиҷа 130 гектар дар Ҷамоати Хурмӣ ва 26 гектар дар Ҷамоати деҳоти Амондара замини нави кишти шолӣ ташкил гардид, ки ин барои фароҳам овардани ҷойи корӣ ва ҳам барои беҳдошти зиндагии мардум манфиатбахш аст. Тибқи таҳлилҳо соли аввали ташкил аз ин заминҳо деҳқонон ҳосили хуб ба даст оварданд.

Иқлим ва шароити Панҷакент барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳи навъҳои гуногуни шолӣ мусоид мебошад. Соли гузашта дар соҳили рости дарёи Зарафшон бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат дар масоҳати 1100 метр соҳилбандӣ анҷом дода, аз ин ҳисоб майдони шолӣ дар шаҳр бештар аз 100 гектар зиёд гардид.

Сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент Ғолиб Ғиёсов афзуд, ки соли 2017 нақшаи кишти шолӣ дар майдони 1501 гектар расонида шудааст. Аз рӯи нақша - чорабиниҳо марҳала ба марҳала то соли 2020 майдони кишти шолӣ афзун гардонида, масоҳати он то ба 2000 гектар мерасад. Аз кишти имсолаи шолӣ дар майдони 1501 гектар то имрӯз 10 ҳазору 730 тонна шолӣ ҷамъоварӣ ва ба коргоҳҳои коркард фиристода шудааст.

-Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент амалӣ мегарданд, - гуфт мудири бахш Ашраф Ғафуров.

Мавсуф афзуд, ки бо мақсади амалигардонии Барномаи озуқавории мамлакат, пайдо намудани ҷойи корӣ ва афзудани истеҳсоли шолӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ҷиҳати ба кор андохтани 50 гектар замини нав аз ҳисоби мавзеъҳои бекорхобидаи соҳили дарёи Зарафшон чораҷӯӣ шудааст. Дар ин бобат қарори раиси шаҳри Панҷакент ба тавсиб расида, то ба имрӯз зиёда аз 1000 метр корҳои соҳилбандӣ бо сифати хуб ба сомон расонида, 30 гектар замин барои кишти шолӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сомон сохтмон ва К» тайёр гардида, дар 8 гектар замини нави корам шолӣ парвариш ёфта буд.

Аз ин иқдом ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ сокинони деҳаи Хурмӣ басо хушҳоланд, ки соҳиби замин гаштаанд. Онҳо бо азму иродаи қавӣ заҳмат кашида, дар қисми заминҳои омодашуда кишти шолӣ гузаронидаву аз ин ҳисоб сатҳи зиндагиашонро беҳтар менамоянд.

Соли 2018 шоликорони шаҳр тасмим гирифтаанд, ки дар Ҷамоатҳои деҳоти Амондара, Саразм, Хурмӣ ва қисман дар Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ замини кишти шолиро зиёд намоянд. Айни ҳол дар ин мавзеъҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар тадбирҳои муҳими кишоварзӣ бомаром идома дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
 «Ҳақиқати Суғд»
Хуҷанд-Панҷакент-Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh