Ниҳолони Мирсодиқ фараҳмандӣ меоранд

Манзараи зебо ба ҳолати рӯҳии одам таъсири мусбат мерасонад ва зебоии табиату шароити хуби ҳаёт ва фаъолияти мақсаднок асабро мӯътадил мегардонад.

Яке аз саркорони пуртаҷрибаи деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич (Fончӣ) Мирсодиқ Комилов ҳамасола аз ҳисоби худ ҳазорҳо бех ниҳолҳои сояафкану ҳосилдиҳандаро дар мавзеъҳои бекорхобида, теппаю ҷариҳо шинонда, онҳоро парвариш менамояд.  

Имсол ҳам дар фасли баҳор зиёда аз 1000 бех сафедор, бед ва ниҳолони  мевадиҳанда шинонда, бо ҳамроҳии ҳампешагонаш М.Раҳимов, С.Худойбердиев, М. Комилов, М. Ёров, Н.Шарифов, М. ҳусейнов ва И.Аминов барои ободии диёр саҳм мегузоранд.

Инчунин, Мирсодиқ Комилов барои ободу зебо гардондани оромгоҳи деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич саҳми босазо мегузорад. Зиёда аз 10 сол мешавад, ки мавзеи оромгоҳ аз нақши дастони ин марди саховатпеша ранги тоза гирифтааст. Дарахтони арчаву сафеддор, беду настаран, себу зардолу, гулҳои ороишии лола, наргис, бобуна ва садбарг зеби водии хомӯшон буда, кас ҳангоми ворид шудан ба ин манзил худро дар олами афсонавии биҳишт тасаввур хоҳад кард. ҳуҷрае, ки барои зиёраткунандагон дар ин мавзеъ бунёд ёфтааст, тамоми шароитҳоро доро буда, қадамҷои мардум гаштааст.

М.Комилов соҳиби фарзандони дӯстрӯю тарбиятдида мебошад. ҳамаи онҳо соҳибмаълумот буда, мисоли падарашон меҳнатдӯсту ватанпарвар ҳастанд. Оилаи Комиловҳо алҳол ба пешвози миллӣ- солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди боғи навро дар маҳалли зист ба нақша гирифта, тӯҳфаи арзандаи худро ба мардум пешкаш менамоянд.

Раҳматулло ЁРОВ

Add comment


Security code
Refresh