Шўҳрати пешина барқарор мешавад?

Чаро кишти пахта дар Конибодом сол аз сол коҳиш меёбад?

Чанд сол пеш Конибодом аз ноҳияҳои калони пахтакор ба ҳисоб рафта, дар миқёси ҷумҳурӣ шўҳратманд буд.

Тавре дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ беҳтар намудани вазъи соҳаи пахтакорӣ мебошад. Зеро пахтакорӣ аз соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, манбаи хуби даромад ва таъминот бо ҷойи корӣ мебошад. Мувофиқи маълумот соли гузашта хоҷагиҳои пахтакор ба ҷои 6000 гектари пешбинишуда дар майдони 5000 гектар кишти пахта гузаронида, 11 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд. Ҳол он ки ҳамагӣ чанд сол пеш Конибодом яке аз мавзеъҳои калони пахтакорӣ ба ҳисоб рафта, деҳқонони асилаш дар тамоми ҷумҳурӣ шўҳрат доштанд.

Оид ба масъалаи он, ки чаро сол аз сол масоҳати кишти пахта коҳиш ёфта истодааст, хабарнигори рўзномаи «Ҳақиқати Суғд» бо муовини сардори раёсати кишоварзии шаҳри Конибодом Усмон Мансуров ҳамсўҳбат шуд.

- Кишоварзони шаҳри Конибодом соли рафтаро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуда бошанд ҳам, аммо оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта ва ба корхонаҳои пахтақабулкунии берун аз шаҳр супурдани он муаммоҳо ҷой доштанд.

Аз 12 номгўи асосии маҳсулоти истеҳсолшавандаи шаҳр 10 намуди он, аз ҷумла пахтаю ангур иҷро нагардид.

Бо вуҷуди он ки иҷрои дурнамои кишти баҳорӣ барзиёд таъмин гардида бошад ҳам, аммо кишти зироати пахта ҳамагӣ дар масоҳати 4808,6 гектар гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо 691 гектар ва нисбат ба соли 2015-ум 216 гектар кам мебошад.

Истеҳсоли он ба 8541 тонна расонида шуда, иҷрои дурнамо ҳамагӣ ба андозаи 82,5 фоиз таъмин гардида, нисбат ба нақша 1809 тонна ва дар қиёс ба давраи муқоисавӣ 1808 тонна кам истеҳсол карда шуда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 17,8 сентнериро ташкил намуд.

- Сабаби асосии таъмин нагардидани дурнамо ин, пеш аз ҳама, қочоқи пахта мебошад. Нархи хариди пахта, ки аз ҷониби корхонаҳои коркарди пахтаи шаҳр паст буд, яъне як кило пахтаро аз се то чор сомонию бист дирам хариданд, ки ин вазъ таъсири бисёр манфӣ расонид. Пахтакорон аз сабаби нархи паст будан, пахтаи худро аз шаҳр бароварда, ба соҳибкорони Ҷумҳурии Қирғизистон бо нархи 6 сомонӣ фурўхтанд, - зикр дошт Усмон Мансуров.

Аз 10 ҳазору 450 тонна ҳосили муайяншуда 8 ҳазору 568 тонна ба коргоҳҳои коркард ворид шуда бошад, боқимонда бе ҳуҷҷатҳои расмӣ бароварда шудааст. Агар садди роҳи қочоқи пахта нагардем, соли оянда сафи қочоқчиён зиёд мешавад.

Бояд нисбат ба ҳалли ин муаммо роҳбарият ва мутахассисони соҳаи марбутаи шаҳр чораҳои зарурӣ андешанд.

 Нодир ТУРСУНЗОДА,
 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh